Табрикоти муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба ифтихори 27 – умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Возможно, это изображение (1 человек)

Ҳамдиёрони азизу гиромӣ!
Ба қабули ҳуҷҷати асосии ҳуқуқии олии кишварамон – нахустконститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон расо 27 сол пур мешавад. Имрӯз мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мантиқан натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои мушаххаси Асосгузори сулҳу вахдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҳамаи Шумо- ҳамдиёрони азиз ва тамоми мардуми шарафманди Бадахшонро бо фарорасии ҷашни 27 – солагии ин санаи муҳими таърихӣ самимона табрику таҳният гуфта, бароятон фазои тинҷу осуда ва рӯзгори хушу фаровон таманно менамоям.
Конститутсия қонуни асосии ҳар як давлати мустақил аст, ки дар он пояҳои давлатдорӣ, роҳу равиши ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, инчунин вазифаю масъулияти ӯ дар назди ҷомеа, сохтор ва меъёрҳои қонунии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дар маҷмӯъ, тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа дақиқан муайян карда шуданд.
Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷиҳати ҷавобгу ба меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ ва мутобиқат ба дастовардҳо ва арзишҳои ҷомеаи мутамаддин аз тариқи коршиносони ҷомеаи пешрафта ва демократии ҷаҳон ба тарзи сазовор баҳогузорӣ ва қадр карда шудааст. Он воқеъан ҳам ифодагари иродаи содиқонаи мардум ва таҷассумгари воқеии муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои давлатҳои муштаракулманофеъ дуюмин мебошад, ки ба тариқи раъйпурсӣ қабул гардид. Он истиқлолияти кишварамонро пойдор ва сиёсати давлатдории моро ба низом даровард. Аз ин хотир рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 ба таърихи давлатдории навини тоҷикон чун рӯзи муқаддас ва сарнавиштсоз дохил шуд. Аҳамияти тақдирсози ин қутбномаи миллату мамлакат аз он иборат аст, ки он аввалин бор дар тамоми давраи мавҷудияти таърихи чандинҳазорсолаи миллатамон ба таври ҳуқуқӣ ба ҷаҳониён соҳибистиқлолии бадастоварда ва роҳи интихобкардаи халқамонро дар давлатдории муосир эътироф ва эълон намуд.
Дар моддаи аввали Конститутсия орзуву ормони чандинҳазорсолаи халқи тоҷик оиди бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ сабт гардид. Ин мақсаду маром ва ҳадафи таърихии халқамонро Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз рӯзи 8 сентябри соли 1993 дар суханронии худ бо ифтитоҳи ҷашни дуюми солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин арзёбӣ карда буд: «Мақсади мо бунёд кардани ҷамъияти мутараққӣ аст. Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Ормони мо давлатест, ки ҳуқуқи ҳама ашхос, тамоми табақаҳои иҷтимоӣ, қавму миллатҳоро ҳифз менамояд, озодӣ ва амнияти онҳоро таъмин месозад, ҳуқуқу қонунро дар ҷомеа қатъиян ва пайгирона ҷорӣ мекунад, ба фаъолияти озоди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва миллӣ мусоидат мекунад».
Қобили зикр аст, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон боби махсус – боби ҳафтум бахшида шуда, Маҷлиси вакилони халқи вилоят ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дошта, бе розигии он ҳудуди вилоятро тағйир додан мумкин нест. Мутобиқи моддаи 53-и Сарқонун яке аз муовинони раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мебошад.
Яке аз вазифаҳои асосие, ки бояд ба ҳалли он ҳарчӣ зудтар муваффақ гардем, дар зеҳну шуури ҳар як шаҳрванди вилоят, хусусан ҷавонон ба вуҷуд овардани руҳияи эҳтироми хоса нисбат ба Конститутсия ҳамчун Қонуни асосӣ ва ҳуҷҷати муҳимтарини аз тарафи халқ қабулшуда мебошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо ба ҳадафи асосии худ, ки дар Конститутсия дарҷ ёфтааст, яъне барпо намудани давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқубунёд муваффақ хоҳем гашт.
Бо чунин ниятҳои нек ҳамаи Шуморо бо ҷашни 27- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, бароятон саломативу хонаободӣ ва тавфиқу барори кор орзу менамоям.
Саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

МУЛОҚОТИ НАТИҶАБАХШ

Возможно, это изображение (4 человека, люди сидят, люди стоят и в помещении)

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андрес Протман ва директори Барномаҳои ҳамкории Олмон Вулф Ҳендрикро ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо атрофи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафорати Олмон дар Тоҷикистон ва тақвияти ҳамкориҳои минбаъда табодули назар намуданд.
Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми сарфарози вилоятро бо 30-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муваффақиятҳои ба даст овардаи мамлакатро самимона муборакбод гуфта қайд дошт, ки хушбахтона имрӯз имконият даст дод, то аз рафти амалишавии барномаҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Олмон маблағгузорӣ гардидаанд, аз наздик шинос гардем. Қайд гардид,ки ҳамкории Олмон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути қарордоди дуҷониба ба роҳ монда шуда дастгирии Тоҷикистон хусусан ВМКБ аз соли 1993-юм аз ҷониби сафорати Олмон оғоз ёфта дар самтҳои рушди кишоварзӣ, соҳибкорӣ, маорифу тандурустӣ, рушди энергетикаву сайёҳӣ ва ҳамкори байни сарҳад идомаи тоза пайдо намуд.
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов меҳмононро ба Бадахшон хайрамақдам гуфта аз рушди иқтисодиву иҷтимои вилоят ва пешравиҳову мушкилот ва имкониятҳои рушд сухан карда барои тақвияти ҳамкориҳои ду ҷониба мувофиқи имконият даъват намуд.
Ҷонибҳо зимни мулокот аз вазъи Афғонистон ва қатъ гардидани ҳамокриҳои байни сарҳад, хусусан фаъолияти бозорҳои назди сарҳадӣ ва мушкилоти ҷойдошта изҳори нигарони намуданд. Қайд карда шуд, ки Ҳукумати Олмон ҳамеша омода аст ,ки дар ҳамагуна вазъият онҳоро дастгирӣ намояд.













6 702
Охват (люди)
1 164
Взаимодействия
Продвигать публикацию

6868
Комментарии: 1
Поделились: 12

Нравится



Комментировать


Поделиться


ДАСТОВАРДҲОИ БАРНОМА

Возможно, это изображение (4 человека, люди стоят и на открытом воздухе)

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андресс Профман ва директори Барномаҳои ҳамкории Олмон Вулф Ҳендрик пас аз мулоқот аз дастовардҳои барнома аз наздик шинос гардиданд ва барои соҳибкороне, ки фаъолияти соҳибкории худро дар асоси барномаҳои Маркази соҳибкорӣ оғоз намуданд барору комёби таманно намуданд. Зеро дар намоишгоҳ маҳсулоти аз ҷиҳати экологи тозаи Куҳистони Бадахшон гирдоварӣ шудааст, ки ҳоло дар бозори ҷаҳони талабгорони зиёд дорад.
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов зимни баромад бори дигар аз ҳамкориҳои дуҷониба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳукумати Федеративии Олмон ва рушди минбаъдаи он ибрози назар намуд.
Гуфта шуд, ки нақш ва саҳми Ҳукумати Федеративии Олмон дар бунёди як зумра неругоҳҳои барқии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозорҳои назди сарҳади ва купрукҳо хеле бузург мебошад. Дар баробари шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ҳамзамон бо маблағгузории Ҳукумати Федеративии Олмон дигар минтақаҳои кишвар низ аз кумакҳои онҳо бархурдор мебошанд. Раиси вилоят аз соҳибкороне, ки дар асоси барномаи Маркази соҳибкори ба фаъолият шуруъ намуданд, муроҷиат намуд, ки аз имокниятҳои имруза самаранок истифода намоянд, зеро ин корҳо ояндаи дурахшон доранд ва Шумо дар ояндаи наздик таъминкунандагони асосии ҷои корӣ ва бозори маркази бо маводи озуқавори хоҳед буд.
Сафири Ҷумҳурии Федератиии Олмон ва директори барномаҳои ҳамкории Олмон низ дар навбати худ аз ҳамкории дуҷониба ибрози назар намуда арз доштанд ,ки ин ҳамкориҳо даҳсолаҳои оянда низ идома хоҳанд ёфт. Қайд гардид, ки барномаҳое, ки алакай маблағгузори шудаанд, натиҷаи хуб дода минбаъд низ чандин барномаҳои нав дастгири хоҳанд шуд.
Роҳбари вилоят бо ҳайҳати меҳмонон аз шарту шароити утоқҳои омузишии Маркази навтаъсиси соҳибкорӣ дидан намуда барои тайёр намудани мутахассисони оянда ба кормандон барору комёби таманно намуданд.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОМӮЗГОРОН ДАР ВМКБ

Возможно, это изображение (4 человека и люди стоят)

Бахшида ба Рӯзи омӯзгорон дар толори театри мусиқӣ мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов иштирок ва суханронӣ намуд.
Раиси вилоят Ёдгор Файзов омӯзгоронро бо иди касбиашон самимона табрик намуда, таъкид дошт, ки боиси хушнудӣ аст, ки имсол ҷашнгирии Рӯзи муаллимон ба санаи муҳими таърихӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад.
Ёдгор Файзов, раиси вилоят аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ёдовар шуда, аз ҷумла таъкид намуд, ки омӯзгорони вилоят новобаста ба вазнинии мушкилоти рӯзгор нагузоштанд, ки дари мактабҳо баста гардад. Онҳо бо заҳмати зиёд на фақат раванди таълиму тарбияро дар он лаҳзаҳои душвор таъмин намуданд, балки корашонро идома дода, шогирдонеро тарбият доданд, ки тӯли си соли истиқлолияти давлатӣ барои халқу миллат хизматҳои шоён намуданд.
Оғози ташаккули ҳаёту фаъолияти ҳар инсон аз тарбияи омӯзгор шуруъ шуда, мавқеи ӯ дар таърихӣ тамаддуни башарӣ ҳамчун муҳандиси рӯҳи инсон, чароғи раҳнамо ва парчамбардори илму маърифат дар пояи баланд арҷгузорӣ шудааст.
Роҳбари давлат пешаи омӯзгориро муқаддастарин касби рӯи олам медонад ва дар рушди давлатдорӣ ва шукуфоии имрӯзу фардои кишвар мақому мартабаи омӯзгорро хеле муҳим арзёбӣ менамояд.
Таъкид шуд, ки Сарвари давлат зимни сафарҳояшон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят, пеш аз ҳама аз мактабу муассисаҳои таълимӣ дидан мекунад, бо омӯзгорон суҳбату мулоқот доир менамояд, барои бартарафсозии нуқсу камбудиҳо, рушди минбаъдаи соҳа супориш медиҳад.
Хушбахтона, Тоҷикистон имрӯз дар дунё аз нуқтаи назари дастрасӣ ба мактаб яке аз ҷойҳои намоёнро касб мекунад ва ҳатто ба давлатҳои абарқудрати дунё, ки солҳо арзи ҳастӣ доранду дорои иқтисоди қавӣ мебошанд, муяссар намешавад, ки 98 фоизи кӯдаконро ба мактаб фаро гиранд.
Пешвои миллат дар таълиму тарбия дастрасӣ доштани омзӯгорон ба ҳамаи манбаъҳо, аз ҷумла интернет, китоб, китобхона, маҷалла, курсҳои омӯзишӣ вобаста ба баланд бардоштани маҳорати касбӣ, беҳтар намудани инфрасохтори маориф, бахусус сохтмони кӯдакистонҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ, нақши муаллим дар баланд бардоштани маърифати мардум ва таълиму тарбия муҳим арзёбӣ намуданд.
Зикр гардид, ки дар таълиму тарбияи фарзандон нафақат омӯзгорон аст, балки волидайну аҳли ҷомеа низ саҳмгузор бошанд. Мо, бояд фарзандонамонро ҳама вақт ба донишомӯзӣ, ватанпарварию ватандӯстӣ ҳидоят намоем.
Дар чорабинӣ инчунин сардори Раёсати маорифи вилоят Одинашо Мардов ва ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Юсуфзода Гулзорхон суханронӣ намуданд.
Иддае аз омӯзгорон ва маорифчиёни вилоят бо ифтихорномаи Раиси вилоят ва нишони сарисинагии “Аълочии маориф”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Баромади аҳли фарҳанги вилоят анҷомбахши ин чорабинӣ гардид.

ГУЗОРИШИ МОНИТОРИНГИ БАРНОМАИ “УСТУВОРГАРДОНИИ ШАҲРИ ХОРУҒ” Октябр 2021

Возможно, это изображение (5 человек, люди стоят, дерево и на открытом воздухе)

Ҳайати Кумитаи Идоракунии Барномаи “Устуворгардонии шаҳри Хоруғ” аз ҷумла, Нурали Риозода – муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳусния Одинамамадова – Муовини сардори Раёсати шаҳрсозӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиксистон ва Ҷамила Байдуллоева – Муовини сардори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мониторинги лоиҳаҳои Азнавсозии Маркази ҷавононро дар шаҳри Хоруғ ва барқароркунии чор чоҳҳои амудии обкашро дар шаҳри Хоруғ гузарониданд.
Намояндагон дар Маркази Ҷавонон сараввал бо роҳбарон ва намояндагони ҷавонони ВМКБ ва шаҳри Хоруғ вохури доир намуда, аз шароити нави марказ ва хизматрасонии он бо бошандагони вилоят сӯҳбат намуданд. Дар баробари ин, намояндагон бо истифодабарандагони хизматрасонии марказ бахусус, ҷавононе, ки бо рушди ҳунарҳои мардумӣ, рушди илмҳои компютерӣ ва технология, дастгирии мактаббачагони болаёқат дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ, истифодабарии хизматрасонии шабакаҳои интернетӣ ва таъминӣ ҷавонон аз ҷойи кор ва дигар ҷавонон бо тренингҳо ва омӯзишҳо сарукор дошта, вохури намуда, қаноатмандии онҳоро нисбати бо сифати баланд азнавсозӣ намудани марказ ва шароиҳои хуби фароҳам овардашуда дар марказ мушоҳида намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки бинобар сабаби бо сифати баланд анҷом доданӣ корҳои сохтмонӣ, дизайн ва шароити хуби кории марказ муассисаҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва хусусӣ соҳиби утоқҳои корӣ ба тариқи иҷоравӣ шуда, муроҷиатномаҳо ба суроғаи маъмурияти маркази ҷавонон то ҳол ирсол шуда истодаанд.
Айни ҳол маркази ҷавонони шаҳри Хоруғ дорои чор шоёна буда, ошёнаи якум дорои ҳашт утоқ, ошёнаи дуюм сенздаҳ утоқ, ошёнаи сеюм ҳашт утоқ ва ошёнаи чорум, ки аз нав сохта шудааст, дорои шаш утоқ ва як китобхона буда, ҷамъ 1,200 м2-ро ташкил медиҳад. Дар марказ тақрибан зёда аз 500 ҷойи корӣ ва шароити васеъ барои гузарондани ҳамаи намуди чорабиниҳо муҳайё гардидааст.
Лоиҳаи азнавсозии маркази ҷавонон бо дастгирии Дафтари ҳамкории Швейтсария, Ҳукумати Тоҷикистон ва Агентии Фонди Огохон оид ба макони зист амали карда шуд. Барои расман қабул намудани марказ ва оғоз кардани фаъолияташон, Нурали Риозода – муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти ҶТ, ба кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хоруғ ва Агентии Оғохон оид ба макони зист барои расми кардани ҳуҷҷатҳои марказ ва таъсиси комиссияи техникӣ барои ба тавозуни мақомоти шаҳр супоридани марказ маслиҳатҳои муфид доданд. Илова ба ин барои дар оянда самаранок истифода бурдани хизматрасониҳо дар марказ ба намояндагони мақомот пешниҳодҳои муфид доданд.
Мониторинги навбатӣ аз Барномаи барқароркунии чор чоҳҳои амудии обкашӣ дар шаҳри Хоруғ оғоз гардид.
Намояндагон бо кормандони Корхонаи таъминоти об ва канализатсияи шаҳри Хоруғ дар назди чоҳҳои амудӣ вохури намуда, аз ҳолати ногуоври онҳо пеш аз татбиқи лоиҳа маълумоти муфассал гирифтанд. Қайд карда шуд, ки пеш аз барқароркунии чоҳҳои амудӣ, корхона барои таъмини қисми зиёди аҳолии шаҳри Хоруғ бо об мушкилоти ҷиддӣ доштанд ва дар як руз аҳолӣ бо об танҳо 3 соат саҳарӣ ва 3 соат бегоҳӣ таъмин буду халос. Айни ҳол бошад бо барқароркунии 4 чоҳи амудии пуриқтидори обкашӣ, қисми зиёди аҳолии шаҳр дар як руз зиёда аз 12 соат аз оби ошомиданӣ таъмин карда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки мақомоти маҳаллии шаҳри Хоруғ дар ҳамкорӣ бо Агентии Оғохон оид ба макони зист барои азнавсозӣ ва таъмирӣ се чоҳи амудӣ дар дигар мазеъҳои шаҳри Хоруғро мавриди гуфтушунид қарор доданд. Ҷамъ дар шаҳри Ҳоруғ ҳафт насоси обкашӣ амудӣ дар соли 2021-2022 ба нақша гирифта шудааст.
Айни ҳол ҳисоботи молиявии лоиҳаҳо мавриди омӯзиш ва омодакунии ҳуҷҷатҳо қарор дошта, бо гузориши мушаххаси фаъолиятҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, шаҳри Хоруғ ва Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

ТОЗАГӢ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ


Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ҷиҳати шиносои бештар пайдо намудан аз рафти корҳои сохтмонӣ дар партовгоҳи маишӣ воқеъ дар маҳаллаи Ниводаки шаҳри Хоруғ, ки дар асоси лоиҳаи “Мусоидат ба сулҳу субот тавассути сохтмони инфрасохтор дар шаҳри Хоруғ” ба нақша гирифта шудааст, дидан карданд.
Лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Хоруғ соли 2015 таҳия гардида соли 2018 бо ташаббуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи Воҳиди давлатии хоҷагии манзилию комуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ин лоиҳа мавриди амал қарор дода шуд.
Партовгоҳ дар ҳудуди 2 гектар замин бунёд гардида аз партовгоҳи маишӣ, бинои маъмурӣ, қабулгоҳ ва нуқтаи шустушўи нақлиёт иборат мебошад. Корҳои сохтмониро дар ин пружа аз ҷониби Ширкати озарбойҷонии «Ҳайат- гурўҳ» дар ҳамдастӣ бо ҶДММ «Бунёд» ва ширкати Назрӣ ҷараён гирифта дар корҳои сохтмонӣ беш аз 90 фоизи кормандонро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Лоиҳаи идоракунии партовгоҳи сахти маишӣ дар шаҳри Хоруғ аз ҷониби Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд 2 млн 400 ҳазор доллари ИМА ҷудо гардида, 70 фисади маблағҳо аллакай аз худ карда шуданд.
Масъулин ният доранд то фарорасии фасли зимистон корҳои бунёдиро ба итмом расонда иншоотро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

ОИНИ ҶАВОНМАРДӢ номаи сипос ба Ёдгор Файзов, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Возможно, это изображение (1 человек, стоит, на открытом воздухе и памятник)

Номаи сипос ба Ёдгор Файзов, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Аз ин пеш ба Бадахшон сафар ҳам доштам. Аз Чашмаи Носир об ҳам нӯшида будам ва аз меҳру муҳаббат, меҳмоннавозию хештаншиносии мардуми шарафманди Бадахшон баҳравар гардида будам.
Аммо, ин сафар ба Бадахшон бароям дунёи нав кушод, дунёи меҳру муҳаббат, садоқати ватандорию ватанхоҳии мардуми Бадахшонро. Соате дар хонаи падарии Шириншоҳ Шоҳтемур будам, як коса оби ширинтари Чашмаи Носирро нӯшидам. Садои Шириншоҳ Шоҳтемур аз қуллаҳои Помир ба гӯшам мерасид. Садои як ҷавонмарди ҷавонмарги ватанхоҳу ватанпараст.
Дар театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назаров баъди тамошои филми мустанади «Шириншоҳ Шоҳтемур» ашк рехтам. Суханони пурҳарорати раиси вилоят, муҳтарам Ёдгор Файзов дар бораи Шириншоҳ Шоҳтемур ман ва ҳамроҳонамро ба умқи хештаншиносию худшиносии миллӣ бурд.
Ин ҳақиқат аст, ки Шириншоҳ Шоҳтемурро мо тавассути Пешвои маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинохтем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ҷашни 110- солагии Шириншоҳ Шоҳтемур 20 октябри соли 2009 изҳор намуданд, ки «Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи сиёсатмадорон ва ходимони барҷастаи давлатие буд, ки дар ибтидои асри 20 рисолати таърихии хешро дар назди миллат ва тақдири ояндаи он иҷро намуда, тамоми қувваю дониш ва неруи маънавиашро барои поягузорӣ ва бунёди давлати миллии тоҷикон равона сохтааст. Ӯ аз рӯзгори пуртаззоду пурихтилоф сабақ андӯхта, ҳамчун шахси матиниродаву донишманд, инсони оқилу дурандеш ва сиёсатмадори барҷаставу ташкилотчии моҳир ба камол расидааст».
Ин ҳақиқат аст, ки муҳтарам Ёдгор Файзов 5 октябри соли 2021 бо ифтихор гуфт: «Ин давлати муқтадири тоҷикон дар натиҷаи зулму истибдоди аҷнабиён ба парокандагӣ дучор шуд. Аммо дар ҳар давру замон иродаву тасмими дурусти шахсиятҳои ватандӯсту аз сиёсати замон огоҳ миллатро аз парокандагиву парешонҳолӣ наҷот медоданд, ки яке аз чунин чеҳраҳои сиёсӣ Шириншо Шоҳтемур ба шумор меравад. Бо чунин вазъияти печидаву мураккаб ҳатто дар охири асри 20 низ халқи тоҷик рӯ ба рӯ гардид, аммо ин бор фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонфидиҳои беши хеш нагузошт, ки ватану миллат аз ҳам пош бихӯранд»
Сипос ба муҳтарам Ёдгор Фаёзов, ки Озмуни Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон– рӯзномаи «Ҷумҳурият»-ро дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур дар сатҳи хеле баланд, дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ дар Бадахшон ҷамъбаст намуданд.
Зиҳӣ мардуми сарбаланд ва шарафманди Бадахшон!
Рӯҳат шод ва хонаи охиратат обод фарзонафарзанди миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур!
Сипос ба Ёдгор Файзов, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои меҳмондӯстию оини ҷавонмардиаш.
Раҳимзода Қурбонали сардори Раёсати кор бо кадрҳо, ташкили ва коргузории Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВМКБ БА НОҲИЯИ РӮШОН

Возможно, это изображение (стоит, дерево и гора)

Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо сафари кори ба ноҳияи Рушони ҷамоати Бартанги деҳаи Равмед сафар намуда бо зисту зиндагони мардуми ин деҳа аз наздик шинос гардид. Деҳаи Равмед дорои 65 хоҷагӣ ва 18 гектар замини корам буда дар баландии 2930 м қарор дорад.
Зимни шиносоӣ аз вазъияти зимистонгузарони дар ҷамоати дурдасти Бартанги деҳаи Равмеди ноҳияи Рушон Раиси вилоят дар ифтитоҳи муассисаи таълимии рақами 21 деҳаи Равмед ширкат варзид. Мактаби деҳаи мазкур соли гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи яке аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ Музаффари Имомдод чун як мактаб, ки ба талабот ҷавбгу набуд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ инъикос намуданд. Бо ташаббуси худи ин шахсият маъракаи пайдо намудани маблағ барои азнавсозии ин мактаб роҳандозӣ карда шуд ва хушбахтона соҳибкори ватанӣ аз ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон Шаҳбози Шоҳалишо, абераи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур онро бо маблағи зиёда аз 500 000 сомони дастгири гардид. Муассисаи мазур бо тамоми шароитҳои муосир таъмин буда кудакони ин диёр дар синфхонаҳои гарм ва замонавӣ ба таҳсил оғоз намуданд. Корҳои сохтмониро бо сифати баланд ва дар як сол ширкати сотмонии ,, Хонаободони Помир ” аз шаҳри Хоруғ таҳти роҳбарии Амиди Саид ба анҷом расонида шуд. Раиси вилоят ин иқдомро чун шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номид ва ин амали соҳибкор, сохтмончӣ ва Музаффари Имомдодро чун як намунаи ҳамдастии ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ номида, амали мушаххаси иҷрои дастури Пешвои миллат баҳри ободии диёр номид. Сокинон ва бахусус хонандагону устодон ин маркази маърифатро тӯҳфаи арзандаи 30 соли истиқлоли Тоҷикистон унвон намуда ба Чаноби Олӣ барои сиёсати созандааш ва ба соҳибкору сохтмончӣ барои дастгирии молиявӣ ва сифати хуби сохтмон арзи сипос намуда, ваъда доданд, ки боз бо ғайрату талоши беш ба омӯхтани илм даст мезананд. Боиси ифтихор аст, ки новобаста аз чунин дурӣ ва иқлими сард хонандагони ин мактаб дар озмунҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ ширкати фаъол доранд, ки ин боиси таҳсину офарин мебошад.
Сокнинон ҳангоми вохури бо Раиси вилоят аз набудани алоқаи мобили шикоят намуданд ва роҳбарияти вилоят баҳри ҳалли он ба ширкатҳои мобилӣ дархост пешниҳод менамояд ва мақомот иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят омода аст, ки баҳри ҳалли ин мушкилот маблағ низ ҷудо намояд.
Инчунин Раиси вилоят Ёдгор Файзов зимни сафари кори дар ҷамоати Баратнг аз сохтмони бунгоҳи тиббии ки бо маблағи зиеда аз 240 ҳазор сомонӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, ноҳияи Рушон ва соҳибкорон сохта шудааст, дидан карданд. Мақсади сохтмони бинои мазкур таъмини дастрасии аҳоли дар мавзеҳои дурдаст ба хизматрасонии тиббӣ мебошад. Маъсулини сохтмон ваъда доданд то охири моҳи октябр бунгоҳи тиббиро ба истифода хоҳанд дод.
Бояд қайд кард тавассути маблағгузории давлатӣ, сектори хусуси ва шарикони рушд имсол дар вилоят 7 мактаби замонавӣ ва 10 бунгоҳи тиббӣ сохта шуда, мавриди истифода қарор дода шудаанд.











и ещё 4


4 075
Охват (люди)
804
Взаимодействия
Продвигать публикацию

6161
Комментарии: 1
Поделились: 12

Нравится



Комментировать


Поделиться


СУХАНРОНИИ ЁДГОР ФАЙЗОВ РАИСИ ВМКБ, СОБИҚ РАИСИ ФИЛИАЛИ ИТТИФОҚИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВМКБ

Возможно, это изображение (в помещении)

СУХАНРОНИИ ЁДГОР ФАЙЗОВ РАИСИ ВМКБ, СОБИҚ РАИСИ ФИЛИАЛИ ИТТИФОҚИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВМКБ, ДАР ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВИИ ҶАВОНОН ТАҲТИ УНВОНИ “30-СОЛИ ҲАМБАСТАГИИ ҶАВОНОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ” БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ 30- СОЛАГИИ ИТТИФОҚИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН.
(Тариқи онлайн)

МУЛОҚОТИ СУДМАНД ҶИҲАТИ БЕҲТАР НАМУДАНИ ИНФРАСОХТОРИ ВИЛОЯТ

Возможно, это изображение (5 человек, люди сидят, люди стоят и в помещении)

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов “Гуруҳи Кушониёни”Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдудро дар доираи татбиқи лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ “Рушди иқтисодиёти деҳот”, баҳри равнақ бахшидан ба соҳаи сайёҳи дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон равона шудааст, баҳузур пазируфт. Бонки Чаҳони баҳри дастгирии ривоҷи минбаъдаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва тарққӣ додани соҳаи сайёҳи маблаги муайянеро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намуд ва бо дастури Пешвои миллат ин маблағ ба ВМКБ ва Вилояти Хатлон ирсол дода мешавад. Яке аз фаъолиятҳое, ки дар соҳаи рушди сайёҳӣ дастгири меёбад ин барномаи “Маҷмӯаи санитарӣ” яъне сохтмони ҳоҷатхонаҳо ва ҷойхои оббозӣ (дастуруйшӯи) дар меҳмонхонаҳо ва ҳомстейҳо мебошад. Намояндагони ҶДДМ -и ,,Гурӯҳи Кушониён ‘’ тарҳҳои (дизайни) гуногуни ин иншоотҳои беҳдоштиро таҳия намуда ба хотири мувофиқ кардани онҳо бо Раиси вилоят ва сохторҳои дахлдор (Маркази назорати давлатии санитари ва эпидималогии вилоят, Корхонаи таъминоти об ва канализатсия, Ширкати барқии “Помир Энерҷӣ”, шуъбаи меҳмори ва сохтмон) ба вилоят омаданд. Гурухи “Кушониён” аз бозору мағозаҳои шаҳру ноҳияҳо чихати пайдо намудани маълумот оиди нарху наво дидан хоханд кард, то ки нарху навои маводҳои сохтмонӣ ва таҳҷизотҳои гуногун ва хароҷоти сохтмони иншоотҳои беҳдоштиро ба Бонк пешниход намоянд. Зимни мулоқот аъзоёни гуруҳи “Қушониён”панч намунаи бунёди меҳмонхона, гестҳавс ва ҳомстейҳо, ки ба меъёрҳои байнамилалӣ мутобиқ дар миқёси ВМКБ бунёд мегарданд, нишон доданд. Қайд гардид, ки алакай дар марҳилаи якуми сафар ба ВМКБ “ гуруҳи Қушониён” аз макони бунёди меҳмонхонаву ҳомстей дар ноҳияҳои Дарвозу Рушон ва ноҳияи Ишкошиму шаҳри Хоруғ дидан намуданд. Қадами навбатии дигар баҳри амалӣ намудани ин барнома ин интихоби меҳмонхонаҳо ва ҳомстейҳо мебошад. Айни ҳол ба дафтари намояндагии Бонк дар вилоят зиёда аз 200 лоиҳа пешниҳод карда шудааст. Ширкати дигари миёнрав рӯзҳои наздик ба вилоят хоҳад омад ва барномаҳое, ки мувофқи талаботи Бонк ҳастанд, интихоб менамояд. Соҳибкороне ки меҳмонхонаву ҳомстейҳояшон интихоб мегардаднд, бо маводи сохтмонӣ ва таҳҷизот таъмин мегардаднд. Барномаи сохтмони меҳмонхона ва ҳомстейҳоро дастгири намекнуд ва факат ба он нафароне, ки ҳамаи корҳои сохтмониро ба анҷом расонидаднду факат ба таҷхизот ниёз доранд, кумак мерасонад.