ҲАМКОРИИ СУДМАНД

Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов сафири Ҷумҳурии Фаронса ҷаноби Мишел Тарранро, ки бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқоти дуҷонибаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва сафири Ҷумҳурии Фаронса Мишел Тарран, рушди ояндаи муносибатҳои дуҷонибаро мавриди барраси қарор доданд. Ҷаноби сафир сокинони вилоятро бо ҷашни 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, орзуи шукуфоии ин минтақаи кўхистониро намуд.

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов нахустин сафари кории сафири Фаронсаро ба ВМКБ хайри мақдам намуда,тазаккур дод, ки ҳамкории Точикистон ва Фаронса чи мустақиман ва чи ҳамчун аъзои Созмони Аврупо хеле пурарзиш буда умед меравад дар оянда он боз ҳам васетар хоҳад гашт. Аз муносибати гарми ин ду давлат сухан ронда ҷаноби сафир аз пазироии самимии ва истиқболи гарми Пешвои Миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон аз тарафи роҳбарони воломақоми Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Париж ва дар сатҳи баланд аз ҷониби Президенти Фаронса Ҷаноби Оли Эманнуэл Макрон истиқбол намудани Пешвои миллат, инчунин ифтититоҳи намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон –кишвари рудҳои тиллои , ки дар осорхонаи миллии санъати шаҳри Париж ва чорабинии фарҳангии ҳунармандони тоҷик дар чорабинии бахшида ба рузи фарҳангии Тоҷикистон дар дафтари кории ЮНЕСКО сухан рони намуда, изҳор дошт, мардуми Фаронса ҳамаи инро хеле хуш пазируфт. Инчунин дар давоми ду сол анҷом додани ду маротиба сафари кории Пешвои миллат ба Фаронса аз муносиботи дўстонаи ду кишвари ба ҳам дуст шаҳодат медиҳад, чунки одатан ин на ба хар Президенти давлати хоричи пешкаш карда мешавад. Ҷонибҳо дар рафти мулоқот дар баробари дигар самтҳои афзалиятноки вилоят тавсеаи ҳарчи бештари рушди соҳаи ҷаҳонгарди, истифодаи самараноки захираҳои оби ва ба ин васила суръат бахшидани сохтмони Неругоҳои Обии Барқи тамаркуз намуданд. Раиси вилоят афзуд, ки Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон манбаҳои бузурги соҳаи сайёҳи дошта, муттаасифона бо хуруҷи бемориии вируси тоҷдор теъдоди ҷаҳонгардон ба ин минтака ба маротиб коҳиш ёфт.

Дар сатҳи Ҳукумати кишвар ҳаллу фасл шудани масъалаи визаи дукарата барои ҷаҳонгардон, оғози сохтмони марҳилаи дувуми роҳи мошингарди Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рўшон, бунёди инфрасохтори зарурии сайёҳи дар деҳаҳои дурдасти вилоят ва ташаббусҳои ширкатҳои сайёҳии дохили ҷихати ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон намунаи бузурги таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи сайёҳи мебошад.Сафири Фаронса ҷиҳати вусъати соҳаи ҷаҳонгарди хостори боз намудани хатсайри ҳавои масири шаҳри Душанбе пойтахти кишвар ва шаҳри Хоруғ шуда, қайд дошт, ки дар суръати ҳаллу фасл шудани масъалаи мазкур шумораи сайёҳон ба вилоят даҳчанд зиёд хоҳад шуд. Сафир омодагии сафоратро баҳри муарифии Тоҷикистон ба ҷаҳониен иброз дошта, қайд намуданд ки ин кор бояд боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад ва Фаронса омода аст дар тарбияи мутахассисони соҳаи сайёҳи кӯмак расонад.

Роҳбари вилоят ва сафири Фаронса дар ҷараёни мулоқот оиди вазъи ҳамсоя кишвари Афғонистон табодули назар намуда, гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба вазъи феълии Афғонистон барои дастраси пайдо намудани мардуми ин кишвар ба ғизо ва дигар кӯмакҳои башардустона ҳамчун минтақаи транзити хизмат намуда, интиқоли молу колои соҳибкорону ташкилотҳои баӣналмилалӣ таввасути марзи Тоҷикистон бе мамоният амали шуда истодааст. Ба иловаи ин интиқоли нерӯи барқу об ба ин кишвар бетаъхир ҷараён дорад. Дар ин зимн гуфта шуд, дар паи ҳамкориҳои судманди ду кишвар бозорҳои назди сарҳади ва пулҳои иртибот бунёд гардида , дар соли 2019 бинобар хуруҷи бемории сироятии каронавирус тиҷорати назди сарҳади муттавақиф гардид. Дар мавриди қабули эҳтимолии паноҳандагон аз ҷониби ҳамсоякишвар таззакур дода, шуд дар фасли сармо ҷобачокунию бо ғизо ва гармию дигар эҳтиёҷоти зарури таъмин намудани ниёзмандон дар марҳилаи омӯзиш қарор дошта, барои таъмини амнияти дохили дар ин самт чораҳои мушаххасро руи кор овардан зарур хаст. Аӣни ҳол теъдоди зиёди шаҳрвандони Афғонистон дар муассисаҳои олии таълимии қаламрави вилоят ва бозори марказии шаҳри Хоруғ машғули таҳсилу кор мебошанд. Дар рафти мулоқот дигар масъалаҳои муҳими вобаста ба ҳамкорои минбаъдаи сафорати Фаронса бо ВМКБ табодули назар суръат гирифт.