Сафари кории Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон

17 июни соли ҷорӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо ҳамроҳии Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар ноҳияи Шуғнон сафари корӣ анҷом доданд. Зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шуғнон Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои нави шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Шуғнон, ки бо маблағузории Вазорат бунёд шуда истодааст, шиносоӣ намуда, ба фармоишгари сохтмон барои бо сифат ва дар мӯҳлати муайяншуда мавриди истифода қарор додани бино супоришҳои мушаххас доданд. Тазаккур бояд дод, ки айни ҳол 95 фисади корҳои сохтмонӣ дар бинои нави шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Шуғнон ба иҷро расонида шуда, он дар арафаи таҷлили ҷашни З0 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад. Ҳамзамон, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода аз фаъолияти Литсейи касбии техникии ноҳия дидан ба амал овард. Зимни шиносоӣ бо фаъолият ва раванди таълим дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Шуғнон Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини муассисаро барои омода намудани мутахассисони соҳаҳои гуногуни хизматрасонӣ даъват намуда, зикр намуданд, ки ҳадафи эълон гардидани солҳои 2019 -2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ин пеш аз ҳама омода намудан ва мутобиқгардонии бозори меҳнати кишвар ба талаботи замони муосир мебошад. Аз ин лиҳоз, барои омода намудани мутахассисони баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат Ширин Амонзода ба роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони муассиса маслиҳатҳои муфид доданд. Ҳамчунин, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бинои нотамоми Литсейи касбии техникӣ дидан ба амал оварда, масъулини Вазоратро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати дарёфти манбаҳои маблағгузорӣ аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ва грантӣ барои аз нав бунёд намудани бинои таълимии Литсей чораҷӯӣ намоянд.


БАҲРИ ҲИФЗИ ХОКИ МУҚАДДАСИ КИШВАР ИСТОДАГАРӢ БОЯД КАРД

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамзамон сардори Минтақаи мудофиаи ҳудудии № 1 мӯҳтарам Ёдгор Файзов зимни ҷаласаи муштарак бо аъзоёни минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, ки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсату кумитаҳо ва идораву муассисаҳо мебошанд, вазъияти минтақа ва ҷаҳонро мавриди баррасӣ қарор дод. Қайд шуд, ки вазъияти ноамн дар кишвари ҳаммарз – Афғонистон моро ҳушдор медиҳад, ки суботи дохилиро таъмин намоем, дар ҳолатҳои эҳтимолии халалдор сохтани марзи давлатӣ баҳри муҳофизати хоки муқаддаси кишвар истодагарӣ намуда, аксуламали ҷавобиро аз худ нишон диҳем. Тибқи маълумотҳои расмӣ айни ҳол вазъият дар вулусволиҳои Бораку Зебок ва Моҳи Майи Ҷумҳурии исломии Афғонистон мураккаб боқӣ монда, гурўҳҳои тундрав аксари минтақаҳои сарҳадиро таҳти тасарруф қарор дода, ба инфрасохтори кишвари ҳамсоя хисороти моливу ҷониро ворид намуданд. Ёдгор Файзов тақвият додани захираи моддиву техникӣ ва инсониро дар шаҳру ноҳияҳои ҳамсарҳади ВМКБ вазифаи муҳими кори аъзоёни минтақаи мудофиаи ҳудудии № 1 ном бурд. Ба далели ин, муайян ва мушаххас намудани ҷойҳои амн, захираи маводи сўзишвориву хўрок ва либосвориву нақлиёти заруриро дар ҳолатҳои эҳтимолии қабули гурезаҳои иҷборӣ аз хоки кишвари ҳаммарз муҳим маънидод намуд. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов оиди ҳамоҳангсозии нақшаи амал бо аҳолӣ ва кўмаку дастгирии сарҳадбонон ибрози назар намуда, қайд дошт, ки ҳамкории сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ бо сарҳадбонон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, ин амалро тақвият бояд дод. Ҳамчунин, роҳбари вилоят бобати ҳарчӣ бештар тавсеа ва таҳким додани фаъолияти минтақаи мудофиаи ҳудудӣ ва гузарондани машқҳои муштараки он ибрози назар намуда, афзуд, ки ҷиҳати оне, ки ВМКБ бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон марзи тўлонӣ дорад, ба ин далел пурзўр намудани фаъолияти минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ ба таври доимӣ ва дар ҳолати омодабош қарор доштани аъзоёни он зарур аст