ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУХИСТОНИ БАДАХШОН.

Субҳи имрӯз бо иштироки муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов чорабинии идона бахшида ба 25 солагии бахтномаи миллат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори ситоди байниидоравӣ ва таъмини амният дар вилоят Аламшозода Абдураҳмон, муовини якуми раиси вилоят Алишер Мирзонаботов , муовинон, раиси шаҳри Хоруғ, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят иштирок намуданд.
Раиси вилоят мӯҳтарам Ёдгор Файзов ҳамаи иштирокдорони чорабиниро бо ин санади муҳими сиёси табрик намуда қайд карданд, ки таърих гувоҳ аст, ки Конститутсияи имрузаи давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон дар вазъияти номутташаниҷи сиёсӣ қабул карда шудааст. Агар ба таърихи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем ба мо маълум мегардад, ки дар Тоҷикистон то ба имруз 5 маротиба Конститутсия қабул карда шудааст. Аммо дар таърихи тоҷикон Конститутсияи имрузамалкунанда Конститутсияе мебошад, ки Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон кард. Конститутсия ин кафолати озодӣ, шаъну шараф ва ҳуқуқи инсонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Давлати мустақил давлатеро меноманд, ки дорои рамзҳои давлатӣ, сарҳад, артиш мебошад. Дар баробари ҳамаи ин ҳар як давлат қонуни асосӣ дорад, ки дар он ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандонаш сабт шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам китобе ҳаст, ки мо онро «Қонуни бахт», «Бахтнома» мегӯем, зеро дар ин китоб, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дорад, тамоми қонуниятҳои зиндагонии сокинони кишвар сабт шудааст. Бояд ҳар як сокини ҷумҳурӣ ин китоби муқаддаси миллатро эҳтиром карда, дар доираи арзишҳои он кору фаъолият намояд.
Баъди суханронии раиси вилоят барномаи консертӣ бахшида ба 25 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи аҳли фарҳанги шаҳри Хоруғ пешкаши иштирокдорон гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *