Тағироти кадрӣ дар ноҳияи Роштқалъа

Возможно, это изображение (1 человек и стоит)


Возможно, это изображение (3 человека и люди стоят)

Нимаи дуюми рӯзи панҷшанбе иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо фаълони ноҳияи Роштқалъа мулоқот доир намуд. Зимни мулоқот иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон оиди вазъияти иқтисодию иҷтимоии ноҳия сухан карда иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Роштқалъа ки бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъин гардид муаррифии намуданд. И.В. Раиси ВМКБ кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа таҳти роҳбарии раиси тозатаъин Шоҳмирзозода Аъзам ҷиҳати содиқона кору фаъолият намудан ва содиқ будан ба сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуданд.

НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА

Возможно, это изображение (1 человек и стоит)

Ҷиҳати шиносои аз наздик бо вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳия, дида баромадани омодагиҳо барои зимистони дар пеш ва муаррифи намудани роҳбарияти тозатаъйини ин диёр барои сокинон иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба ноҳияи Роштқалъа сафар карданд.

Омода намудани муассисаҳои таълимӣ барои зимистони дар пешистода дар ноҳияи Ванҷ

Возможно, это изображение (11 человек и люди стоят)
Возможно, это изображение (5 человек и люди стоят)

Омода намудани муассисаҳои таълимӣ барои зимистони дар пешистода яке аз супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо буда ҷиҳати амалӣ намудани он иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз вазъияти омодаги ба зимистони дар пешистодаи муассисаи таълимии рақами 4 аз наздик шинос гардиданд. Муассисаи таълимӣ мазкур бо тамоми шароитҳо муосир таъмин буда ба зимистони дар пешистода омода аст. И.в Раиси ВМКБ бо хонандагон ошкоро сӯҳбат намуда барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба онҳо тавсияҳои судманд доданд.

идомаи сафари кори дар ноҳияи Ванҷ

Возможно, это изображение (8 человек, люди стоят, дорога и гора)
Возможно, это изображение (3 человека, люди стоят и военная форма)

Сарбозон ҳимоятгари марзу буми давлат буда ҷиҳати амалӣ намудани вазифаҳои хизматии худ тамоми кӯшишу ғайрати худро ба харҷ медиҳанд то ки Ватанро ҳифз намоянд. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ зимни сафари кори ба ноҳияи Ванҷ аз дидбонгоҳи
Қушунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақар дар ноҳияи Ванҷ дидан намуданд. И. В Раиси ВМКБ аз шароит ва будубоши сарбозон афсарон аз наздик шинос гардида барои таъмини онҳо бо маҳсулоти ғизоии ва сузишвори барои зимистони дар пешистода ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

Сафари кори ба ноҳияи Ванҷ иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ

Возможно, это изображение (4 человека, люди стоят и в помещении)
Возможно, это изображение (8 человек, люди стоят и в помещении)

Зимни сафари кори ба ноҳияи Ванҷ иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз фаъолияти бозори марказии ноҳияи Ванҷ дидан карданд. Ҳангоми сӯҳбат бо соҳибкорон Раиси вилоят ба масъулини ноҳия ҷиҳати мӯътадил нигоҳ доштани нарху наво ва таъмини бозор бо маҳсулоти сифатнок ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд

Тағирот кадрӣ дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ

Возможно, это изображение (5 человек и в помещении)


Возможно, это изображение (2 человека, люди стоят и в помещении)
Возможно, это изображение (1 человек и стоит)

Субҳи имрӯз иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо фаълони ноҳияи Ванҷ мулоқот доир намуд. Зимни мулоқот иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон оиди вазъияти иқтисодию иҷтимоии ноҳия сухан карда иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Ванҷро ки бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъин гардид муаррифии намуданд. И.В. Раиси ВМКБ кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷро таҳти роҳбарии раиси тозатаъин Мардов Одинашо ҷиҳати содиқона кору фаъолият намудан ва содиқ будан ба сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуданд.

Cафари иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба ноҳияи Ванҷ

Возможно, это изображение (дорога)
Возможно, это изображение (1 человек и сидит)

Ҷиҳати шиносои аз наздик бо вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳия, дида баромадани омодагиҳо барои зимистони дар пеш ва муаррифи намудани роҳбарияти тозатаъйини ин диёр барои сокинон иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба ноҳияи Ванҷ сафар карданд

БОИСИ ИФТИХОР АСТ!

Возможно, это изображение (2 человека, люди стоят, люди сидят, в помещении и текст)

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бо хушнуди эълон медорад, ки директори Осорхонаи кишваршиносӣ Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Хушомади Алидод дар Озмуни байналмилалии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” бо маърӯзаи “Аз ноумедӣ ба сӯйи умед” дар байни иштироккунандагони панҷ давлати дунё дар вилояти Хатлон сазовори ҷойи аввал гардидааст. Ҳамчунин иштироккунандагони фаъоли Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон Ватани азизи ман” аз Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Маҳмадалӣ Партов ва Парвиз Донаёров сазовори ҷойҳои якум, Ҳабиби Саодатқадам, Беҳрӯзи Бахтибек ва Ҷасур Шохуморов сазовори ҷойи дуюм ва 8 нафар намояндагони ВМКБ сазовори ҷойҳои ифтихори гардиданд, ки ҳамаи онҳо бо мукофоти пулӣ қадри гардиданд.
Ба ин хотир мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон шахсан иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба ҳар кадоми ин шахсиятҳо барои саҳми арзанда гузоштан ва дар сатҳи баланд муаррифии намудани Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва ишғоли ҷойҳои намоён изҳори сипос ва самимияти қалбиро изҳор медорад.
Шумо намунаи ибрати насли ҷавон ва ифтихори мо ҳастед.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз даромадгоҳи шаҳри Хоруғ то маркази шаҳр дидан кард

Возможно, это изображение (2 человека, люди стоят, природа, гора, небо и дерево)
Возможно, это изображение (3 человека, люди стоят, дерево и на открытом воздухе)

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ нимаи дуюми рӯз аз даромадгоҳи шаҳри Хоруғ то маркази шаҳр дидан карда барои амали намудани нақшаҳо ҷиҳати ободонии шаҳри Хоруғ аз ҷумла соҳилмустаҳкамкунии ҳудуди шаҳри Хоруғ, чароғонкунонии кӯчаҳо ва тоза нигоҳ доштани паскӯчаҳои шаҳр ба роҳбарият он супоришҳои мушаххас доданд. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон қайд доштанд, ки шаҳри Хоруғ ин маркази маъмурии вилоят буда ҳамаи қувваи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр ва сокинони онро барои ободонии он бояд равона созем зеро меҳмонон аз ободонии шаҳри Хоруғ дида ба тамоми вилоят баҳо мегузоранд.

ҲАМКОРИ БА ХОТИРИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Возможно, это изображение (8 человек, люди стоят и люди сидят)


Возможно, это изображение (4 человека и люди стоят)
Возможно, это изображение (1 человек и сидит)

Субҳи рӯзи 17-юми ноябр иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ директори Оҷонсии Оғохон оид ба макони зист дар Тоҷикистон Ҳоди Ҳусейниро ба ҳузур пазируфт.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар оғози мулоқот директори Оҷонсии Оғохон оид ба макони зист дар Тоҷикистон Ҳоди Ҳусейниро ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон хушомадед гуфта аз дастгирӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди шарикони рушд бо Мақомоти вилояти изҳори хушнудӣ намуд. Қайд гардид, ки маҳз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд дар шаҳри Хоруғ барномаи “Устувори шаҳри Хоруғ” ва “Лоиҳаи бехсозии низоми обтаъминкуни дар Тоҷикистон- марҳилаи 2 – шаҳри Хоруғ” амали гардида дар муддати кутоҳ хати оби нушокӣ дар шаҳри Хоруғ бунёд гардид, ки ба беҳтар гардидани сифати зиндагии мардум ва беҳбудии инфрасохтори шаҳр нигаронида шудааст. Мирзонабот Алишер Худобердӣ оиди нақшаҳои минбаъдаи корӣ, ки ба лоиҳаҳои пеш ворид нагардидаанд, ибрози назар намуд. Аз ҷумла зинакунонии маҳаллаи Заводи Нон ва Шарифободи шаҳри Хоруғ дар доираи низоми бехатарии шаҳр, бунёди чоҳи амуди дар маҳалаи Валдош Гулмамадов бо мақсади таъмини сокинони маҳалла ва бошандагони маҳаллаи Чухт Хоруғ бо оби тозаи нушокӣ ва бунёди хати ташноб дар маҳаллаи Шарифобод аз нақшаҳои нав унвон гардида дар ин самт аз директори Оҷонсии Оғохон оид ба макони зист дар Тоҷикистон ҳамкории дуҷониба тақозо карда шуд.
Директори Оҷонсии Оғохон оид ба макони зист дар Тоҷикистон Ҳоди Ҳусейнӣ қайд намуд, ки маҳз бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон имокният пайдо гардид, ки бо соли равон бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон атрофи рушди Бадахшон аз наздик табодули назар намудем.
Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд дар миқёси ВМКБ теъдоди майдончаҳои муосири вазиши ва фароғати боз ҳам зиёд шавад.
Мирзонабот Алишер Худобердӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қайд намуд, ки бо ташаббусҳои неку созандаи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии раиси Федератсияи Футболи Тоҷикистон раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди шаҳри Хоруғ боз 12 майдончаи муосири варзиши сохта шуданд, ки ба рушди соҳаи варзиш дар вилоят такони хубе мебахшад. Бунёди чунин майдончаҳои муосири варзиши дар ноҳияҳои вилоят агар ба нақша дароварда шаванд, боз як такони хубе барои ҷалби ҷавонон ба рушди соҳа унвон гардид.
Ҷонибҳо дар идомаи суҳбат аз хамкориҳои минбаъда баҳри таъмини шароит барои кор ва бунёди боз дигар майдончаҳои варзишиву истироҳати барои ҷавонон дар ояндаи наздик ибрози назар карданд.
Дар фарҷоми мулоқот мувофиқа карда шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бо дастриги ва роҳнамоии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории мутақобилан судмандро минбаъд низ баҳри рушди инфрасохтори ҳаётан муҳим бо шарикони ҳамкор боз ҳам тақвият хоҳад дод.