ОБИ НӮШОКӢ ВА ИДОРАКУНИИ БЕҲДОШТ ДАР ТОҶИКИСТОН

Имрӯз дар толори Маркази Исмоилияи шаҳри Хоруғ бо иштироки муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов, муовини раиси вилоят Носирзода Умедҷон, раиси шаҳри Хоруғ, раисони ноҳияҳои вилоят, Директори дафтари Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон Валбурга Рус, Директори иҷроияи филиали Агентии Оғохон оид ба рушд Ҳади Ҳусайнӣ ҷаласа таҳти унвони “Лоиҳаи оби нӯшокӣ ва идоракунии беҳдошт дар Тоҷикистон” баргузор карда шуд. 
Лоиҳаи идоракунии оби бехатари ошомиданӣ ва беҳдошт дар Тоҷикистон солҳои 2017- 2021 амалӣ гардида, он аз тарафи Раёсати Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ва Фонди Оғохон маблағгузори карда мешавад. Мақсади лоиҳа ин беҳтар намудани дастрасии ба хизматрасониҳои оби ошомидани ва беҳдошт барои маҳаллаҳои деҳот мебошад. Фаъолиятҳои лоиҳа дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рушон, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва инчунин ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон бо фарогирии 77,000 аҳолӣ амалӣ карда мешавад. Мақсад ва вазифаҳои лоиҳа ба ҳадафҳои рушди устувор ва даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028, ки ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Милали Муттахид қабул гардид, мусоидат менамояд.
Мақсади лоиҳа бошад ин беҳбудсозии сифати зиндагии мардум дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон тавассути механизмҳои устувори идоракунии об ва беҳдошт мебошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *