БАРНОМАИ РУШДИ ИҚТИСОДИ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ ШУҒНОН МАВРИДИ ТАҲЛИЛ ҚАРОР ДОДА ШУД.

БАРНОМАИ РУШДИ ИҚТИСОДИ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ ШУҒНОН МАВРИДИ ТАҲЛИЛ ҚАРОР ДОДА ШУД.
Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Шуғнон бо иштироки муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ва раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Қосим Роҳбар ва дигар роҳбарони идораву муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ мавриди таҳлил қарор дода шуд. Ҷаласаро раиси ноҳияи Шуғнон Гиёзода Азиз Қодир кушода эълон намуда сухани ифтитоҳиро ба раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Қосим Роҳбар доданд.
Қосим Роҳбар зимни баромади худ қайд карданд, ки баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иҷтимоию – иқтисодии ноҳияи Шуғнон марҳила ба марҳила дар натиҷаи татбиќи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин гардида истодааст. Табиати хушманзараи ноҳия барои рушди соҳаи туризм мувофиќ буда, чашмаҳои гарму шифобахш (Ҷелондеҳ, Бадчор ва Биҷандара), захираю канданиҳои зиёди табиӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва манзараи зебо мавҷуд мебошад, ки истифодаи онҳо ба рушди минбаъдаи ноҳия мусоидат карда истодааст. Шумораи аҳолии ноҳия ба ҳолати 1 – уми июли соли 2019 ба 41 ҳазору 254 нафар расида нисбат ба соли 2015 (39008 нафар), 2246 нафар ё 5,5% зиёд гардидааст. Ноҳия аз 7 Ҷамоати деҳот иборат буда, дар ҳудуди он 6010 хонавода зиндагонӣ мекунанд. Шуғли аҳолии ноҳия асосан ба соҳаи кишоварзӣ равона гардидааст. Ифтихори мардуми ноҳияи Шуғнон аст, ки Қаҳрамони миллати тоҷик Шириншоҳ Шоҳтермур дар ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳия ба дунё омадааст ва ин гувоҳӣ он аст, ки ин сарзамини қаҳрамонон мебошад. Аз рўи нишондиҳандаҳои оморӣ ба ҳолати 01.01.2019 рушди соҳаҳои иқтисодии ноҳия таъмин гардида, маблағи истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ 172,1 млн.сомониро (буд соли 2015, 154,2 млн. сомонӣ) ташкил дода, нисбати соли 2015 (17,9 млн.сомонӣ) 111,6% зиёд мебошад. Барномаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳияи Шуғнон барои солҳои 2015 – 2019 татбиқи 147 лоиҳа бо маблағгузории 214,7 млн.сомонӣ қабул гардидааст, ки амалигардонии он ба рушди иҷтимоӣ – иқтисодии ноҳия таъсири мусбӣ расонида ва бо ин васила сатҳи некуаҳволии мардуми ноҳия то андозаи муайян баланд бардошта шуда истодааст.

Татбиқи ҳадаф ва афзалиятҳои Стратегияи милии рушди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамчун нақшаи амали директивӣ, иҷрои саривақтии супоришҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми сафарҳои кориашон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва амалишавии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маќомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» пешрафти иќтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми маҳаллиро таъмин карда истодааст.

Ҳамзамон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро танзим мекунад.
Таъмини нишондиҳандаҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019:

2.1. Таъмини пешрафти устувори иқтисодӣ (ҳадафи стратегӣ);
2.2. Рушди соҳибкорӣ;
2.3. Рушди саноат;
2.4. Таъмини истиќлолияти энергетикии мамлакат (ҳадафи стратегӣ);
2.5. Аз бумбасти коммуникатсионӣ баромадан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон(ҳадафи стратегӣ);
2.6. Ҳифзи амнияти озуқаворӣ (ҳадафи стратегӣ);
2.7. Вусъати шуғли пурмаҳсул (ҳадафи стратегӣ);
2.8. Рушди сайёҳӣ
2.9. Рушди сармояи инсонӣ (рушди маориф);
2.10. Рушди тандурустӣ;
2.11. Амалӣ намудани қатъномаи Маҷмаи умумии СММ доир ба “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018 – 2028”;
2.12. Рушди варзиш ва ҷавонон;
2.13. Риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воќеӣ ва ҳуқуқӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”;
2.14. Таъмини ҳолати хуби экологӣ;
2.15. Баробарии гендерӣ.
Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов қайд намуданд, ки мо бояд ба ҳали масъалаҳои барномаи иқтисодию иҷтимоии ноҳияҳои вилоят вобаста ба шароити ва имкониятҳо воқеъбинона назар кунем. Ба изофанависи омори дар ҳамаи соҳаҳо хотима бахшем. Онгоҳ мо метавонем барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии вилоятро натичабахш намоем. Барномаҳое, ки аз вилоят ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад мо бояд мутмаин бошем, ки барномаи пешниҳодгардида дар шароити кӯҳистон амали кардан мумкин аст. На ҳамаи барномаҳои пешниҳодгардидаи роҳбарони ноҳияҳои вилоят ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити вилоят амали кардан мумкин аст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *