Вазифаи аввал – таъмини амният

Сафари кории Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – полковник Саймумин Ятимов қариб як ҳафта боз дар вилоят ҷараён дорад. Мавсуф дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рўшон, Мурғоб бо фаъолон, ҷавонон, намояндагони дигар ќишрҳои ҷомеа вохўрию мулоќот баргузор намуда, аз чораҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ободкорию созандагиҳо, таҳкими сулҳу субот, таъмини амният, тақвияти ҳамкори бо мардум ҳарф заданд. Имрўз соати 11 дар мачлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят вохўрии роҳбари ин ниҳод бо фаъолон, ҷавонон, халифаҳо, собиқадорони меҳнати шаҳри Хоруғ, намояндагони мардум аз ноҳияҳои Роштқалъаю Шуғнон сурат гирифт. Дар мулоқот ҳамчунин муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, сарварони сохторҳои қудратию интизоми, иқтисодиву иҷтимои ҳузур доштанд. Вохўриро муовини Раиси Мачлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ВМКБ Ёдгор Файзов оғоз бахшид ва зимни суханрони саҳми бузурги раиси КДАМ Саймумин Ятимов, сардори раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Аламшо, дигар роҳбарони сохторҳои интизомию ќудрати, чавонон, халифаҳо, раисони маҳаллаҳо, собиқадоронро дар мустақар намудани суботу ороми дар шаҳри Хоруғ, сурати мўътадил гирифтани низому тартибот дар шаҳр ва ноҳияҳо махсус зикр намуд ва ба сарвари ин сохтори амнияти сухан дод. Раиси КДАМ изҳори хушнуди намуд, ки авзои вилоят дар қиёс бо моҳи октябри соли гузашта хеле мўътадил гаштааст. Дар робита бо қабл аз мўҳлат – дар се рўз иҷро шудани нақшаи даъвати тирамоҳи ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ Саймумин Ятимов арзи сипоси Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Ҷаноби Оли Эмомали Раҳмонро ба мардуми ВМКБ ба ҳозирин расонид. Дар идомаи сухан роҳбари сохтор чораҳои андешидаи роҳбарияти мамлакатро дар ободонии вилоят хотиррасон сохта, ҳамзамон тадбирҳои амниятиро роҷеъ ба пойдории сулҳу субот дар кишвар, аз ҷумла, ВМКБ зикр намуд. Саймумин Ятимов аз пайвастани ҷавонон ба гурўҳҳои ифротгаро махсус ёдовар шуд ва таъкид ба амал овард, ки баҳри устувории суботи ҷомеа ҳамкории тамоми сохторҳо бо мардум натичаи бисёр хубе ба бор меорад. Ў ба мардуми Бадахшон барои иқдоми шоистаашон барои саҳми арзанда дар барқарор намудани низому тартибот ва волоияти қонун арзи ташаккур кард. Дар мулоқот намояндагони ҷавонон, собиқадорон, чомеаи шаҳрванди пуштибонии худро аз сиёсати созандаи Сарвари муаззами давлат баён карда, ба Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон барои ғамҳориҳои пайваста ташаккури самими баён доштанд. Раиси вилоят вохўриро ҷамъбаст ва барои ширкати фаъолона дар вохўри ба иштирокдорон изҳори сипос намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *