Бахшида ба 28 умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ конференсияи илмӣ- назариявӣ дар мавзӯи “Истиқлолияти давлатӣ ва дарки масъулияти ватандорӣ” баргузор гардид

Бахшида ба 28 умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон конференсияи илмӣ- назариявӣ дар мавзӯи “Истиқлолияти давлатӣ ва дарки масъулияти ватандорӣ” баргузор гардид. Дар конфронс муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоҳир Зокирзода, муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов, ва дигар намояндагон аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Кори конфронсро муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори ситоди байниидоравӣ ва таъмини амният дар вилоят Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ҳусни оғоз бахшида оиди дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат ва пешрафт дар соҳаи ҳуқуқии мамлакат баромад намуданд. Дар конфронс инчунин муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ва олимону донишҷӯён баромад намуданд. Дар охири конфронс барои бармадкунандагон тӯҳфаҳои арзишманд аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон тақдим гардиданд. Ба раиси вилоят барои беҳтарин баромад тӯҳфаи арзишманд акси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо тақдим карда шуд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *