Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов Директори генералии Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ Мануел Загерро ба ҳузур пазируфтанд.

Муовини раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов Директори генералии Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ Мануел Загерро ба ҳузур пазируфтанд. Раиси вилоятро муовини раиси вилоят Носирзода Умедҷон ҳамроҳи намуданд.
Давлати Швейтсария аз солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарики боэътимод буда, кӯмаки худро аз соли 1994 тавассути расонидани кӯмаки ғизои оғоз намуд. Инчунин кӯмаки давлати Швейтсария дар соҳаи
маориф, тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва паст кардани хатари оқибатҳои табии назаррас мебошанд. Бо кӯмаки Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ 170 адад бунгоҳи тиббӣ таъмир ва аз навсози карда шуданд, наздики 200 деҳа бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд, зиёда аз 3000 ҳоҷатхонаҳо дар шаҳр ва ноҳияҳои вилоят сохта ва ба истифода дода шуданд. Инчунин баҳри бехатарии аҳолии шаҳри Хоруғ аз болои маҳаллаҳои шаҳр девориҳо муҳофизаткунанда, дар ноҳияҳо бунёди ҷангалҳо барои муҳофизати аҳоли аз тарма ва сангчарх роҳандозӣ карда шуданд. Аз тарафи Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ 10 миллион доллари амрикои субсидия ҳамчун кӯмак барои пардохт намудани қувваи барқ ҷудо карда шуд.
Дар мулоқот бо раиси ВМКБ роҳбарияти Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ аз ҳамкории мавҷуда изҳори қаноатмандӣ намуда омодаи ҳамкориҳои минбаъда ҳастанд. Ба мувофиқа расида шуд, ки Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд дар масъалаи кашидани хати қувваи барқи Себзор- Хоруғ, паст кардани хатари оқибатҳои офати табии ва дастрасӣ ба оби ошомиданӣ минбаъд ҳам кӯмаки худро хоҳанд расонд. Барномаи махсус бо номи “Барномаи тобоварии Хоруғ” ба Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ барои маблағгузорӣ пешниҳод карда шуд. Афзоиши шумораи аҳолӣ, хизматрасонии номукаммал ба монанди таъмини об, идоракунии партовҳо, таъмири роҳҳо, тобовари ба ивазшавии иқлим таркиби ин барнома буда маблағи зиёда аз 8 миллион доллари амрикои баҳри ин барнома дар назар аст.
Меҳмонон аз зебогии табиати ВМКБ аз сулҳу субот изҳори хушнуди намуданд ва ваъда доданд, ки омодаи ҳамкориҳои минбаъда ҳастанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *