Табрикоти муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба муносибати 24-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳамдиёрони арҷманд!Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҳамаи шуморо ба муносибати 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрику муборакбод намуда, бароятон саломатӣ ва рӯзгори ободу осударо таманно менамоям!Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистони азизи мо бо мушкилоти сиёсӣ мувоҷеҳ гардида, дар он ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар натиҷа сохторҳои давлатӣ фалаҷ, иқтисоди кишвар касод гардида, ҳазорон ҳамватанони мо ҷони худро аз даст дода, беш аз яку ним миллион шаҳрванд гуреза ва ба хоҷагии халқ зиёда аз даҳ миллиард доллари амрикоӣ хисороти моддию молиявӣ расид. Хушбахтона, ба бахти миллат дар заминаи хиради волои азалӣ фарзонафарзандони ватан бо баргузор намудани Иҷлосияи таърихию тақдирсози 16-уми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ягона рукни давлатдории дорои салоҳияти қонунӣ дар он давра буд, пеши роҳи фаношавии давлат ва парокандагии миллатро гирифтанд. Бо интихоби Роҳбари нави давлат Тоҷикистону тоҷикон дар симои мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҷотдиҳандаи худро ёфтанд. Бо қавли ҷавонмардона ва амали фидокоронаи худ Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон исбот намуданд, ки ин интихоб зарурияти таърихӣ буд ва бешубҳа мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат баҳои баланди мардуми Тоҷикистон ба ҷоннисорию заҳматҳои хастанопазири ин шахсияти бузурги арсаи сиёсати ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад.Роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамвор набуд. Баъди бисту як вохӯриву музокирот, ки қариб чор сол гузаронида шуданд, оқибат даври ниҳоӣ дар Москва доир гардида, 27-уми июни соли 1997 ба санади тақдирсоз ва ҳаётбахши сулҳ имзо гузошта шуд. Арзиши ин санадро Роҳбари давлат чунин баҳогузорӣ намуда, зикр менамоянд: “Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумхурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт”. Зимнан бояд зикр намуд, ки дар таърихи башарият чунин мусолиҳа кам андар кам бо мувофиқаи тарафайн ба вуқӯъ омада, ҳукумати конститутсионӣ ҳокимиятро бо мухолифин тақсим карда бошад. Аммо Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи манфиатҳо манфиати миллат ва суботу амнияти ҷамъиятро боло гузошта, пешниҳоди тарафи дигарро пазируфтанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон мавриди омӯзиши ниҳодҳои бонуфузи байналмилӣ қарор гирифта, ҷанбаҳои он дар амалияи сиёсати ҷаҳонӣ истифода шуда истодаанд.Дар радифи дигар минтақаҳои Тоҷикистони маҳбуб, пас аз Истиқрори сулҳу ваҳдат марҳилаи ҷадиди инкишофи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз ёфт, ҳарчанд дар солҳои пеш ҳам, новобаста аз мушкилоти мавҷуда, Ҳукумати кишвар барои тараққиёти хоҷагии халқи вилоят мусоидат менамуд. Ба таври фишурда метавон қайд намуд, ки барои таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ зиёда аз 18 миллиард сомонӣ равона гардида, зиёда аз 30 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз се миллиард сомонӣ ба анҷом расида, ҳоло татбиқи зиёда аз даҳ лоиҳаи дигар ба маблағи умумии сею ним миллиард сомонӣ идома дорад. Дар чаҳорчӯбаи расидан ба ҳадафи стратегии аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан, роҳи байналмилалии Душанбе-Хоруғ- Кулма ва панҷ пул аз болои дарё Панҷ бунёд гардида, айни замон, сохтмону таҷдиди роҳу кӯпрукҳо дар мавзеи Шкев-Қалъаихумб ба маблағи 31,3 млн. доллари амрикоӣ идома дошта, дар дигар ноҳияҳо бунёди 18 кӯпрук ба маблағи умумии 20 млн. доллари амрикоӣ оғоз ёфт. Асосноккунии таҷдиди шоҳроҳ аз маркази ноҳияи Дарвоз то киллометри 17-уми дохили ноҳияи Рӯшон ба итмом расида, ҷиҳати бунёди он бо мусоидати шарикони рушд зиёда аз 200 миллион доллари амрикоӣ ихтисос дода мешавад. Ҷиҳати таъмин намудани вилоят бо нерӯи барқи шабонарӯзӣ дар ин давра зиёда аз 380 киллометр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 10, 35 ва 110 – киловолта ва 29 зеристгоҳи барқӣ бунёду таҷдид гардиданд. Имрӯзҳо сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” идома дошта, бо мақсади инкишофи соҳаи саноат, дар ҳудуди вилоят теъдоди корхонаву коргоҳҳои коркарди сангу металл, пӯсту пашм, сабзавоту мева ва маҳсулоти ширӣ рӯ ба афзоиш доранд. Бобати таъмини амнияти озуқавории вилоят, заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, гармхона ва корхонаҳои парвариши парранда, ҳавзҳои моҳипарварӣ ташкил ва теъдоди оилаҳои занбӯри асал бамаротиб зиёд мегардад.Инфрасохтори соҳаи иҷтимоӣ таҳкиму таҷдид гардида, наздик ба 200 бинои нав ва иловагии муассисаҳои таҳсилотӣ сохта ба истифода дода шуданд ва донишгоҳу муассисаҳои таълимии давлатию хусусӣ таъсис ёфтанд.Бо бунёди муассисаҳои нави табобатию профилактикӣ таҳкурсии соҳаи тандурустӣ мустаҳкам гардида, сохтмони иншооти самти фарҳанг ва толору варзишгоҳҳо дар самти беҳбудии саломатии мардум ва рушди варзиш равнақи калон бахшид.Бо қаноатмандӣ бояд зикр намуд, ки дар заминаи ин дастовардҳо сатҳи ҳуввияти миллию ҳисси ватандӯстии ҷомеа, махсусан, ҷавонони саодатёри диёр бамаротиб баланд гардида, фарҳанги риояи қонун таҳким ва сатҳи қонунвайронкуӣ рӯ ба коҳиш дорад. Ҳамаи ин ва дигар комёбиҳои беназир маҳз тавассути Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати комили миллӣ ба даст омаданд. Бадахшониён дар радифи дигар ҳамватанони худ таъмини амнияту ҳифзи Истиқлолият, Ваҳдат, марзу бум, таърих, забон, арзишҳои волои миллӣ ва эҳтироми қонунро барояшон муқаддас дониста, бо дарки аҳамияти бузурги ин ду падидаи нодири таърихӣ кӯшиш менамоянд, бо меҳнати ҳалол ва дастгирии сиёсати оқилонаю дурандешонаи Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду инкишофи Ватани азиз ва таҳкими ҳифзу дастовардҳои он саҳми сазовори худро гузоранд.Бо арзи ин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи ҳамватанонро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфта, барои ҳамагон осмони софу беғубор, суботи комил, тани сиҳат ва комёбиҳои навро орзу менамоям!Бигузор Истиқлолияту Ваҳдати мо ҷовидонӣ бошад!Ид муборак, ҳамватанони азиз!

ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОҲАИ БОНКДОРӢ

Бо фармони сардори Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” муввақатан иҷрокунандаи вазифаи мудири филиали минтақавии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Хуҷамриев Ҳувайдо Хуҷамриевич таъин гардиданд.Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов роҳбари навтаъиншударо ба ҳузур пазируфта барои содиқона хизмат намудан ба халқу давлат тавсияҳои судманд доданд. Раиси вилоят ба фаъолияти ин бонк дар вилоят баҳои баланд дода ба собиқ роҳбари ин бонк Зайнаб Мамадназарзода барои хизматҳои шоиста дар соҳаи бонкдорӣ изҳори сипос ва миннатдориро баён намуданд оиди фаъолияти минбаъда бурдбориҳоро таманно намуданд.Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” яке аз бонкҳои фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта солҳои охир ба хотири фаъолияти шафоф бовари зиёди сокинонро ба худ ҷалб намудааст ва ягона бонк дар вилоят аст, ки дар тамоми гушаю канори вилоят нуқтаҳои хизматрасонӣ дорад, ки сокинон аз онҳо самаранок истифода бурда истодаанд

ҲАМКОРӢ БА ХОТИРИ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ КӮДАКОН

Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд мулоқоти муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода бо роҳбарияти намояндагии Юнисеф дар Тоҷикистон доир гардид. Муовини раиси ВМКБ роҳбари намояндагии Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Мутаҳид дар Тоҷикистон Осама Маккави Хогалиро бо ҳайҳати расмӣ ба ВМКБ хушомадед гуфта, минатдории раиси ВМКБ Ёдгор Файзовро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ бо ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ баён кард. Қайд гардид, ки маҳз бо сиёсати созандаги давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВМКБ имрӯз ҳамокрии ташкилотҳои кумакрасон бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Гуфта шуд, ки ҳамкорӣ бо ин ташкилоти мададрасон дар самти рушди маориф, тандурустӣ ва ҷавонон дар ҳудуди вилоят боиси қаноатмандӣ мебошад. Муовини раиси ВМКБ бо ёдоварӣ аз кӯмаки Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Мутаҳид дар давоми чанд соли охир бобати бунёди муассисаҳои табобатӣ дар вилоят барои беҳбудии саломатии модару кӯдак ва сохтмони шуъбаҳои таваллуд дар ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ изҳори қаноатмандӣ намуда, аз дастгирии ин ташкилот дар давраи хуруҷи бемории сироятии коронавируси нави “Ковид-19» ба муассисаҳои тандурустӣ табодули назар намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра ба ВМКБ 5 ҳазор либоси гуногуни муҳофизатӣ барои кормандони соҳаи тиб, 700 ҳазор пӯшинаи ҷаррроҳӣ, 12 ҳазор ниқоби муҳофизатӣ кӯмак карад шуд. Дар мавриди рушди соҳаи маориф бо дастгирии ин ташкилоти ҷаҳонӣ дар ин муддат аз ҷониби филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилоят омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз курсҳои бозомузӣ гузаштаанд, ки ин раванд яке аз омилҳои асосии баланд гардидани сатху сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ВМКБ маънидод шуд.