Боздиди Раиси ВМКБ аз иншоотҳои сохташаванда дар маркази ноҳияи Шуғнон

1 августи соли ҷорӣ Раиси ВМКБ мӯҳтарам Ёдгор Файзов бо ҳамроҳии Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Маҳмудзода Насрулло дар ноҳияи Шуғнон сафари корӣ анҷом дода, зимни сафари корӣ сохтмони як қатор иншооти ҷашниро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.Нахуст, Раиси вилоят ҳамроҳ бо Котиби Шӯрои амняити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони мутассадӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар майдончаи минифутбол, бинои маркази савдо ва тарабхона, бинои маъмурии бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маркази ноҳия, бунёди майдони Парчами давлатӣ ва сохтмони майдончаи варзишӣ дидан намуданд.Аснои шиносоӣ Раиси вилоят мӯҳтарам Ёдгор Файзов ба масъулин ҷиҳати дар сатҳи баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дастурҳо доданд.