БАШАРДӮСТӢ ОМИЛИ МУҲИМТАРИНИ ҲАЁТИ ИНСОН АСТ.

6-уми июл соли ҷори Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов роҳбарияти комисарияти Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба бехатарӣ, дафтари ҳамоҳангсозии доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва роҳбарияти Хадамоти Оғохон оид ба макони зистро ба ҳузур пазируфт. Рохбарони идораҳои Созмони Милали Муттаҳид мавқеи башардӯстонаву инсонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро махсус қайд намуда бо мамнуят изҳор доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид чандин шартномаҳо ва конвенсияҳои байналмилалиро эътироф ва имзо кардааст, ва имрӯз уҳдадориҳои худро дар назди ҷомеаи ҷаҳон бошарафона иҷро намуда истодааст. Қабули гурезаҳо аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон , бахусус ҳарбиёни силоҳдор дар як шароити мутташаниҷи минтақа, мушкилотҳои сиёсӣ, иқтисодӣ , амниятӣ ва бахусус дар шароити хуруҷи касалии КОВИД 19 худ як мисоли барҷастаи обрӯ ва масъулияти баланди Тоҷикистон дар назди башарият аст. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов аз амалҳои иҷрокардаи мақомоти иҷроияи ҳокииияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, кори сохторҳои қудрати баҳри таъмини будубоши гурезагон ва мушкилотҳо ба намояндагони ташкилотҳои байналмилалии ёрирасон маълумот дод. Қайд карда шуд, ки мақомот бо кулли сохторҳои давлатӣ, шарикони рушд ва аҳоли корбари намуда паноҳбурдагонро бо хурока, рахти хоб, хизматрасонии тибби ва ғайраҳо ба қадри имкон таъмин карда истодааст. Ҳадафи дигари ин мулокот ин ҳамкории минбаъдаи СММ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, минҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ буда, намояндагони ташкилотҳои баналмилалӣ иброз намуданд, ки Тоҷикистон ки имрӯз иқдоми неки башардӯсттнаро рӯи даст гирифтаст дар ин самт танҳо набуда созмонҳои мазкур, сафоратҳо ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар ин рӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати инсондӯст ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Ҷонибҳо дар анҷоми мулоқот оиди масъалаи муайян намудани мавқеи гурезаҳо ва нақшаҳои минбаъдаро муайян ва тасдиқ намуда, бори дигар СММ ва Ташкилотҳои Волоҳазрат Оғохон иброз доштанд, ки ,дар ҳама гуна вазъият аз ташаббусхои неки Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибонӣ хоҳанд кард.