Суханронии муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар назди хизматчиёни ҳарбӣ ва захираҳои сафарбарии Гарнизони Хоруғ, 22 июли соли 2021, шаҳри Хоруғ

Мӯҳтарам генералҳо, афсарон, прапоршикҳо, сержантҳо, сарбозони қаторӣ ва кулли аъзоёни захираҳои сафарбарӣ!Ватани маҳбуби мо- Тоҷикистон соли ҷорӣ 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии худро таҷлил менамояд. Бояд тазаккур дод, ки ин неъмати Худодод ҳарчанд бар асари аз байн рафтани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба миллати мо расида бошад ҳам, аммо ҳифзи он аз рӯзҳои нахустин барои тоҷикистониён хеле гарон афтод. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ қувваҳои муғризи дохилӣ, бо таҳрику пуштибонии хоҷагони хориҷӣ, манфиатҳои шахсию гурӯҳии худро аз манфиатҳои миллию давлатӣ боло гузошта, ҷомеаро ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашонданд. Аз ин вазъият гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ ва ифротӣ истифода бурда, ба қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва одамрабоию кирдорҳои дигари номатлуб даст заданд. Ҳастии давлату ягонагии миллати тоҷик таҳти суол қарор гирифт.Хушбахтона, дар заминаи хиради аҷдодӣ, ки таърихи миллат чандин бор шоҳид гаштааст, фарзонафарзандон парчами номуси миллатро барафрошта, бо баргузор намудани Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби Роҳбарияти олии кишвар бо Сарварии Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ Эмомали Раҳмон садди роҳи адами давлату парокандагии миллати тоҷик гаштанд. Дар радифи ташкил ва эҳёи дигар рукнҳои давлатдорӣ таъсису таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳ ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ яке аз ҳадафҳои ҳукумати конститутсионӣ ба шумор мерафт. Бояд хотирнишон сохт, ки яке аз омилҳои сар задани ҷанги шаҳовандӣ ва беқонуниятӣ маҳз мавҷуд набудани ниҳодҳои қудратӣ дар кишвари соҳибистиқлол буд, зеро Тоҷикистон ҷамчун меросбари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ягон лавозимоти ҳарбиро аз ин давлати абарқудрат ба мерос нагирифт. Инчунин, ёдовар бояд шуд, ки дар он давра андешаҳое низ садо медоданд, ки ба Тоҷикистон қувваҳои мусаллаҳ лозим нестанд, дар сурати зарурат шарикони стратегӣ ба кӯмак хоҳанд омад. Аммо бо ташаббус ва саҳми боризи сиёсатмадори оқилу дурандеш, роҳбари ҷавони давлат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аллакай дар соли 1993 ҷузъу томҳои нахустини Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъсис ёфта, барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар кишвар ва истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ нақши муассир гузоштанд.Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ҳадафи таъсиси ин ниҳоди муҳими давлатиро чунин арзёбӣ намуданд: “Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди онҳо вазифаҳои муқаддасу пуршараф – ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шуданд.”Маврид ба зикр аст, ки яке аз омилҳои субботи имрӯзаи иҷтимоӣ маҳз диловарию садоқати хизматчиёни ҳарбӣ буд, ки ҳазорҳо нафари онҳо бо қиммати ҷон онро барои мо муҳайё сохтанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳеҷ вақт ҷоннисориҳои фарзандони далеру шуҷоъи хешро фаромӯш нахоҳад кард. Мо имрӯз шукрона аз он мекунем, ки Ватани маҳбуби мо тинҷу ором буда, мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои ваҳдати комили миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва суботи иҷтимоӣ ба корҳои созандагию бунёдкорӣ машғул мебошад. Дар сартосари кишвар омодагиҳои ҳаматарафа ба таҷлили бошукӯҳ аз ҷашни муқаддаси миллӣ 30-солагии Итиқлоли давлатӣ дар ҷараён буда, ҳазорҳо иншооти нав бунёд гашта истодаанд. Мардум ба дарки он расидааст, ки маҳз Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ имконият доданд, ки Тоҷикистон дар марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ тавонист ба чунин дастовардҳои беназир ноил гардад.Аз ин рӯ, бо камоли эҳтиром ва ифтихори бузург аз давлату давлатдории тоҷикон ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии 30-юмин солгарди иди бузурги миллӣ- Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод менамоям!Ҳозирини гиромӣ!Дар радифи ифтихормандӣ аз Истиқлолияту ваҳдат ва озодию суботи кишвар ин раванд ҳамчунин масъулияти бузургро бар дӯши ҳар як шаҳрванди баору номус бобати ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ва умуман, марзу буми Ватан, таъриху арзишҳои нодири миллӣ вогузор менамояд. Махсусан, дар марҳилаи ҳозира, ки вазъи сиёсию иқтисодии ҷаҳону минтақа хеле печида гардида, муносибатҳои абарқудратҳо барои тақсимоти нави ҷаҳонӣ шиддат меёбад, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон масъулияту муносибати навро тақозо менамояд. Ба назардошти ин ва дигар ҷанбаҳои амниятӣ Ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои ташаккулу такомули иқтидори мудофиавии давлат ва Қувваҳои Мусаллаҳи он аз тамоми имкониятҳо истифода бурд. Масалан, барои омода намудани ҳайати кадрӣ академияю донишкадаҳо ва литсейю гимназияҳои соҳавӣ кушода гардида, ҷузъу томҳои ҳарбӣ бо ҳазорҳо офисерони ҳирфаӣ таъмин гардиданд. Дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ ҷузъу томҳои гуногун таъсис ёфта, бо таҷҳизоти наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардиданд.Танҳо барои таъмини ҳимояи сарҳади давлатӣ дар радифи раёсату отрядҳо 158 дидбонгоҳи сарҳадӣ ва наздики 190 иншооту биноҳои ёрирасон бунёд карда шуданд. Аз он ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки сарҳади тӯлонӣ, махсусан, бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон дорад, иқтидори Қушунҳои сарҳадӣ бамаротиб таҳким ёфта, кор дар ин самт идома дорад. Барои таъминоти ҳаёти маишии ҳарбиён госпиталу биноҳои дигар сохта шуда, садҳо оилаи хизматчиёни ҳарбӣ бо хонаи истиқоматӣ таъмин гардиданд.Тамрину машқҳои тактикӣ мунтазам баргузор гардида, таҷрибаи ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ба сатҳи зарурӣ расонда мешавад. Илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣ, машқҳои гуногуни муштарак бо шарикони стратегиямон дар ҳудуди Тоҷикистон, аз он ҷумла, дар шароити баландкӯҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардиданд.Дар ин замина бояд зикр намоям, ки робитаи ҷомеа бо Қувваҳои Мусаллаҳ мунтазам таҳкиму тасеа ёфта, дар арафаи ҷашнҳои давлатию миллӣ фаъолони ҷомеа ва аҳли фарҳанг ба дидорбинии хизмачиёни ҳарбӣ рафта, чорабиниҳои зиёди маърифатию фарҳангӣ дар қисмҳои ҳарбӣ доир мегарданд. Вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷомеа, махсусан, дар байни қишри ҷавон, натиҷаҳои самаранокро ба бор оварданд. Бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастани даъватшавандагон ва теъдоди зиёди довталабон ҷиҳати дохилшавӣ ба донишкадаҳои ҳарбию низомӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки сатҳи ҳуввияти миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон дар ҷараёни болоравӣ қарор дорад. Хотирнишон менамоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуданд, ки таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат нисбати ягон давлат нигаронда нашуда, балки танҳо ва танҳо баҳри дифоъ аз марзу буми кишвар ва дастоварду арзишҳои таърихию миллии Тоҷикистон мебошад. Зимнан мехостам барои марзбонони шуҷоъ ва кулли онҳое, ки бобати нишон додани ҳусни ҳамҷаворӣ ва инсондӯстӣ ҳангоми қабули гурезаҳои иҷборӣ аз давлати ҳамсоя, бо ҷойи зисти муваққатӣ ва либосу ғизо таъмин намудан ва баргардондани онҳо ба ҷойи зисти доимӣ, изҳори сипос намоям. Бори дигар таъкид менамоям, ки Тоҷикистон ва махсусан, Роҳбари давлат, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷаҳониён собит намуданд, ки ба аҳди худ дар нисбати риояи муносибатҳои байналмиллӣ содиқ буда, ҳамчунин, дар чунин вазъият дар асоси арзишҳои волои инсонӣ фаъолият менамоянд.Мӯҳтарам генералҳо, афсарон, прапоршикҳо, сержантҳо, сарбозони қаторӣ ва кулли аъзоёни захираҳои сафарбарӣ!Маврид ба зикр аст, ки новобаста аз вазъи баамаломада ва оқибатҳои пешгӯинашавандаи он моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошем. Ҳарчанд таҷҳизот ва аслиҳаи ҳарбӣ имрӯз ба таври бесобиқа рушд карда бошад ҳам, аммо онҳо ҷои иродаи қавӣ, садоқати ватандорӣ ва ҷасорату далерии ҷонфидоёнро, ки бар мабнои меҳанпарастию миллатдӯстӣ қоим мебошанд, гирифта наметавонанд. Достонсарои шаҳири тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ, ки ҳамосаи паҳлавонию ватандӯстдориро сароидааст, ёздаҳ аср пеш фармуда буд: Пароканда лашкар наёяд ба кор, Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.Таърихи миллати тоҷик маҳз тавассути ҷонсупориҳои чунин фарзандони худ борҳо исбот намуд, ки фарзандони сарсупурдаи он ҳамеша омодаанд, ки дар рӯзҳои мудҳиш аз як гиребон сар бароварда, аз меҳану модару зану фарзанд, умуман, аз номусу шарафи хеш ҳимоя намоянд. Дар радифи мардон гурдофаридҳои миллат низ борҳо исбот намудаанд, ки нерӯи иродаи онҳо аз мардон камӣ надорад. Боварии комил дорем, ки дар ин марҳилаи таърихӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва умуман ватандӯстони диловар ҳамагӣ барои дифоъ аз дастовардҳои таърихию фарҳангӣ ва арзишҳои волои инсонию миллӣ ҳамаҷониба омода буда, ҳеҷ гоҳ намемонанд, ки пойи аҷнабӣ ба хоки муқаддаси Ватан расад. Ҳамаи мо имрӯз барои ҳимоя аз комёбиҳои замони Истиқлолият омодаем ва бошад, ки бо бунёду сохтмони иншоот ва инфрасохтори замонавӣ барои ҳаёти сазовор шароити мувофиқ муҳайё созем. Ниёгони мо бо заҳмату кашфиёт ва эҷоди худ тавонистанд тамаддуну фарҳанги нодирро ба вуҷуд оварда, барои ҷаҳониён онро пешкаш намоянд. Дар ҳамин замина насли имрӯза низ кӯшиш намуда истодааст, ки бо истифода аз комёбиҳои илму техникаи созанда кашфиёти навро анҷом дода, дар пешбурди тамаддуни ҳозиразамон саҳми муносиб гузорад. Илова бар ин, дар ин радиф муқобили нерӯҳои хурофотпарасти дорои шуури маҳдуди ифротӣ баромада, асолати воқеии инсониро ҳифз намояд. Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи аз ҳама лиҳоз омода дар ин ҷода хеле муҳим ва муассир аст. Эътиқоду эътимоди мардум ва роҳбарияти олии кишвар ба шумо сарбозони шуҷоъ хеле қавӣ буда, боварии комил дорем, ки бо матонату касбияти баланд шумо имрӯз қодир ҳастед, ки Ватани маҳбубамонро аз ҳама гуна қувваҳои аҷнабӣ дифоъ намоед! Бо ин таманниёти нек бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубракбод намуда, бароятон саломатӣ, рӯзгори обод ва дар амалӣ намудани фаъолияти касбиятон бурдбориҳо орзумандам!