Субҳи имрӯз муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов дар Форуми шукуфоии сармоягузорӣ, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Фонди Оғохон, Ширкати мобилии Тсеl баргузор карда шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Субҳи имрӯз муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов дар Форуми шукуфоии сармоягузорӣ, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Фонди Оғохон, Ширкати мобилии Тсеl баргузор карда шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни баромад Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон диққати иштирокдоронро ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ҷалб намуда изҳор доштанд, ки суботи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз дастовардҳои муҳим мебошад, ки барои пешбурди иқтисодиёт шароити лозимиро фароҳам меоварад. Маҳз сулҳу субот ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯз мо метавонем шарикони рушдро ба вилоят даъват намоем ва ҳамкорӣ бо сармоягузорон баҳри ободонии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшонро ба роҳ монем. Рӯзи сеюм аст, ки дар вилоят семинарҳо ва чорабиниҳо иқтисоди бо иштироки шарикони рушд ва сармоягузорони дохили ва хориҷӣ баргузор шуда истодааст, ин албатта аз сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *