МАКТАБ ЛИТСЕЙИ ОҒОХОНИ ШАҲРИ ХОРУҒ АЗ ТАЪМИРИ КАПИТАЛӢ БАРОВАРДА ШУД.

Литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ яке аз муассисаҳои таълимии пешқадами шаҳри Хоруғ мебошад, ки дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда дорад. Муассисаи таълимии 1998 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мавлоно Ҳозиримом Пешвои исмоилиёни дунё мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Имсол бошад бо маблағи 4 миллион сомони аз таъмири капиталӣ бароварда шуд. Дар муассисаи таълими 1080 нафар хонанда ва 72 нафар омузгор таҳсил ва фаъолият карда истодаанд. Соли ҷори 87 нафар хатмкунандагони ин муассиса ба Донишгоҳ ва донишкадаҳо дохил гардиданд, 47 нафари онҳо ба донишгоҳои хориҷи мамлакат дохил гардиданд. Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов аз таъмири ин боргоҳи маърифат дидан намуданд. Омӯзгорон ва хонандагони мактаб литсейи Оғохонро бо 25 солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда қайд карданд, ки ин муассиса яке аз меваҳои шаҳдбори Ваҳдати милли ва ҳамкории муваффақ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Оғохон мебошад. Яке аз супоришҳои Пешвои миллат ба соҳаи маориф ин ба роҳ мондани омузиши забонҳои хориҷи аз ҷумла русӣ ва англисӣ мебошад. Ман гуфта метавонам, ки ин муассисаи таълимӣ ин Амри роҳбарияти олии мамлакатро бо сари баланд иҷро менамояд. Чунки дар ин мактаб забономузи хеле хуб ба роҳ монда шудааст ва барои мо боиси ифтихор ва сарфарози мебошад, ки ҷавонони зиёд аз вилоят дар ташкилотҳои байналмилалӣ, сохторҳои давлатӣ ва давлатҳои Аврупо ва Амрико кору фаъолият карда истодаанд, ки ин хизмати бевоситаи ин муассисаи таълимӣ мебошад. Ҷавобан ба ин дастгириҳо хатмкунандагони ин боргоҳи маърифат бояд баъди хатми мактаб ба халқу ватани худ содиқона хизмат намоянд, изҳор дошт раиси ВМКБ мӯҳтарам Ёдгор Файзов.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *