МАШВАРАТИ НАЗОРАТИ


Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон машварати назорати назди муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов баргузор карда шуд. 
Дар машварат муовини раиси вилоят, раиси шаҳри Хоруғ, муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилоят ва дигар роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят иштирок намуданд. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар машварат мавриди баррасӣ қарор дода шуд ин камбудиҳо ва пешравиҳо дар соҳаи маорифи вилоят мебошад. Аз рӯи масъалаи мазкур сардори Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Мардов Одинашо баромад намуда қайд карданд, ки аҳли маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар самти ба камол расондани хонандагони донишманду болаёқат талошҳои зиёд карда истоданд. Дар баробари ин дар соҳаи маорифи шаҳр ва ноҳияҳои вилоят сохтмони муассисаҳои таълимии рақами 5 ва 7 ноҳияи Дарвоз, рақами 7 ва 9 ноҳияи Рӯшон, рақами 17 ноҳияи Шуғнон ва рақами 8 шаҳри Хоруғ идома дорад. Масъалаи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил зери назорати доимии Раёсати маориф қарор дошта то 20 августи соли ҷори тамоми муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон аз таъмири ҷорӣ бароварда мешаванд. 
Раиси вилоят ба масъулини соҳаи маорифи вилоят супориш доданд, ки ба сифати дониш дар муассисаҳои таълимии вилоят диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Дохилшавии хатмкунандагон ба мактабҳои олии мамлакат аз вилоят ҳануз ҳам қонеъкунанда нест. Имсол бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вилоят ду маротиба квотахо барои дохилшавӣ зиёд гардиданд. Мо бояд дастгириҳоро самаранок истифода барем. Барои зимистонгузаронӣ ва омодагии муассисаҳои таълимии ба зимистони имсола омодагии ҷиддӣ бинем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *