Субҳи имрӯз муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ва Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – полковник Шералӣ Мирзо дар машқҳои муштараки Тоҷикистону Хитой, ки дар мавзеи Ҷелондии ноҳияи Шуғнон баргузор карда шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Субҳи имрӯз муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ва Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – полковник Шералӣ Мирзо дар машқҳои муштараки Тоҷикистону Хитой, ки дар мавзеи Ҷелондии ноҳияи Шуғнон баргузор карда шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд. Раиси вилоят зимни суханронии худ қайд намуданд, ки таҳаввулоту ҳодисаҳои вақтҳои охир дар ҷаҳони муосир ба амаломада, тибқи таҳлилу пешгуиҳо дарозмуддат хоҳанд буд, дар пешомади кутоҳмуддат метавонад ба Истиқлолият, пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва гузашта аз ин ба астии миллати давлатҳои мустақил хатар эҷод намояд.
Аз ҳама дида густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм вусъати бесобиқаи бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат барои аз нав тақсим кардани доираи нуфуз ва боз ҳам печидаю муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра қарор дорад. Бо густариши ин раванду тамоилҳо, таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ ба амнияти минтақа ва ҷаҳон боқи хоҳад монд.
Бо ин мақсад дар қаламрави Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон машқҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқии Хитой амалиёти зидди террористӣ баргузор гардиданд. Машқҳои муштарак бори дигар нишон дод, ки қушунҳои муттаҳида чи дар гузаронидани амалиётҳои ҷангӣ, чи омодабоши, чӣ таъмини бехатарии минтақаҳои сарҳади ва чӣ обутоби ҷисмонӣ дар шароити вазъияти ҷангӣ ҳаматарафа тайёр буда баҳри ҳифзи марзу буми давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷоннисорона хидмат хоҳанд кард. 
Машқҳои муштарак исбот карданд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз қодиранд то баҳри ҳифзи Ватан зиракии сиёси ва ҷангиро аз даст надода, баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сулҳу суботи кишвар ҷонфидоёна хизмат намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *