Ба истифода додани маркази тиббии “Шифо” дар шаҳри Хоруғ

Субҳи имрӯз бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоҳир Зокирзода ва муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ва дигар намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази тиббии “Шифо” дар шаҳри Хоруғ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Бинои мазкур аз тарафи соҳибкори Ватанӣ Ватаншоева Шифо маблағгузори карда шуд, ва дар арафаи ҷашнгирии 28 умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *