САРҶАМЪӢ НИШОНИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ АСТ.

Шоми имрӯз дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон зиёда аз садхо нафар сокинони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ҷамъ омада изҳор доштанд, мо огоҳи пайдо намудем, ки пагох дар шаҳри Хоруғ гузашти низоми барпо хоҳад шуд ва мо низ омодаем дар гузашти низомӣ иштирок намоем ва тамоми қувва ва нерӯи худро барои амният, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона созем. Сокинон аз омодагии худ баҳри ҳифзи марзу буми кишвар иброз намуда хоҳиши дар қатори сарбозон саф оростан, баҳри таьмини истиқлолият ва ваҳдати милли ва оромиву осудагии халқи диёр омодабошии хешро иброз доштанд. Агар лозим бошад баҳри ҳар як пораи хоки Ватан ҷон фидо мекунем. Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов аз суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовари намуда қайд кард, ки Тоҷикистон нияти ҷанг ё ғасби хоки ягон давлатро надорад ва сиёсати сулҳҷуена ва ҳамзистии осударо пеш хоҳад бурд, вале Қувваҳои мусаллаҳи он , сокинони ватандуст ва бахусус ҷавонони ғаюр омода ҳастанд, ки барои ин хоки муқаддас ва давлати худ ҷони худро дареғ намедоранд.

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз даргузашти хоҳари мушфиқи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сахт андӯҳгин буда, ба Ҷаноби Олӣ ва аҳли хонаводаву пайвандони наздик тасаллияти самимӣ ва ҳамдардии амиқ баён намуда, аз даргоҳи Худованди Мутаъол барои ҳамагон сабри ҷамил хоҳонем. Ба даргоҳи Парвардигори Зулҷалол дуо мекунем, ки марҳумаро шоистаи раҳмат намояд ва ҷояшонро ҷаннат гардонад. Рӯҳашон шоду манзили охираташон обод бошад.Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун.Ёдгор Файзов