Табрикномаи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ба ифтихори 28 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон

Табрикномаи
муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ба ифтихори 28 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон

Хамдиёрони гиромӣ!

Бисту ҳашт сол аст, ки Тоҷикистони маҳбуби мо соҳибистиқлол ва мардуми шарифи кишвар соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани азизамон хуршеди истиқлол партавафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ дилу нияти бунёдкоронаи моро, манзилу маъвои моро, имрӯзу фардоямонро мунаввар мегардонад.
Ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ, яъне 28 –умин солгарди истиқлолияти давлатӣ хурду бузурги Тоҷикистони азиз ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям ва ба ҳар фарди соҳибватан хонаи обод, саломативу сарбаландӣ ва кушоиши кор орзу менамоям.
Гарчӣ хишти аввалини истиќлолият ханўз дар соли 1990 гузошта бошад ҳам, 9 сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати муҳим “Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”- ро қабул намуданд, ки ин ҳуҷҷати таърихӣ расман Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли башар эълон кард, вале ташкили давлати хақиқии сохибистиклол ва соҳибихтиёрии воқеӣ ба Иҷлосияи XVI – уми тақдирсоз сахт марбут аст. Баргузории ин Иҷлосияи таърихӣ миллати точикро аз гирдоби нобудшавӣ наҷот дод ва фарзанди фарзонаи миллат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари давлати навистиқлол интихоб намуд. Ҷаноби Олӣ ин нуктаро чунин тавзеҳ додаанд: “Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гаҳвора будаи истиклолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ўро муайян сохт ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба сўи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд”.
Ба дўши Пешвои миллат вазифаи мураккаб, вале муққадас – бунёди давлати воқеан соҳибистиклол гузошта шуда буд ва ба бахти мардуми тоҷик Ҷаноби Олӣ ҳамчун сармеъмор на фақат иморати аз ҷанг вайроншудаи давлати тоҷиконро тармим кард, балки появу рукнҳои фалаҷгаштаи давлатдориро аз нав эҳё сохт. Баъдтар дар рўзҳои аввали соҳибистиқлолии ватан Пешвои миллат таъкид намуданд: “Азму иродаи мо дар роҳи барпо кардани давлати демократии соҳибистиқлол комилан қатъист. Ҳарчанд ки натиҷахои дилхоҳи он на ба таври оҷил, балки бо гузашти вақт падид меояд, дар баробари ин сулҳу субот бароямон муҳимтарин арзиш ҳисоб меёбад’’. Гузашти 28 сол воқеи будани суханҳои Ҷаноби Олиро тасдик намуданд.
Сарбаландиву хушбахтии мо дар он аст, ки тақдири имрӯзу фардои ватанамон дар ихтиёри худамон мебошад, ва ҳар фарди бонангу номуси миллат ҳастӣ ва ҳаёти худро ба хотири озодиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ бахшидааст.
Бо шарофати истиқлолият ва талошхои пайвастаи Ҷаноби Олӣ нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон пайваста боло меравад ва ташаббусҳои кишвари мо ба хотири саодати тамоми сокинони сайёра дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта мешаванд.
Аз файзу баракат ва нерӯи истиқлолият симои шаҳру дехоти кишвар, минҷумла ВМКБ ба куллӣ тағйир ёфта истодааст. Маркази ноҳияҳои вилоят ба шаҳрак табдил ёфта истодааст. То ҷашнгирии 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон зиёда аз 570 иншооти гуногун сохта ба истифода дода хоҳанд шуд, ва корҳои созандагӣ ва ободкорӣ дар вилоят бо маром идома доранд. Дастгирӣ ёфтани сохтмони 56 мактаб ва 65 муассисаи тиббӣ аз тарафи Пешвои миллат, сохтмони мактабхои замонавӣ, ташкили литсей ва мактабҳо барои кўдакони болаёқат, ба фаъолият шурўъ намудани Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Маркази тиббии Оқохон дастрасӣ ба маориф ва хизматрасонихои тиббиро боз хам беҳтар хоҳад кард. Шоҳроҳи Душанбе – Кўлоб – Дарвоз – Қулма Бадахшонро хақиқатан ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил дод ва ҷудо намудани зиёда аз 50 техникаи роҳсозӣ ба роҳсозони вилоят имконият медиҳад, ки ин дарвоза доимо кушода бошад ва на фақат Тоҷикистон, балки давлатҳои ҳамсоя тавассути кўпрукҳои байнисарҳадӣ ва роҳҳои транзитӣ аз он баҳра баранд. Аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани вилоят ва мамлакат дар умум, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, бахусус ба истифода додани агрегати якуми НОБ – Роғун ва дар вилоят таввасути ташкили ширкати “Помир энерҷӣ” ва сохтмони як қатор нерўгоҳҳои барқӣ ва ба ин васила интиқол додани қувваи барқ берун аз қаламрави вилоят, ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар муддати начандон тӯлонӣ музаффариятҳои азими истиқлолияти давлатӣ ҳастанд.
Пешниҳоди Ҷаноби Олӣ оид ба ҳадафи чоруми милли – саноъатикунонии босуръати мамлакат ва эълон шудани солҳои 2019 – 2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ воқеан ҳам пояҳои асосии истиқлолияти иќтисодӣ ва сиёсии давлатамонро хеле устувор месозанд ва барои ВМКБ айни муддао ҳастанд.
Ғамхорӣ дар ҳаққи мардуми кишвар, боло бурдани сатҳи зиндагии онҳо, ҳаёти осудаву саодатмандонаи ҳар хонадони мамлакат мақсаду маром ва ҳадафи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо бояд тамоми чораву тадбирҳоро амалӣ созем, ки ҳар як сокини кишвар аз самараву неъмати истиқлолият баҳравар гардад.
Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо, озодии виҷдон, иҷрои озодонаи расму русуми динӣ, сохтмони масҷидҳо ва ҷамоатхонаҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди нерӯи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд.
Ҷавонону наврасони мо бояд аз решаҳои тамаддуни бостонӣ, забону фарҳанги миллӣ ва ойинҳои давлатдории ниёгони худ огоҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллӣ саъю талош намоянд. Аз хама гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, гурўҳҳои ҷиноӣ ва амалхои ғайриқонунӣ дар канор бошанд ва бинокори ояндаи Точикистони соҳибистиқлол бошанд. Ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллат як рукни бисёр муҳимми истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ду боли тавоное мебошанд, ки Тоҷикистонро ба парвозҳои баланд ҳидоят менамоянд. Пойдории ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар саросари кишвар ва тараққиёти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар натиҷаи хизмати бузургу қаҳрамононаи халқи хирадманд, сулҳдӯст ва бунёдкори тоҷик ба воқеият табдил ёфт.
Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст. Ҳамзамон бо ин, ба қадри ин неъмати бебаҳо – яъне ватан ва истиқлолияти он расидан масъулияти аз ин ҳам бузургтар мебошад. Ҷавонони мо бояд аз забону фарҳанги миллӣ ва ойинҳои давлатдории ниёгони худ огоҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллӣ саъю талош намоянд. Аз ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, гурўҳҳои ҷиноӣ ва амалҳои ғайриқонунӣ дар канор бошанд ва созандаи оянда Тоҷикистони соҳибистиқлол бошанд. Ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллат як рукни бисёр муҳимми истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Бо арзи чунин ниятҳои нек тамоми ҳамватанони азизро бо ҷашни бошукӯҳи сарзамини азизамон – Рӯзи истиқлолияти давлатӣ бори дигар самимона табрик намуда, ба ҳар як хонадони мардуми диёр ободиву хушбахти ва файзу баракат орзу менамоям.
Пояндаву ҷовидон бод истиқлолияти миллати кўҳанбунёд, сулҳдӯст, бунёдкор ва фарҳангпарвари тоҷик!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *