Раиси ВМКБ мӯҳтарам Ёдгор Файзов Сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Метю Лоусонро ба ҳузур пазируфтанд.

Муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов Сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Метю Лоусонро ба ҳузур пазируфтанд.
Сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон ба раиси вилоят барои қабул изҳори сипос намуда қайд намудан, ки аз табиати зебои Бадахшон хеле илҳоми тоза гирифтанд. Вақти омадан ба ин минтақаи Тоҷикистон ман мушоҳида намудам, ки Бадахшон сарҳади тӯлонӣ ба Афғонистон дорад. Таъсири давлате ҳамсояе ки ноамн аст чи гуна аст?
Раиси вилоят миннатдории худро ба Сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон барои ҳамкорӣ баён намуда қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳои сатҳи оли аз минбарҳои баланд борҳо баҳри баргардондани сулҳ ба хоки Афғонистон тавассути рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пешниҳод намуданд. Ҳукумати мамлакат имрӯз кӯшиши зиёд ба харҷ дода истодаанд, ки сарҳад байни Тоҷикистону Ҷумҳурии исломии Афғонистон ором бошад. Қувваҳо ва таъсирҳои бад (гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, маводи мухаддир ва яроқ, идеология ва тарғиботӣ зишт) ба Тоҷикистон нагузарад, вале ин бояд ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон мамоният эҷод кунад. Бозорҳои назди сарҳадӣ ва кӯпрукҳо бояд фаъол бошанд. Рафту омади қонунии шаҳрвандон бояд таъмин карда шавад ва маскунони ҳарду соҳил бояд бо ҳам муомилаи нек ва ҳамсоягии хуб дошта бошанд.
Сафир аз хусуси рушди сектори хусусӣ ва шароити он дар вилоят чи гуна аст савол карданд. Раиси вилоят иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода онро омили асосии ташкили ҷойи кор ва даромад ҳисоб мекунад. Мушкилоти рушди сектори хусусӣ ва соҳибкорӣ дар вилоят ин асосан бозори маҳдуд, қобилияти пасти харидории аҳоли, қарзҳо бо фоизи баланд, нарасидани технологияи муосир ва донишу малака мебошад.
Сафири Британияи Кабир қайд намуданд, ки Ҳукумати Британияи Кабир тавассути барномаи DFID ташкили як қатор барномаҳоро барои беҳбудии соҳибкори дар Тоҷикистон дорад ва як барнома дар шаҳри Хоруғ амалӣ хоҳад шуд. Инчунин ба соҳибкорон ва палатаи савдо баҳри дарёфти идеяҳои беҳтарини соҳибкорӣ кӯмак хоҳад расонд.
Сафири Британияи Кабир қайд карданд, ки ба сарҳадбонон барои ҳифзи намудани сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Британия кӯмак расонида мешавад.
Раиси вилоят аз он ки имрӯз сафоратҳои ИМА ва Британияи Кабир дар сомонаи расмии худ Тоҷикистонро кишвари ноамн ва барои сайёҳон рафтан ба Тоҷикистон тавсия намедиҳанд изҳори нигаронӣ карданд.
Сафир иброз дошт, ки ин масъаларо ҳатман тавассути сафорат ба Ҳукумати Британия барои таҳлил пешниҳод хоҳад кард ва бо кадом сабаб ин масъаларо дар сомонаи расмӣ ҷой доданд ҳатман ба маълумоти Шумо хоҳем расонд.
Раиси вилоят иброз доштанд, ки имруз дар вилоят масъалаҳое ҳастанд, ки метавонем дар ҳамкори бо Шумо онҳоро ҳалу фасл намоем. Инҳо омӯхтани забони англисӣ, дифои рисолаҳои илмӣ (MD, PHD) дар донишгоҳҳои олии Британияи Кабир ва инчунин масъалаи ширкати ташкилотҳои хориҷи ва хусусии Британияи Кабир дар аз худкунии сарватҳои табии, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди сектори хусусӣ, кам кардани оқибатҳои офати табии мебошанд.
Сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ҳамаи пешниҳодҳои Раиси вилоятро қабул намуда қайд карданд, ки мо ин масъалаҳоро дар ҳамкорӣ бо Сафири Тоҷикистон дар Британия ва Ҳукумати Британия мавриди барраси қарор хоҳем дод ва боварии комил дорам, ки ҳамкории Ҳукумати Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон боз ҳам рушд хоҳад ёфт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *