БУНЁДУ АЗНАВСОЗИИ ШОҲРОҲҲОИ АҲМИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ҶУМҲУРИЯВИДОШТА ДАР БАРНОМАИ МАҚСАДНОКИ ДАВЛАТИИ РУШДИ КОМПЛЕКСИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО СОЛИ 2025 ДАР АМАЛ ТАТБИҚ ШУДА ИСТОДААСТ.

БУНЁДУ АЗНАВСОЗИИ ШОҲРОҲҲОИ АҲМИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ҶУМҲУРИЯВИДОШТА ДАР БАРНОМАИ МАҚСАДНОКИ ДАВЛАТИИ РУШДИ КОМПЛЕКСИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО СОЛИ 2025 ДАР АМАЛ ТАТБИҚ ШУДА ИСТОДААСТ.
Аӣни замон дар ҳудуди вилоят 2728,35 км роҳҳои автомобилгард мавҷуд ҳастанд, ки аз онҳо 1276,3 км роҳҳои байналмиллалӣ, 383,5 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 1068,55 км роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидоштаро ташкил медиҳанд.
Дар ин роҳҳо 281 адад пулҳои мошингузар, аз он ҷумла 186 адад аз оҳану бетон, 95 адад оҳанин мавҷуд ҳастанд.
Дар давоми солҳои истиқлолият дар бахши роҳсозӣ, таҷдиду барқарорсозии роҳҳои автомобилгарди вилоят ва ҷиҳати баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ бо ҷалби лоиҳаҳои инвеститсионӣ як қатор корҳои мушаххас ба анҷом расонида шудаанд. Яке аз иншоотҳои муҳиме, ки дар тарақиёти иқтисодию иҷтимоии вилоят саҳми ногусастанӣ дорад ва вилоятро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшида бо давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ пайваст намуд, ин кушодашавии шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Қалъаихумб – Хоруғ – Мурғоб ва Ағбаи Қулма мебошад.
Инчунин, таҷдиди роҳи Кулоб – Қалаихумб тибқи ҷадвали рақами 5-и Барнома аз соли 2004 оғоз гардида, то охири соли 2017 – 134,7 км роҳҳо бо маблағгузории 174,8 млн. доллари америкоӣ аз нав таҷдид гардидаанд, ки аз он роҳи автомобилгарди қитъаи Шикев – Зиғар ба масофаи 38 км ба маблағи 31,8 млн. доллари америкоӣ, роҳи Шоҳон – Зиғар марҳилаи 1, 2, 3 ба масофаи 22,7 км ба маблағи 50,4 млн. доллари америкоӣ, роҳи автомобилгарди Шуробод – Шоҳон, ки қитъаи роҳи автомобилгарди Душанбе – Кулоб – Хоруғ – Мурғоб – Қулма мебошад ба масофаи 40 км таҷдид ва асфалтпуш гардид ва хароҷоташ маблаға 92,7 млн. доллари америкоиро ташкил дода, соли 2017 ба истифода дода шуд.
Мутобиқи ҷадвали рақами 6-и Барномаи таҷдиди пулҳо дар доираи лоиҳаи таҷдиди пулҳои роҳи Шикев – Зиғар 10 адад, Шоҳон – Зиғар 1, 2, 3 – 9 адад ба итмом расонида шудаанд, таҷдиди 9 адад пулҳо дар доираи лоиҳаи Кулоб – Ќалаихум ќисмати роҳи Шуробод – Шоҳон ба анҷом расонида шуд.
Ќайд кардан зарур аст, ки берун аз Барнома дар соли 2015 сохтмони пули автомобилгард дар 456 км роҳи автомобилгарди Душанбе – Кулоб – Хоруғ – Ќулма мавзеи Сурхсангов бо дарозии 140 метри тулонӣ ба маблағи 22,0 млн. сомонӣ ва дар соли 2018 сохтмони 1 адад пул дар 638 км мавзеи Барсем ба маблағи 1034,3 ҳазор сомонӣ сохтмон оғоз гардид ва сохтмони пули мошингузар дар 42 км роҳи автомобилгарди Хоруғ – Роштқалъа – Туқузбулоқ бо маблаѓгузории 6,2 млн. сомонӣ ба истифода дода шудаанд.
Дар соли 2019 корҳои лоиҳакашӣ ва омодагӣ дар доираи барномаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва рушди деҳот» ҷихати таъмини устувори зидди хатарҳои офатҳои таббиӣ дар қаламрави вилоят сохтмони 18 адад пул ба маблағи 20,0 млн доллар ИМА оғоз гардиданд.
Аз он ҷумла дар ноҳияҳоии Ванҷ 8 адад пул ба масофаи 226 метр, Рушон 4 адад пули мошингузар ба масофаи 200 метр, Мурғоб 4 адад пули мошингузар ба масофаи 102 метр ва Дарвоз 2 адад пул ба масофаи 41 метр амалӣ хоханд гашт.
Соли 2019 бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мариҳолаи якуми таҷдиди роҳи Қалъаихум-Ванҷ дар мавзеъи Шкев-Қалъаихум ба масофаи 26 км оғоз гардида, баъди ба анҷом расониданаш марҳилаи дуюм таҷдиди роҳи Ќалаихум-Ванғ оғоз мегардад. Аз соли 2020 бошад сохтмони роҳи автомобилгарди Калъаихум-Ванҷ-сарҳади ноҳияи Рушон ки маблағи 226,4 млн. долари ИМА ташкил медихад, оғоз мегардад, ки ин сохтмони 93 км роҳ, 15-адад пул 2-адад нақб ва 5-адад долонҳои зидди тармавиро дар бар мегирад.
Ќайд кардан лозим аст, ки дар доираи ин барнома таҷдиди роҳҳои Лаби Ҷар-Қалъаихумб, Ќалъаихумб-Рушон, Рушон-Хоруғ, Сурхсангов (456 км)-то маркази ноҳияи Ванҷро ва роҳи осоишгоҳи Гармчашма то соли 2020 ба нақша гирифта шуда, бо дарёфти манбаҳои маблағгузориӣ амалӣ мегарданд.
То соли 2025 тибқи барномаи мазкур таҷдиди роҳҳои Хоруғ-Туқузбулоқ ба масофаи 185 км ба маблаѓи 31,8 миллион долари ИМА, роҳи автомобилгарди Музкул-Мурѓоб ба масофаи 126 км ба маблаѓи 30,3 миллион долари ИМА, роҳи автомобилгарди Мурѓоб-аѓбаи Ќулма ба масофаи 90 км ба маблаги 21,624 миллион долари ИМА, роҳи автомобилгарди Хоруғ-Ишкошим ба масофаи 105,0 км ба маблағи 26,2 миллион долари ИМА, роҳи автомобилгарди Ишкошим-Тузкул ба масофаи 210,5 км ба маблағи 52,8 миллион долари ИМА, роҳи автомобилгарди Қалъаи Хум-Дашти Луч ба масофаи 6,9 км ба маблағи 779,6 ҳазор долари ИМА, роҳи автомобилгарди аз 609 км то деҳаи Поршенев ба масофаи 4,6 км. ба маблағи 533,0 ҳазор долари ИМА ва роҳи автомобилгарди Хоруғ-Туқузбулоқ ба масофаи 157 км ба маблағи 37,1 миллион долари ИМА ва таҷдиди 91 пул ба дарозии 7230 метри тулонї ба маблаѓи 1915,2 ҳазор доллари ИМА дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулоб-Хоруѓ-Ќулма, 16 адад пул ба дарозии 167 метри тулонӣ ба маблаѓи 319,2 ҳазор доллари ИМА дар роҳи автомобилгарди Мурғоб-ағбаи Қизил-Арт ва 63 адад пул ба дарозии 536 метри тулонї ба маблаѓи 861,8 ҳазор доллари ИМА ба нақша гирифта шуда, барои дарёфти маблағгузорӣ ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *