ИДИ КАСБӢ ТАҶЛИЛ ГАРДИД.

Шўъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 93-юмин солгарди таъсисёбии Хадамоти оташнишониро таҷлил намуд. Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов аз саҳни ҳавлии Шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии вилоят дидан намуда, техника ва таҷҳизоти сухторнишониро мавриди бозбини қарор дода, барои дар ҳолати омодабош қарор гирифтани ҳайати шахсии хизмати дохила бо масъулин мулоқот намуд. Бо садо додани Суруди милли ба чорабинии расмӣ бахшида ба Рўзи касбии кормандони Хадамоти оташнишони ҳусни оғоз бахшида шуд. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов қайд дошт, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойгоҳи модию техникии ин ниҳод тақвият ёфта, кормандони он ба омузишҳои соҳавӣ ҷалб карда мешаванд. Бар зами ин хизматҳои шоистаи кормандони Хадамоти отшнишониро қобили таҳсину офарин хонда, қайд дошт, ки дар лаҳзаҳои душвортарини сар задани ходисаҳои сухтор хизматчиёни Хадамоти оташнишони ҷони худро ба каф гирифта, барои ҳимояи молу ҷони инсонҳо талош менамоянд. Ҳамчунин роҳбари вилоят кормандони Шуъбаи Хадамоти оташнишони ва зерсохторҳои онро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят табрику таҳният гуфта, барои иҷрои рисолати хизматиашон бурбориҳо ва шуҷоатро таманно намуд. Ҳамчунин муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят полковники милитсия Толеъзода Аъзам, муовини аввали раиси шаҳри Хоруғ Ҳабиб Ватаншоев низ таманиётҳоро унвонии кормандони Хадамоти оташнишони қироат намуданд. Дар фарҷом дар фазои тантанавӣ ифтихорномаву сипоснома ва рутбаҳои як зина боло ба кормандони Хадамот ва зерсохторҳои он аз номи Раиси вилоят, раиси шаҳри Хоруғ, Шуъбаи Хадамоти оташнишони ва Сараёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардиданд.


COVID – 19 БА ДАРОМАДИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ЗАРБАИ САХТ ВОРИД НАМУД.

Бо мақсади рушди соҳаи ҷаҳонгарди дар Тоҷикистон бо ташабусси Директори Дипартаменти маориф санъат ва фаъолияти иҷтимоии Фонди ҷамъияти кушодаи “Бунёди мадад” дар Тоҷикистон Назархудо Дастамбуев ҳамоиши илмӣ –назариявӣ бо ҷалби мутахассисиони соҳаҳои таъриху фарҳанг ва бостоншиносӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ширкат варзида, бо назардошти табиати дилкашу тамошобоб ва ҷойҳои зиёди таърихиву қуллаҳои осмонбўс рушди соҳаи чаҳонгардиро асоси пешрафти вилоят маънидод намуд. Раиси вилоят қайд дошт, ки маҳз бо сиёсати пешгирифтаи дарҳои бози Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида, дар ин замина инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ рушду нумуъ ёфта, барои ҷалби ҷаҳонгардон ба ҷойҳои таърихиву тамошобоби кишвар заминаи боэътимод гузошта шуд. Қайд гардид, ки муттаасифона паҳншавии вируси тоҷдор дар якунимсоли охир боис шуд, ки теъдоди сайёҳон ба ВМКБ бамаротиб коҳиш ёфта, ба даромади ширкатҳои сайёҳӣ зарбаи сахт ворид намуд. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар ҷараёни баррасии масъалаи мазкур махсусан таъкид намуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ҳифзи фарҳангу ҳунар ва ёдгориҳои таърихи ниҳоят муҳим мебошад. Мусиқии суннати, рақсу суруд, урфу одатҳои мардумӣ, таҷлили ҷашнҳои миллӣ, хонаи урфии Бадахшонӣ ва дигар меросҳои таърихи метавонанд ба ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон мусоидат дошта бошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади азнавсозӣ ва барқарор намудани харобаҳои қалъа маблағҳои заруриро ихтисос дода, ахиран бо дастгирии Ҳукумати мамлакат тавассути Бонки ҷаҳони маблағи 4,5 миллион доллар барои барқарор намудани қалъаи Ямчун таъсис дода шуда, қарор аст, ки бо ин маблағи ҷудогардида, як қисми ин иншооти таърихи азнавсозӣ хоҳад шуд. Дар ҳамоиш ҳамчунин роҳҳои ҳали рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳи муайян гардида, масъалаҳои вобаста ба рушди мероси фарҳангиву таърихи аз ҷониби мутахассисон ва олимон табодули назар сурат гирифт.и ещё 5