МАШВАРАТИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ВМКБ

Субҳи имрӯз дар толори бинои дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон машварати назорати назди раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов баргузор карда шуд.
Дар машварат муовини якуми раиси вилоят, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, кормандон масъули дастгоҳи раиси вилоят, раиси шаҳри Хоруғ, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят иштирок намуданд.
Дар машварат се масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз рӯи масъалаи якум рафти иҷрои қарори раиси ВМКБ аз 2 апрели соли 2013 , #93 “Дар бораи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012 ” Дар бораи дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013- 2023″ муовини сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят Додалиев Нуралӣ баромад намуданд.
Раиси вилоят мӯҳтарам Ёдгор Файзов аз вазъияти бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардор дар вилоят изҳори нигаронӣ намуда қайд карданд, ки ” Тарзи нодурусти зиндагӣ ва камҳаракатӣ дар аксари вақт сабаби зиёд шудани ҳолатҳои гирифторӣ ба бемориҳои дилу рагҳои хунгарди инсонҳо мегардад , ки мутаассифона, вилоят низ аз ин ҳисоб истисно нест.
Солҳои охир дар тамоми дунё яке аз сабабҳои асосии ба марг ва маъюбият гирифтор шудани одамонро бемории cактаи дил медонанд. Ин беморӣ ҳар сол беш аз 17 миллион одамонро аз байн мебарад. Сабабҳои асосии ин беморӣ- баландшавии фишори хун, болоравии холестерин ва глюкоза дар хун, диабети қанд, сигор кашидан, вазни зиёд, камҳаракатӣ ва истеъмол накардани ғизои солим мебошанд.
Фаъолияти иҷтимоии инсон, оқилона ба роҳ мондани фаъолияти корӣ ва истироҳати фаъол дар реҷаи рӯз, дуруст ташкил намудани фароғати фарҳангӣ , ҳаракати фаъоли муносиб, истифодаи қувваҳои шифобахши табиат (офтоб, ҳаво, об), хурду хӯроки дуруст, ҳолати сиҳатии психологӣ дар оила, ҳамаи инҳо бо ҳамдигар вобаста буда, ба омилҳои тарзи ҳаёти солим дохил мешаванд. масъулини соҳаи тандурустии вилоят дар ҳамкор бо соҳаи тандурустии Фонди Оғохон бояд ташвиқу тарғиби ҳаёти солимро таввасути воситаи ахбори омма ва вохӯриҳо бо мардум пурзӯр намоянд. Сокинони вилоят бояд аз роҳҳои оддитарини пеш бурдани ҳаёти солим бохабар бошад”.
Аз руи масъалаи дуюм рафти иҷрои қарори Раиси ВМКБ аз 14 сентябри соли 2016 “Оиди иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли 2016 ” Дар бораи Барномаи рушди таълимии касбии калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020″ муовини раиси вилоят Иматшозода Анвар баромад намуданд.
Аз рӯи масъалаи сеюм омодагӣ ба таҷлили ҷашни 25 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода баромад намуда қайд карданд, ки имсол чорабини бахшида ба 25 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳамаи қишриҳои ҷомеа дар шаҳри Хоруғ таҷлил мегардад, зеро дастовардҳое, ки давоми солҳои амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон насиби халқу давлати тозабунёди мо гардидаанд, натиҷаи хирад ва сиёсати оламгири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ватандӯстии халқи шарифи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин санади тақдирсоз-шаҳодатномаи бақо ва ҳастии давлат, аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта буда, баёнгари бунёди давлати ҳуқуқии соҳибистиқлоли тоҷикон, ормонҳои давлатдорӣ, осори таърихӣ ва фарҳангии миллӣ мебошад.»
Дар анҷоми машварат аз тарафи иштирокдорон пешниҳодҳо оиди масъалаҳои баррасигардида пешкаш карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *