Баррасии масъалаҳои муҳим дар машварати назди Раиси вилоят

Дар машварати назоратии назди Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов масъалаҳои рафти иҷрои қарорҳои Раиси вилоят “Дар бораи тасдиқи Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025”, “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барои солҳои 2019-2022”, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат қабул гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Оид ба раванди амалигардонии Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025 сардори муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и вилоят Рамазонов Гулаёз гузориш дода, қайд сохт, ки мақсади асосии Барнома ин андешидани маҷмӯи тадбирҳо оиди рушди бомароми комплекси нақлиётӣ ва бунёди шабакаи инфрасохтори нақлиётӣ буда, он ба таъмини талаботи хоҷагии халқ ва беҳбудии сатҳи некӯаҳволии мардум нигаронда шудааст. Дар ин самт соҳаи роҳ ва роҳдорӣ мавқеи муҳим доранд. Маълум гардид, ки айни замон дар ҳудуди вилоят 64 хатсайри мусофиркашонӣ мавҷуд буда, 11 ҷамъият ба фаъолияти мусофиркашонӣ ва ва 1 ҷамъият ба боркашонӣ машғул мебошанд. Дар соли ҷорӣ 187, 7 ҳазор тонна бор кашонида ва ба 2,7 мусофир хизмат расонда шудааст, ки мутаносибан нисбати ҳамин давраи соли гузашта 73,8 ва 16,4 фоиз зиёд мебошад. Бист соҳибкор иҷозатнома барои фаъолият дар соҳаро гирифтаанд.Сохтмон ва таҷдиди роҳу кӯпрукҳо яке аз вазифаҳои афзалиятнок ба шумор рафта, айни ҳол сохтмону таҷдиди роҳу кӯпрукҳо дар мавзеи Шкев-Қалъаихумб ба маблағи 31,3 млн. доллари амрикоӣ идома дошта, дар дигар ноҳияҳо бунёди 18 кӯпрук ба маблағи умумии 20 млн. доллари амрикоӣ оғоз ёфт.Новобаста аз ин ва дигар корҳои анҷомдодашуда вазъи роҳ дар баъзе мавзеъҳо хуб набуда, ба таъмир ниёз дорад. Баланд шудани нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ низ ба таъмири саривақтии ҷории роҳҳо монеа эҷод менамояд.Раиси вилоят вобаста ба танзими нарху навои нақлиёт ва барқарор намудани хизмарасонӣ аз тариқи нақлиёти ҳавоӣ ба масъулин супориш дода, вобаста ба раванди иҷрои сифатноки ҳар як банди Барнома аз сардорони идораву муассисаҳои дахлдор талаб намуд, то тадбирҳои судманд андешида, пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.Сафарқулова Ҳавобегим –мудири бахши ҳуқуқи кӯдаки МИҲД-и вилоят роҷеъ ба ҷараёни иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қайд намуд, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру навоҳии он ва муассисаҳои таълимӣ комиссияҳо таъсис ёфта, фаъолият намуда истодаанд. Аъзоёни комиссияҳо пайваста бо волидайн вохӯрию мулоқот гузаронда, корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, ба муассисаҳои таълимӣ кӯмак мерасонанд. Натиҷаи фаъолияти дастаҷамъона дар ин самт самаранок буда, сатҳи таълиму тарбия беҳбудӣ ёфта, иштироки толибилмони вилоят дар олимпиадаву озмунҳо муваффақона мебошад. Таъсиси комиссияҳои ҷамъиятӣ, бунёди толору майдончаҳои варзишӣ ва муҳайё сохтани шароити мусоид дар муассисаҳои таълимӣ низ ба раванди самарабахши кор мусоидат намуд.Аммо аз ҷониби баъзе волидайн хунукназарӣ ва саҳлангорӣ дар иҷрои бевоситаи масъулияти худ ба мушоҳида мерасад. Ҷаримабандӣ ва рейдҳои гузаронда нишон доданд, ки баъзе наврасон ба шабгардӣ машғул буда, баъзеи дигар телефонҳои мобилиро дар муассисаи таълимӣ истифода бурда, аз зери назорати волидайн то ҷое берун мемонанд.Ёдгор Файзов таваҷҷӯҳи масъулинро бобати иҷрои самараноки Қонуни мазкур ба он ҷалб намуд, ки бо волидайн бояд бештару беҳтар корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотию ташвиқотиро ба роҳ монд, зеро дар ин росто масъулияти волидайн хеле баланд аст. Волидайнро зарур аст, ки ҳангоми таҳияи ҳаёти оилавӣ афзалияти аввалиндараҷа бояд ба таълиму тарбияи кӯдак дода, дар доираи имконият шароити таълиму тарбияи онҳоро муҳайё ва бо мактаб равобити зичро роҳандозӣ намоянд.Зимни баррасии масъалаи амалигардонии нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барои солҳои 2019-2022” мудири шӯъбаи сайёҳии МИҲД-и вилоят Амонбеков Симбод зикр намуд, ки бо сабаби паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва муташанниҷ будани вазъи минтақа вуруди сайёҳон ба вилоят коста гардид. Бо вуҷуди ин, бо мусоидати мақомоти маҳаллӣ айни замон дар ҳудуди вилоят 4 маркази иттилоотӣ ва 44 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, омодаанд ба сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ хизмат расонанд. Дар доираи Стратегияи мазкур, бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳудуди вилоят, инфрасохтори муҳим бунёд гардида, бобати ба минтақаи сайёҳии ба талабот ҷавобгӯ табдил додани Бадахшон лоиҳаҳо амалӣ шуда истодаанд. Бо дастгирии шарикони рушд ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихии вилоят таҷдиду тармим ва инфрасохтори сайёҳӣ, аз қабили ҳамому ташноб, меҳмонхонаю ошхонаҳои сарироҳӣ ва ғайра сохта шуда истодаанд.Яке аз масъалаҳои муҳими ҷалби сайёҳон ин баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар ҳамаи самтҳо мебошад. Барои ин кор ягон монеаи сунъӣ набояд бошад, зеро аз як ҷиҳат соҳаи мазкур агар манфиати иқтисодӣ дошта бошад, аз ҷониби дигар он муаррифкунандаи фарҳангу арзишҳои миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ аст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар ин ҷода, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо, талош намоем, -қайд намуд Раиси вилоят, -то сатҳу сифати корро ба талаботи замон мувофиқ ва ҳарчи бештар сайёҳонро ба вилоят ҷалб созем.Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда, дар асоси таклифу пешниҳодҳо, ба масъулини раёсату идора ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, бобати тавсеаи корҳо ва бартараф намудани норасоиҳо супоришҳои аниқ дода шуданд.2 101Охват (люди)274ВзаимодействияПродвижение недоступно

4040Комментарии: 3Поделились: 6НравитсяКомментироватьПоделиться