САҲМИ НОҲИЯҲОИ ВМКБ ДАР НИГОҲДОРИИ ШОҲРОҲИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ

Ноҳияи Ванҷ
Муассисиаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ванҷ 254,1 км таъмин ва нигоҳдорӣ намуда, аз он ҷумла 40 км роҳҳои аҳамияти байналмиллалӣ, 61,3 км роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 152,8 км роҳи дорои аҳамияти маҳалӣ мебошад.
Дар соли 2019 тахту ҳамворкунии роҳ истифода аз автогрейдер дар масофаи 120 км , таъмири миёнаи роҳ бо усули асфалтпушкуни ба масофаи 0,15 км ва бо усули шағалпушкуни ба масофаи 3,1 км , таъмири 5 адад купрук ба масофаи 131 метри тулони, 21 адад қубур ба масофаи 94 метри тулони аз таъмир бароварда шудаанд.
Дар соли 2019 сохтмони купруки харобгашта дар 7 км–и мавзеъи Мотравни ҷамоати Язгулом бо маблағи 222,0 ҳазор сомонӣ оғоз гардида соли 2020 ба анҷом расонида мешавад.
Инчунин, барои сохтмони пулҳои мошингузар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Язгулом аз болои дарёи Язгулом ва болои дарёчаи Андарбак бо маблағи харҷномавии 8500,0 ҳазор сомонӣ, дар ҷамоати деҳоти Техарв болои дарёчаи Сед бо маблағи харҷномавии 8500,0 ҳазор сомонӣ, болои дарёчаи Техарв бо маблаӣ харҷномавии 7500,0 ҳазор сомонӣ, болои дарёи Ванҷоб бо маблағи харҷномавии 9000,0 ҳазор сомонӣ, болои дарёчаи Чихох бо маблағи харҷномавии 2300,0 ҳазор сомонӣ аз тарафи Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаи «Мустаҳкам намудани инфросохтори муҳим ҷиҳати устуворӣ бар зидди офатҳои табиӣ» бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ таҷҳизоти коркарди қуму шағал васл гардида истода, сохтмони купрукҳо дар моҳи марти соли равон ба нақша гирифта шудааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *