САФАРИ КОРИИ НАМОЯНДАГОНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РОҲБАРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА ҶАМЪБАСТ ГАРДИД.


Имрӯз намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода ба маркази Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон шаҳри Хоруғ ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ меҳмонони олиқадрро муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов пешвоз гирифтанд. Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Хоруғ аз бозори марказии шаҳри Хоруғ иншоотҳое, ки аз тарафи Дирексияи сохтмонии иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд дидан намуданд. Маҳмадтоҳир Зокирзода муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷараёни сохтмонҳо дар шаҳри Хоруғ изҳори нигаронӣ намуда ба муттасадиён барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас доданд. Баъди боздид гурӯҳи кори бо ҳамроҳии раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ба ноҳияи Роштқалъа сафар намуданд. Дар ноҳияи Роштқалъа ҳайати расми аз сохтмони иншоотҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия аз наздик шинос гардиданд. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ки сарпарасти ноҳияи Роштқалъа мебошанд дар ҳамкори бо ширкати Помир Энержи корҳои зиёдеро баҳри ободонии ин диёр ба анҷом расондааст. Аз ҷумла таъмири муассисаҳои таълими, сохтмони майдончаи варзишӣ дар деҳаи Тусиён ва деҳаи Қалъаи ноҳияи Роштқалъа далели ин гуфтаҳо мебошад. Инчунин зимни сафари корӣ Маҳмадтоҳир Зокирзода бо мардум сӯҳбати ошкоро баргузор намуданд. Дар баробари ин сокинони ноҳияи Роштқалъа низ дар ин фурсати муносиб миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста баён намуданд.
Баъди ҷамбасти сафари кори ба ноҳияи Роштқалъа гурӯҳи кори ба шаҳри Хоруғ баргаштанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *