НИШАСТИ МАТБУОТӢ БО РАИСОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ, МУРҒОБ ВА НОҲИЯИ ВАНҶ

Дар нишасти мабуотӣ раисони ноҳияи Ванҷ, Ишкошим ва Мурғоб иштирок намуда, оиди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳияҳо ҳисобот манзур намуданд. Раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода қайд намуд, ки ба хотири 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷиистон дар ноҳия сохта ва ба истифода додани 76 адад иншооти таъиноти гуногуни хоҷагии халқ ба нақша гирифта шуда, 31 адад иншоот ба маблағи зиёда аз 23,8 миллон сомонӣ пурра сохта шуда, корҳои сохтмонӣ дар 35 адади дигар идома доранд. Раиси ноҳия афзуд, ки дар ноҳия ба соҳаҳои кишоварзӣ ва чорводорӣ диққати махсус равона гардида, дар ин росто иқдомоти зиёде баҳри рушди ин соҳаҳо дар ноҳия ҷомаи амал пушидаанд. Бо мақсади гузаронидани мавсими кишту кори баҳорӣ дар хоҷагиҳои ҳудуди ноҳия соли ҷорӣ зиёда аз 91.8 тонна картошкаи навъи Бигроза аз давлати Олмон, 11,8 тонна аз давлатҳои дигар оварда шуданд. Раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббор Қосим оиди фаъолияти иқтисодиёти иҷтимоиёти ноҳия ахборот дода, қайд намуд, ки дар ноҳия бештар ба самти саноат диққати махсус равона гардида, шумораи корхонаҳои саноатӣ зиёд шуда истодаанд. Зикр гардид, ки соҳаи кишоварзӣ самти афзалиятноки ноҳия маҳсуб ёфта, кишоварзони ноҳия дар соли 2021 дар майдони 1493 га кишти зироатҳои кишоварзиро гузаронидаанд. Раиси ноҳия бобати иҷрои якқатор банди нақша чорабиниҳо маълумот манзур намуда, гуфта шуд, ки дар ноҳия 83 иншот мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, сохтмони 11 иншооти иловагӣ идома ёфта истодааст. Муовини аввали раиси ноҳияи Мурғоб Исрор Исроров оиди нақша чорабиниҳои самти мухталифи хоҷагии халқ ҳисобот манзур намуда, қайд гардид, ки дар ноҳия бештар ба соҳаи чорводорӣ диққти махсус равона шуда, дар ҳамаи хоҷагиҳои ноҳия сарфи назар аз шакли моликияташон ҳамагӣ 8 512 сентнер гўшт, 1500 сентнер шир ва 300 сентнер пашм истеҳсол шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020 зиёдтар ба назар мерасад. Оиди неругоҳи барқи обии «Тоҷикисон» маълумот манзур гардида, гуфта шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2021 1970 834 квт соат қувваи барқ истеҳсол карда шуда, 1806 017 квт.саот қувваи барқ ба маблағи 723 743 сомонӣ барои фурўш интиқол дода шуд. Рўзноманигорон ба саволҳои хеш оиди вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияҳои мазкур фаъолияти корхонаи истеҳсоли дар ноҳияҳои ва дигар саволҳо посух гирифтанд. посух гирифтанд.