Ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷӯҳ бештар мешавад.

Дар доираи амалӣ намудани стратегия ва барномаҳои соҳаи сайёҳӣ, бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидани фаъолият дар ин самт, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, дар қатори дигар чорабиниҳо, мунтазам вохӯрии Раиси вилоят Ёдгор Файзов бо роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва масъулини соҳа доир мегардад.Ин дафъа дар вохӯрӣ масъалаҳои тавсеа ва таҳкими фаъолияти соҳаи сайёҳӣ, пурра ба роҳ мондани кори муассисаҳо соҳаи хизмарасонӣ ва ғайра, пас аз ба эътидол омадани вазъияти эпидемиологӣ, яъне пешгирии паҳншавии бемории сироятии “COVID-19”, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Раиси вилоят иброз дошт, ки новобаста аз вазъияти дар натиҷаи бемории зикргардида бавуқӯъомада, Ҳукумати Тоҷикистон, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш менамояд, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо, корро дар ин самт мутобиқи талабот ба роҳ монда, ҳарчӣ бештар сайёҳонро ба кишвар ҷалб намуда, сайёҳии дохилиро низ ривоҷу равнақ бахшад. Дар ин замина, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо Ҳукумати мамлакат ва вазорату кумитаҳои дахлдор дар робитаи доимӣ қарор дошта, баҳри мусоидати ҳамаҷониба ба ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба вилоят чораҳои мушаххас меандешад. Ширкатҳои сайёҳӣ ҳамеша аз дастгирии мақомоти маҳаллӣ бархурдоранд. Роҳбари Ассосиатсияи саёҳӣ-экологии фарҳангии “Помир” Асадшо Зоолшоев ва аъзоёни дигари Ассосиатсия ба Ҳукумати кишвар ва мақомоти маҳаллӣ барои ҳамкории судманд изҳори сипос намуда, ҳамзамон вобаста ба равшанӣ андохтан ба масъалаҳои зайл, аз қабили тартиби гирифтани раводид(аз он ҷумла, шакли электронӣ) дар давраи пешгирӣ ва профилактикаи бемории “COVID-19”, аз ташхису муоина гузаштани сайёҳон, аз тариқи Тоҷикистон ба дигар давлатҳои ҳамсоя гузаштани сайёҳон, ба ваксинатсияи зидди ““COVID-19” фаро гирифтани кормандони ширкатҳои сайёҳӣ ва соҳаи хизматрасонӣ, аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод намудани таҷҳизоте, ки ширкатҳои сайёҳӣ ворид месозанд ва дигар паҳлӯҳои мубрами соҳа ба роҳбарияти вилоят муроҷиат намуданд. Дар равшанӣ андохтан ба ин ва дигар масоил сардорони раёсату шӯъбаҳои дахлдор баромад намуда, қайд сохтанд, ки ба ҷуз қатъиян риоя намудани талаботи эпидемиологӣ-санитарӣ, ки дар фурудгоҳу истгоҳ ва посгоҳҳои сарҳадӣ ҳангоми вуруд ба Тоҷикистон амалӣ мешаванд, дар дигар маврид сайёҳон мутобиқи тартиб вориди кишвар мегарданд. Вобаста ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар ҷойҳои маишӣ, бо соҳибони меҳмонхонаву ошхона, сартарошхонаҳо, соҳибони нақлиёт ва ғайра пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, талабот пурзӯр мегардад. Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар шаҳри Хоруғ аз ҷониби филиалҳои бонкҳои амалкунанда низомҳои интиқол ва пардохти байналмилалӣ дар ояндаи наздик ба фаъолият оғоз хоҳанд намуд, ки мушкилоти сайёҳон дар ин ҷода ҳаллу фасл хоҳад шуд. Дар робита ба дастгирии ширкатҳои сайёҳӣ, инчунин, гуфта шуд, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд имконияти дастрас намудани грантҳо вуҷуд дорад ва масъулинро зарур аст, лоиҳаҳои ҷавобгӯ ба талаботро пешниҳод намоянд.Ёдгор Файзов зимни баррасии масъалаҳо бо қаноатмандӣ қайд намуд, ки маҳз бо дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар чандин суханрониҳояшон бобати муҳайё сохтани тамоми шароити буду боши сайёҳон, муносибату муоширати баланди инсонию фарҳангӣ бо онҳо, эҳтиром ва кӯмаки ҳамаҷониба расондан зимни ягон мушкилот иброз доштанд, на танҳо масъулин, балки кулли ҷомеаро водор месозад, ки ба соҳа таваҷҷӯҳи ҷиддӣ диҳанд. Зеро, аз як ҷиҳат агар соҳаи сайёҳӣ манбаъи даромад бошад, аз ҷониби дигар он муаррифгари тамаддуну фарҳанги миллати тоҷик ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, ҳамаи заминаҳои ҳуқуқии рушди сайёҳӣ гузошта шуда, ниҳоди ваколатдор таъсис ёфта, барои ширкатҳои сайёҳӣ ва муассисаҳои хизматрасонию маишӣ имтиёзҳо пешниҳод гардидаанд. Дар соҳаи авиатсия аз ҷониби шикатҳои ватанӣ чархболҳои махсус барои сайёҳон дастрас гардиданд. Бо зикри ин ва дигар дастовардҳои соҳа роҳбарияти вилоят аз масъулин хоҳиш намуд, ки масъулини соҳаро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, корро мутобиқи талаботи замон ба роҳ монда, баҳри ташвиқу тарғиби Ватани биҳиштосо ва муаррифии табиати нотакрори диёр маҳорату малакаи худро нишон диҳанд. Ҳамзамон ба сайёҳии дохилӣ, ки махсусан, дар фасли баҳору тирамоҳ вусъат меёбад, низ диққати бештарро бояд равона намуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо назардошти аҳамияти калони соҳа, дар ҳамдастӣ бо Ассосиатсия ва ширкату муассисаҳои дахлдори соҳа, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сайёҳони хориҷию дохилӣ, бо кӯмаку дастгирии Ҳукумати кишвар чораҳои судмандро амалӣ менамояд.