Бинои маъмурии Нерӯгоҳи Барқии Обии Себзор ба истифода дода шуд.

Хеле хушоянд аст,ки аз файзу баракати ваҳдат, сулҳу амонӣ, ва истиқлолияти комил ноҳияи Роштқалъа зиёда зеботару ободтар гардида истодааст. Ҳар як сокини ин диёр ифтихор аз он намуда истодааст, ки ба ифтихори таҷлили 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ободкориву созандагӣ, бунёдкориву хуррамгардонӣ бо маром идома ёфта истодааст ва то фарорасии ҷашн ноҳияи Роштқалъа боз ҳам бештар рушд хоҳад кард. Ин ободкориҳо бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омада, симои ноҳия рӯз аз рӯз ва ба куллӣ тағъир ёфта истодааст.Бояд қайд кард, ки дар ноҳияи Роштқалъа баҳри истиқболи ин ҷашни таърихӣ сохтмонҳои зиёд қомат афрохта , ният аст, ки дар рӯзҳои таҷлили 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода мешаванд.Ин аст,ки аз рафти корҳои сохтмони тайи ду рӯзи охир Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Далер Ҷумъа Шофақир, Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов,Раиси ноҳияи Роштқалъа муҳтарам Назаршозода Лоиқ ва дигар намояндагони расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.Инчунин зимни сафари корӣ дар ҷамоати Мирсаид Миршакар намояндаҳо бинои маъмурии Нерӯгоҳи Барқии Обии Себзорро, ки бо тарҳи нави замонавӣ сохта шудааст, ба истифода доданд.