ҶАВОНОН ОЯАНДАИ МИЛЛАТАНД.

Дар остонаи таҷлили ҷашни бошукӯҳи миллӣ 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Назарзода Ризо дар маросими ҷоизасупории ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ғолибони олимпидаҳои ҷумҳуриявӣ ва омузгорони онҳо ширкат варзида ба шогирдони баномусу заҳматкаш ва омузгорони онҳо ҷоизаҳо, медалҳо ва тӯҳфаҳои хотиравиро тақдим намуданд. Ҳамзамон дар чорабини ба 26 нафар хонандагони беҳтарини муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон стипендияи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Бо дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хонандагони муассисаҳои таълимии худуди вилоят имокниятҳои васеъ барои донишандузӣ ва аз худ намудани касбу ҳунар фароҳам оварда шудааст. Ин аст, ки дар намоишгоҳ намудаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, ки бо дастони ҳунарофари насли ҷавон эҷод шудааст ба марази тамошо гузошта шуд. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов аҳли маорифи ВМКБ ба шогирдони баномусу заҳматкаш ва омузгорони онҳо барои ба даст ваордани ғолибият дар олимпиадаи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҳамзамон рушди бемайлони соҳаи маориф арзи сипос намуда қайд намуд ,ки Роҳбарияти олии мамлакат ба омузиш ва соҳибкасб намудани ҷавонон таваҷҷуҳи махсус дода рӯ овардан ба маорифро аз ҳар як шахс тақозо менамояд. Маҳз робитаи мустақими омузгор, волидон ва муассисаи таълимист, ки аҳли маорифи вилоят дар якҷоягии ин се ниҳод ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд. Дохил шудани 6 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии ҳудуди вилоят ба донишгоҳҳои сатҳи байналмиллаи гувоҳи равшани фаъолияти пурсамари омузгорон ва волидони онҳо маънидод гардид. Раиси ВМКБ ин дастоварди аҳли маорифи ВМКБ-ро туҳфаи арзанда барои ҷашни мубораки миллӣ 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон намуд