Раиси ВМКБ мӯҳтарам Ёдгор Файзов намояндагони Бонки Рушди Олмон Андрес Шинайдер, Франк Марсиал, Манучеҳр Бақоев ва роҳбарияти Ширкати Помир Энерҷи Далер Ҷумъаевро ба ҳузур пазируфтанд.

Муовини раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов намояндагони Бонки Рушди Олмон Андрес Шинайдер, Франк Марсиал, Манучеҳр Бақоев ва роҳбарияти Ширкати Помир Энерҷи Далер Ҷумъаевро ба ҳузур пазируфтанд. 
Раиси вилоят меҳмононро ба Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон хайри мақдам гуфта барои саҳм гузоштан дар сохтмони НОБ- Себзор миннатдориро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон баён намуданд. 
Зимни суҳбат масъалаи сохтмони НОБ – Себзор барарси гардида намояндагони Бонки Рушди Олмон иброз доштанд, ки ба хотири шурӯъ намудани корҳои сохтмони имрӯз гузаронидани якчанд тадқиқотҳо бояд гузаронида шаванд, чунки мувофиқи стандартҳо ва талаботҳои байналмиллалӣ шурӯъ намудани корҳои сохтмони бе тадқиқот номумкин мебошад. Айни замон тадқиқотҳои оиди таъсири сохтмони НОБ- Себзор ба муҳити зист, ҳаёти иҷтимоӣ мардум, кӯчонидани хонаҳои истиқоматӣ, сохтмони канал ва обанбор ва дигар масъалаҳо идома доранд. Инчунин тендер барои қабули мушовирони хориҷи ва дохилӣ, лоиҳаҳои иншоот бо тамоми мушаххасоти ҷузви, қабули мутахассисони лоиҳа идома дорад. Дар нақша аст, ки қабули ҳамаи кадрҳои лозими то охири моҳи ноябр ҷамъбаст мегардад. 
Сохтмони асоси неругоҳ дар семоҳаи дуюми соли 2020 оғоз мегардад. Ширкатҳои сохтмони тавассути тендери байналхалқӣ интихоб карда мешаванд. 
Ёдовар мешавем, ки сохтмони НОБ – Себзор бо дастгири бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ сохта ва истифода дода хоҳад шуд. Дар сохтмони нерӯгоҳи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва панҷ донори хориҷи саҳмгузор хоҳанд шуд. Аз ҷумла давлати Олмон тавассути Бонки Рушди Олмон (БРО), USAID Амрико, Созмони Аврупо, СЕКО- Швейтсария ва Бонки Ҷаҳонӣ мебошанд. Маблағи умумии барои сохтмони НОБ- Себзор 35,6 млн долларро ташкил медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *