ИҶЛОСИЯИ ШАШУМИ ДАЪВАТИ ШАШУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВМКБ ДОИР ГАРДИД.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, раиси вилоят Ёдгор Файзов бо баррасии муҳимтарин масъалаҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят ба кори Иҷлосияи шашуми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон оғоз бахшид. Дар кори иҷлосия намояндагони Маҷлиси вакилони халқи вилоят, муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, сардорони идораву муассисаҳо, намояндагони васоити ахбори омма, ки вакил нестанд, ширкат варзиданд. Дар иҷлосия оиди тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят ба ивази вакилони хориҷшуда, аз ҳавзаи интихоботии Қозидењ №54 ноҳияи Ишкошим ва Қизилработ № 64-и ноҳияи Мурғоб мавриди муҳокима қарор гирифта, ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ аз ҳавзаи интихоботии Қозидеҳ рақами 54-и ноҳияи Ишкошим Қозидавлатзода Зайнулараб Қоимдод ва Қизилработ №64-и ноҳияи Мурғоб Исрорзода Исрор Наврузшо, ки 14-уми марти соли 2021 ба ивази вакилони хориҷшуда интихоб шуданд, тасдиқ гардид.
Вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самаранок ва оқилона истифода бурдани заминҳои корами оби» раиси Кумитаи идораи замини вилоят Диловар Насуллобеков маълумоти муфассал манзур намуд. Ба таъкиди ин манбаъ истифодаии оқилона ва самараноки ҳар як ваҷаб замини корам аз дастурот муҳими Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, дар ин замина тибқи таҳлилҳои идораи замини вилоят ба ҳолати имрўза зиёда аз 6 миллион гектар замин дар қаламрави вилоят ба ҳисоб гирифта шудаст, ки аз ин миқдор танҳо беш аз 10 ҳазор гектар замини корами оби буда, 1441 гектар аз хисоби заминҳои ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ба шаҳри Хоруғ вобаст гардиданд. Мувофиқи маълумоти расмӣ дар давоми 30 соли охир дар масоҳати 2 ҳазор 310 гектар замини корам кам гардидааст. Ин миқдори замин асосан зери сохтмон қарор гирифта, санҷиши нимсолаи аввали соли 2021 муайян намуд.
Дар бораи ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва комуникатсия- ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии Дарморахт №26 -и ноҳияи Шуғнон Арифа Давлатмамадова Дар бораи иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва вакили шунида шуд. Қайд гардид, ки комиссияи мазкур дар давоми якуним сол 7 маротиба ҷаласаи комиссия баргузор намуда, дар он оиди дастовардҳои соҳаи энергетика саноат, сохтмон ва комуникатсия-ро мавриди муҳокима қарор дод. Қайд гардид, ки энергетика имрӯз аз ҳадафҳои муҳими страетгии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ширкати барқии “Помир-энерҷӣ” аз нахустин корхонаҳои муваффақи саноатии вилоят ба ҳисоб меравад, ки дар таъмини аҳоли бо неруи барқ саҳми арзишман дорад.
Муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода ҳамзамон раиси комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ «Оид ба номгузорӣ, дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, фурудгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо, инчунин обектҳои физикию чуғрофӣ ва масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ», Дар бораи тасдиқи қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба номгузории муассиаҳо ва тағийр додани номи махаллаҳои аҳолинишин ва номҳои ғайримеъёрии ҷуғрофиро барраси намуд.
Дар кори иҷлосия ҳамчунин раиси вилоят масъалаҳои ҷориро аз қабили омодагиҳои комил ба ҷашни 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатӣ ва риояи қоидаҳои санитарию беҳдошти вобаста ба пешгири аз бемории сироятии Ковид 19 мавриди баррасӣ карор гирифтанд. Баъди баррасӣ ва муҳкомаи рузномаи асосӣ Иҷлосияи шашуми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқрхи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон анҷом ёфт.