ИҚДОМИ НЕК

Бо ташаббус ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи тандурустӣ ба дастовардҳои арзанда ноил гардид. Бо таъмин шудани бемористонҳо бо шифокорони соҳибкасб сифати хизматрасонии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон беҳбудӣ ёфта, хизматрасонӣ ба аҳолии вилоят боз ҳам беҳтару хубтар гардид. Бо ҷаҳду талошҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд , Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ ва ризокороне, ки дар давлатҳои ҷаҳон таҳсил ва кору фаъолият доранд ба Маркази тиббии Оғохони шаҳри Хоруғ дастгоҳи истеҳсоли оксиген ба маблағи 107 ҳазор евро аз давлати Фаронса харидорӣ ва дар муҳлати кўтоҳи вақт вориди вилоят шуданд. Дар харидории ин таҷҳизоти замонавӣ саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 30 хазор сомони , Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 50 ҳазор евро, Хадамоти Оғохон 38 000 доллар ва ҳиссаи ризокорони гурўҳи «Помир 16 000 ҳазор евроро ташкил медиҳад Дар маросими супоридани дастгоҳи истеҳсоли оксиген Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов , Директори Бонки аврупоии таҷдид ва рушди хонум Айтен Рустамова ва намояндаи ризококрон Гулру Назирова ширкат намуданд. Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аллакай се дона чунин дастгоҳ барои Беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруг, беморхонаҳои ноҳияҳои Рушон ва Дарвоз дастрас шуданд ва айни ҳол корҳои васлкунии онҳо идома дорад. Дар накша аст, ки то Ҷашни бузурги миллӣ 30 солагии Истиклолияти давлатии Точикистон боз се адад чунин дастгоҳҳо барои беморхонаҳои ноҳияҳои Ванҷ, Ишкошим ва Рошткалъа аз тарафи Вазорат таъмин карда мешаванд.и ещё 7