МУЛОҚОТИ СУДМАНД

Субҳи имрӯз Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов Директори иҷроияи Хадамоти Оғохон оид ба маориф дар Тоҷикистон ва Қирғизистон Зулобӣ Мамадфозиловро ба ҳузур пазируфтанд. Ҷонибҳои оиди ҳамкориҳои судманд миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шабакаҳои Оғохон оид ба маориф суҳбат намуданд ва барои корҳои амали намудани нақшаҳои оянда масъалагузори намуданд. Раиси вилояти зимни суҳбат афзуд, ки маҳз дастгири ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар вилоят ташкилотҳои ғайридавлати низ ба тарбияи насли наврас машғул ҳастанд ва хеле натиҷаҳои хуб дода истодаанд.Зулобӣ Мамадфозилов Директори иҷроияи Хадамоти Оғохон оид ба маориф дар Тоҷикистон ва Қирғизистон низ қайд дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти Оғохон оид ба маориф мо дастовардҳои назаррасе ноил гардидем. Дар соли таҳсили 2021 – 22 дар Литсейи Оғохон дар умум 260 нафар довталаб барои дохил шудан ба синфи тайери хуҷҷат супориданд. Аз 260 нафар дар натиҷаи арзебӣ 142 нафар ба гуруҳҳои забони тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ дохил шудаанд, ки 55% довталабонро ташкил медиҳад. Ба хотири пурра омухтани ҳар се забон роҳбарияти Хадамоти Оғохон оид ба маориф ният дорад дар оянда фанҳои дақиқро дар ҳамаи гуруҳҳо аз ҷумла дар гуруҳи тоҷики ба забони англиси ба роҳ монад. Фанҳои гуманитари бошанд дар ҳамаи гуруҳҳо ба забони тоҷики гузаронида шуда забон ва адабиёти рус дар ҳамаи гуруҳҳо ба забони руси гузаронида хоҳанд шуд. Раиси вилоят изҳори нигарони кард, ки волидони мехоҳанд фарзандонашон дар Литсей таҳсил намоянд, вале аз сабаби камчинии ҷой онҳо бенасиб ва дилшикаста шуда ба руҳияи кӯдак таъсири манфи мемонад. Хуб мешуд, ки Хадамот синфҳои иловагиро дар шаҳр ба иҷора гирифта шумораи синфҳоро зиёд намояд. Мамадфозилов Зулоби таклифро дастгирӣ намуд, вале қайд кард ки дар чунин ҳолат мо ба муаллимони донандаи забони ангилисӣ ниёз хоҳем дошт. Хадамот ният дорад, ки дар ҳар як ҷамоати деҳот як маркази рушди барвактии кӯдакро таъсис диҳад ва роҳбарияти вилоят инро хуш пазируфт ва омодагии хешро баҳри таъмини синфхона ва қонуни кардани ин марказҳо , иброз намуд Раиси вилоят ба фаъолияти Хадамоти Оғохон оид ба маориф дар вилоят баҳои баланд дода барои ҳамокориҳои минбаъдаи дуҷониба комёбиҳоро орзу намуданд.7 654Охват (люди)1 737Взаимодействия+1,8x вышеПоказатель распространенияПродвижение недоступно

172172Комментарии: 15Поделились: 16НравитсяКомментироватьПоделиться