ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ

                                                                                                                                                                                                                                                         МУҚАДДИМА

Соҳиб шудан ба давлати миллӣ – натиҷаи муборизаҳои ҷоннисорона барои истиқлоли миллӣ мебошад. Ва бидуни ташкилоти сиёсии марказонидашуда, устувор мондан, ҳифз кардани абадияти миллат, ҳамчунон нишонаҳои асосии он – забон, фарҳанг, анъана, урфу одат ва рифоҳи миллӣ ғайриимкон аст.

Муфассал

Табрикоти Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами миллии Ҷумхурии Тоҷикистон

Возможно, это изображение (1 человек, стоит и костюм)

Ҳамдиёрони азиз !
Бисту чоруми ноябр мардуми тамоми манотиқи Тоҷикистон, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон солгарди қабули яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон Парчамро дар шароити сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ истиқбол мегирад.
Ба ин муносибат ҳамаи шуморо ба ифтихори ин рўзи фархунда муборакбод гуфта, ба ҳар кадоматон саломативу хушбахтӣ ва хонаи ободу рўзгори осуда орзумандам.
Парчами миллии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ қавмҳои ориёӣ ҳанўз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд.
Гузаштагони мо дар парчам рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои мухталифи оини ҷавонмардиву тавоноӣ истифода менамуданд. Ҳанўз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд ва он парчам рамзи як давлати нерўманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо дар роыи ыифзи Ватану халщи худ мебошад.Рангу аломатҳои парчам ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи бостонии мост.
Ниёгони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд. Яъне парчами давлатӣ баёнгари ҳаққи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик бо тамоми ғановату асолати таърихиву фарҳангӣ ва ҳуқуқии он аст. Дар парчами кишвари мо даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва инсонияту башардўстии миллати мо таҷассум гардидааст.
Дар яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки: “Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчам, арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирўзу имрўз ва фардои миллат аст.” Бинобар ин ҳам ҳар фарди банангу номуси ин сарзамини куҳанбунёд, ки ба аҷдоду ватани аҷдодиаш эҳтиром дорад, ба парчами давлати худ, ки баёнгари ному насаб, шуҳрату номуси ҳар фарди ин сарзамин аст, ифтихору эҳтиром дорад.
Аз ин лиҳоз, итминони комил дорам, ки Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассуми умеду ормонҳои мо ҳамеша парафшон хоҳад буд ва зери сояи он мо дар роҳи ободии диёрамон ба дастовардҳои рўзафзун ноил хоҳем гашт.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш бори дигар ҷашни Парчами давлатиро ба ҳамаи шумо – ҳамватанони азиз, самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар хонадони ин диёри осмонбўс шодиву сурури идона таманно дорам.
Бигзор, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бар сари мо то ҷовидон парафшон бошад ва моро ба сўи ояндаи ободу осуда раҳнамун созад!
Ҳамеша сарбаланду муваффақ бошед, ҳамватанони азиз!