РУШДИ ДЕҲОТ

Дар мавзеи Ҷелондии ноҳияи Шуғнон меҳмонхонаи замонавӣ бо иштироки муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Меҳмонхона аз ҷониби соҳибкор Насим Раҳматшоев бо маблағи 585 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ 8 ҳуҷра бо катҳои хоб ҷойгир карда шудааст. Дар маҷмӯъ меҳмонхона метавонад дар як вақт то 20 нафарро қабул намояд. Ҳуҷраҳо бо ҷиҳоз, телевизор ва дигар ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Иншоот дар муддати кӯтоҳ ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шудааст. Тибқи иттилои масъулин, дар давраи корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот наздики 40 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд ва акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои меҳмона, 15 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.
Бунёди чунин меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Шуғнон саривақтӣ аст, зеро ин ноҳия бо табиати зебову рангин ва обҳои шифобахши мавзеи Ҷелонди метавонад шумораи сайёҳони хориҷи ва дохилиро дар вилоят афзоиш диҳад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *