Тарчума холи иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мӯҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ

Возможно, это изображение (1 человек, стоит и костюм)

Мирзонабот Алишер Худобердӣ, 27 августи соли 1980 дар ноҳияи Рўшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик мебошад.
Соли 1997 мактаби миёнаи №4-и ноҳияи Рўшонро хатм намуда, соли 1998 ба хизмати ҳарбӣ даъват ва дар сафи Ќушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми низомии 2730, воқеъ дар шаҳри Душанбе, то моҳи майи соли 2000-ум адои хизмат мекунад.
Соли 2000-ум ҳамчун курсант ба Донишкадаи ҳарбии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоќистон дохил шуда, соли 2003 Донишкадаи ҳарбиро ба итмом мерасонад.
Аз моҳи марти соли 2003 фаъолияти кориашро ба ҳайси муовини сардори ситоди қисми қарбии 2107-и Ќўшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон оғоз намуда, моҳи январи соли 2004 ба вазифаи сардори ситоди қисми ҳарбии номбурда таъин шуда, то моҳи августи соли 2005 дар ин вазифа адои хизмат менамояд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ аз моҳи августи соли 2005 то моњи июли соли 2006 шунавандаи Академияи сарњадии Хадамоти бехатарии федеролии Федератсияи Россия дар шаҳри Москва буда, академияро бомуваффақият хатм намуд.
Аз моҳи сентябри соли 2006 то моҳи декабри соли 2009 ба симмати сардори ситоди қисми ҳарбии 2655 ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен ва шаҳри Конибодом адои вазифа мекунад.
Аз соли 2009 то соли 2011 ҳамчун афсари калони Шуъбаи фаъолияти намояндагии сарњадии Раёсати муҳофизати сарҳади давлатии СҚС КДАМ Ҷумњурии Тоҷикистон хизмат менамояд .
Аз соли 2011 то соли 2014 бошад ба ҳайси сардори ситоди Отряди шашуми сарҳадии СҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат карда, аз соли 2014 то соли 2017 вазифаи сардори Отряди сарҳадии ҳафтуми ҚС КДАМ дар ноҳияи Ҳамадониро ба ӯҳда дошт. Дар муддати се моҳ, яъне аз моҳи июл то моҳи сентябри соли 2017, ба симмати сардори Отряди сарҳадии 6-уми СҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Аз моҳи сентябри соли 2017 то моҳи сентябри соли 2018 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошта, аз моҳи сентябри соли 2018, бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба мансаби муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъин гардида, то моҳи ноябри соли 2020 дар ин мансаб адои вазифа мекунад.
24 ноябри соли 2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ таъин гардида, пасон то 4 ноябри соли 2021 раисии шаҳри Хоруғро ба ӯҳда дошт. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 ноябри соли 2021 иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон таъин гардид. Оиладор ва соҳиби чор фарзанди ноболиғ мебошад.
Рутбаи ҳарбии генерал-майорро дошта, барои хизматҳои сазовор ва содиқона ба давлату миллати тоҷик бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидааст.

Номаи табрикотии иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мӯҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Возможно, это изображение (2 человека, люди сидят и люди стоят)

Ҳамдиёрони азиз!
Аз соли 2016 инҷониб дар кишвари азизи мо – Тоҷикистон рузи 16 – уми ноябр чун Рузи Президент бошукӯҳу ва муҳташам таҷлил карда мешавад ва имрӯз низ дар саросари Ватани маҳбубамон чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ ва илмию маърифатӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодаанд. Ҳадаф аз таҷлили ин Рӯз он аст, ки мардуми шарифи кишвар бо самимияти хоса сипосу шукри худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати хизматҳои беназири дар назди миллати тоҷик анҷомдодаи ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ изҳор медорад. Ҳамзамон, сокинони саодатёр, бори дигар, садоқати худро ба сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, кафили сулҳу амонӣ, суботи иҷтимоӣ, рушди бемайлони кишвар ва муҳофизу муаррифгари манфиату мавқеъ ва арзишу фарҳанги волои миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ иброз медоранд. Аз он ҷумла, дар радифи дигар ҳамватанону ҳаммиллатон, мардуми сарбаланду баору номус ва қадршиноси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки нисбати заҳмату ҷонфидоиҳои Президенти мамлакат, Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми самимӣ доранд ва ташрифи имсолаи Роҳбари давлат ба шаҳру навоҳии вилоят бори дигар инро исбот намуд, бо меҳнати аҳлона, таъмину риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва омодагии ҳамаҷониба барои ҳифзу ҳимояи муқаддасоти миллию давлатӣ, ин рӯзи фархундаро таҷлил менамоянд. Аз ин лиҳоз, бо камоли эҳтиром ва аз самими қалб кулли мардуми сарфарозу меҳандӯсти вилоятро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барои ҳамагон саломатии бардавом, хонаободии ҳамешагӣ ва дар фаъолияти касбию эҷодиятон бобати боз ҳам зебову дилоро намудани диёру ватан комёбию музаффариятҳои бузургро таманно менамоям!
Ҳамдиёрони азиз!
Бо итминони комил метавон гуфт, ки имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он меҳвари бузургу мустаҳкаме ҳастанд, ки тамоми пешрафту комёбиҳо моро таъмин месозанд. Аз ин рӯ, дар вазъияти мавҷудаи минтақавию ҷаҳонӣ моро лозим аст, ки дар гирдаи сиёсати оқилона, дурандешона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пештара дида зичтар ҷамъ омада, тавассути донишу малака, таҷрибаи корӣ ва садоқати худ ба ин сиёсату сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ баҳри ҳимояи муқаддасоти Ватан ва фарҳангу арзишҳои волои миллиямон аз худ омодагии комил нишон диҳем!
Бигузор Ватани маҳбуби мо таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ мухтарам Эмомалӣ Раҳмон боз зебою пешрафта гардида, миллатамон ба ҳадафҳои наҷиби худ ноил гардад!
Бигузор сулҳу субот дар Тоҷикистони азизамон абадӣ бошад!