СОҲАИ БОНКДОРӢ ДАР ВМКБ БЕҲТАР МЕГАРДАД.

Дар нишасти матбуотӣ бо кормандони бонкҳои дар ҳудуди вилоят амалкунанда қайд гардид, ки новобаста аз хуруҷи бемории сироятии Ковид-19 фаъолияти воҳидҳои қарздиҳӣ дар шаш моҳи соли равон назаррас арзёбӣ гардида, нишондодҳои пасандозҳову қарзҳои бонкӣ нисбат ба соли гузашта тамоюли зиёдшави дорад. Зимни ҳисобот муовини мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллӣ дар шаҳри Хоруғ Зафар Бахшиев қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди вилоят 66 адад воҳидҳои сохтории ташкилоти қарзӣ фаъолият намуда, дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзӣ 248,3 миллион сомониро ташкил намуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22.9 фоиз зиёд мебошад. Фаъолият бо фоида бошад нисбат ба соли сипаришуда беш аз 15 фоиз зиёд тасдиқ гардидааст. Гуфта шуд, ки фаъолияти низоми бонкӣ дар вилоят рў ба пешрафт ниҳода дар нимсолаи якуми соли равон новобаста аз паҳншавии бемории коронавирус бақияи қарзҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 зиёд гардид. Иҷрокунандаи вазифаи мудири Филиали 66-уми Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дар ВМКБ Ҳувайдо Хуҷамриев қайд намуд, ки «Амонатбонк» бо пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ва хизматрасониҳои муосир дар нимсолаи якум ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Дар ин давра ба як ҳазору 412 нафар мизоҷ маблағи беш аз 25 миллион сомонӣ қарзҳо пешниҳод гардида аз ин миён беш аз 5 миллион сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ равона гардидааст. Зиёд намудани постерминалҳо ва банкоматҳо, роҳандозӣ намудани амонатмобайл дар телефонҳои мобилии муштариён, қабули смс-паёмак ҳангоми пардохт ва ё гирифтани маблағ ва пешниҳод намудани қарзҳои кўтоҳмуддату дарозмуддат бо фоизи пасти аз 18 то 24 фоиза аз хизматрасониҳои муосир ва осон барои муштариёни ин бонк маҳсуб меёбанд.Дар фарҷом аз ҷониби намояндагони васоити ахбори омма дар бораи хизматрасониҳои нави бонкӣ, имтиёзҳои қарзӣ ва фаъолияти мунтазами онҳо дар давраи пандемияи Ковид-19 саволҳо пешниҳод гардида, масъулин ҷавобҳои мушаххас манзур намуданд.2 612Охват (люди)137Взаимодействия-1,7x нижеПоказатель распространенияПродвижение недоступно

1414Комментарии: 2Поделились: 3НравитсяКомментироватьПоделиться