Ба максади боз хам самаранок ба роҳмондани ҳамкориҳои хадомотҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон бо ташкилоту созмонхои байналмиллалӣ ҷиҳати пешгирӣ ва сари вакт бартарафнамудани ҳамагуна ҳолатҳои фавқулодда дар мавсими зимистону баҳори соли 2020 таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Носирзода Умедҷон ҷаласа оид ба мутобикат ва баҳодиҳи баргузор карда шуд. Аз тарафи иштирокчиёни ҷаласа пешниҳодҳо оид ба фаъолият дар пешгирию бартарафсозии офатҳои табии дар соли сипаригашта ва нақшаҳо ҷихати паст кардани хавфи офатҳои табии ва харҷи кам кардани зарари эътимоли дар мавсими тармафароии зимистони дар пеш истода баррасӣ карда шуданд.
Рохбарони ташкилотхои шабакаи Оқохон аз чумла Барномаи ҷонибдории рушди иҷтимоии манотиқи кӯхистон (MSDSP)-и Хазинаи Оқохон ва Хадамоти Оқохон оид ба ҳифзулсиҳат дар ВМКБ, Барномаи Озуқавории Ҷахонӣ, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ВМКБ, Идораи Хазинаи Кӯдакони СММ ва Идораи Созмони байналмилалии муҳоҷират дар ш. Хоруг пешниҳод доштанд, ки метавонанд дар тоза кардани роҳҳои мошингард, расондани кӯмаки моддӣ ба оилахои зарардида саҳми худро расонанд.
Хамчунин таъкид гардид ки диққати махсус ба боз хам фаъол гардонидани масъулият ва ширкати ҷомеаи шаҳрванди дар чорабинихои прфлактикию пешгирикунандаи ҳодисаҳои нохуш равона карда шавад.
Қарор кабул карда шуд, ки таҳти назорати доими карор гирифтани вазъият дар ҳудуди вилоят ва сари вақт андешидани чораҳои зарури дар мавсими зимистони соли 2020 аз ҷониби роҳбарияти гуруҳи РЕАКТ – Раёсати Кумитаи Ҳолатҳои Фавқулодда, Оҷонсии Оғохон оид ба макони зист (АКАН) ҳар моха вохурии аъзоёни гуруҳи РЕАКТ гузаронида шавад.