МАШВАРАТИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ВМКБ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон машварати назоратии назди раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон баргузор гардид. Дар машварат муовини якуми раиси вилоят, муовинон, кормандони масъули дастгоҳи раиси вилоят, раиси шаҳри Хоруғ, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят иштирок намуданд.
Дар машварат ду масъалаи муҳим дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва системаи ягонаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул мавриди таҳлил қарор дода шуданд. Муовини сардори Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят Гулмамадов Г баромад намуда қайд карданд, ки аз тарафи раёсат барои ҳимоя намудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бозори марказии шаҳри Хоруғ, мағозаҳо ва марказҳои савдо гузаронида шуд ва маҳсулотҳои пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузаштаги аз фурӯш бардошта шуданд. Раиси вилоят афзуд, ки Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоятро зарур аст, ки барои ҳифз намудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни соҳибкорон пурзӯр намояд ва дар бартараф намудани маҳсулотҳои пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузаштаги кормандони ҳифзи ҳуқуқи вилоят вазифадор гардиданд, нисбати чунин соҳибкорон чораҳои зарури андешанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *