СОКИНОН БОЯД БА САЛОМАТИИ ХЕШ ДИҚҚАТИ ҶИДДӢ ДИҲАНД.

Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов дар пайи баргузории Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии вируси тоҷдор, муътадил нигоҳ доштани вазъи эпидемологӣ ва ба табобат фаро гирифтани сироятёфтагон баромад намуд. Роҳбари вилоят бо мусоидати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 ҳазор вояи ваксини «Модернаи» истеҳсоли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дастраси вилоят гардонда шуда, тасмим аст, ки дар навбати аввал табибону гирифторони бемориҳои ҳамрадиф, шахсони калонсол, инчунин кормандони соҳаи савдо ва дигар хизматрасониҳое, ки бештар бо мардум сару кор доранд, бо ин воя таъмин хоҳан шуд. Ба таъкиди роҳбари вилоят руйхати қишри осебпазири вилоят, ки синашон аз 18 боло мебошад, муайян шудааст, ки барои пурра воякунони намудани аҳоли беш аз 300 ҳазор воя зарур мебошад. Аз ин пеш тавассути Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваксинаи зидди сирояти Ковид-19 таҳти унвони Астрозеника ихтирои пажўишгоҳи Оксфорди Британияи Кабир ва истеҳсоли пажуишгоҳи зардобҳои Хиндустон ҳудуди беш аз 5 хазор воя дастраси вилоят гардида, дар марҳилаи аввал ашхоси аз 60 сола боло ва кормандони соҳаи тиб бо ин ваксина фаро гирифта шуданд. Чиҳати саривакт таъмин намудани муассисаҳои табобатию профилактики бо оксиген ба хусус дар беморхонаҳои маркази вилоят ва ноҳияҳо, сардорони Раёсати тандурсти ва Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ дар вилоят муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати саривакт таъмин намудани оксигенти табии чораҷуи намоянд. Ба ин максад микдори муайяни маблағ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ ихтисос дода шудаст. Вобаста ба таъмин намудани муассисахои тиббӣ барои табобати бемории Ковид 19 махсус гардонидашуда бо оксигени табби чойҳо барои насби коргоҳи тавлиди оксигени табии дар ноҳияҳои Дарвозу Рушон ва беморхонаи вилояти омода гардида, насби ин тачҳизот дар ин наздики аз тарафи мутахассисион дар назар дошта шудааст. Бо ба кор андохта шудани ин коргоҳ мушкилоти таъмини муассисаҳои табобативу профилактики бо оксигени табби аз миён бардошта хоҳад шуд. Пурзур намудани корҳои тарғиботиву ташвиқоти бо мақсади коҳиш додани асари бемории Ковид 19 дар байни аҳоли риояи қоидаҳои беҳдошти дар бозоору хатсайрҳои мусофиркашони, тарабхонаву туйхона, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ, кам намудани теъдоди ахоли дар чорабиниҳои фарҳангиву оммавӣ аз вазифаҳои муҳими пешгири аз ин бемори ҳисобида шуданд.