ВАЗЪИ ШОҲРОҲИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ, ҶУМҲУРИЯВӢ ВА МАҲАЛЛӢ ДАР ҲУДУДИ НОҲИЯИ ШУҒНОН

Ноҳияи Шуғнон яке аз калонтарин ноҳияҳои вилоят ба ҳисоб меравад. Айни замон дарозии роҳҳои автомобилгарди ноҳия ба масофаи 370,7 км ташкил дода, Муассиасиҳои нигоҳдории роҳои автомобилгарди ноҳияро ба ҳуда доранд, ки аз он 101,85 км роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ, 4,6 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 264,2 км роҳҳои аҳамияти байналмиллалӣ мебошад.
Муассиасиҳои нигоҳдории роҳои автомобилгарди ноҳия 50 адад купрук ба масофаи 878,8 метри тулонӣ ва 807 адад қубур бо дарозии 10963 нигоҳдорӣ мекунанд.
Дар барномаи сармоягузории таҷдиди пулҳо ва роҳҳои автомобилгарди ВМКБ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми апрели соли 2011, №165 “Дар бораи Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025” тасдиқ карда шудааст, барои солҳои 2020-2025 сохтмони 4,36 км роҳҳои маҳаллии минтақаи 609 км РБ-04 деҳаи Поршинев ба маблағи 533,1 ҳазор доллари ИМА дохил карда шудааст.
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтаќаи Ғунди ноњияи Шуғнон моҳи январи соли 2011 ташкил шуда, дар тавозуни худ 233,5 км роҳ дорад, ки аз он 189 км роҳҳои аҳамияти байналмиллалӣ ва 44,5 км роҳҳои маҳаллӣ ташкил дода, 27 адад купрук ва 520 адад қубурҳои гуногуни обгузар мавҷуд буда, мавриди истифода қарор доранд.
Дар соли 2019 МДНРА-и мин Ғунди н. Шуғнон 129 км роҳҳоро аз таъмири ҷорӣ ва 3,1 км роҳ аз таъмири миёна бо усули шағалпушкуни, 10 адад купрук ба масофаи 182 метри тулони ва 8 адад қубур ба масофаи 77 метри тулони таъмир карада шудаанд.
Таҷдид роҳи автомобилгарди Варшез-Бадшор ки бо дарозии 20 км аз тарафи Агентии Ҷопон оиди ба ҳамкории байналмилалии (JICA) ба маблағи 63,5 ҳазор сомонӣ таҷдид гардид.
Таъмири купруки мошингарди деҳаи Барсем аз ҳисоби маблағгузории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 145,0 ҳазор сомони корҳои сохтмони иҷро гардид. Сохтмони купруки пиёдагарди роҳи автомобилгарди деҳоти Ванқалъа аз ҳисоби маблағгузории Барномаи ҷонибдории инкишофи иљтимоии манотиќи кўњистони Хазинаи Оғохон иҷро гардид. Сохтмони купруки пиёдагарди деҳаи Сижди деҳоти Навобод аз ҳисоби маблағгузории Барномаи љонибдории инкишофи иљтимоии манотиќи кўњистони Хазинаи Оѓохон иҷро гардид. Таъмири роҳи 609 км деҳаи Поршенев (4,6 км) аз ҳисоби маблағгузории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ба маблағи 105,0 ҳазор сомонї даромадгоҳ ба шаҳраки Ваҳдат иҷро гардид. Таъмири роҳи Ширинҷонов–Хоруғ, Хоруғ-Шаҳбозов бо усули шағалпушкунии роњ ва таъмири чуқуриҳои роҳ бо мумқир аз ҳисоби маблағҳои таъмир ва нигоҳдории роҳҳо аз таъмир бароварда шудаанд. Сохтмони роҳи деҳаҳои Бидурд-Сипинз-Рож аз ҳисоби маблағгузории Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кўҳистони Хазинаи Оғохон ба маблағи 500,0 ҳазор сомонӣ иҷро гардид.
Таъмири купрукҳои Боғеви ҷамоати деҳоти Сучон, Ривак-Турбати ҷамоти деҳоти Навобод, Деҳмиёнаи ҷамоти деҳоти Вер, ҷамоати деҳоти Ванқалъа, Барчиди ҷамоти деҳоти Поршинев, ки бо гузаштани мошинҳои калонҳаҷм дар ҳолати ногувор қарор доранд дар доираи имкониятҳои мавҷудбуда таъмир карда шуданд.
Аз соли 2019 ба Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Шуғнон 7 адад техникаҳои нав аз он ҷумла ба Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ғунд 2 адад техникаҳои нав ворид гардидааст.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардуми Чин аз 29-уми декабри соли 2011 оиди фаъолияти шабонарузии ҳамасолаи гузаргоҳи Кулма-Қарасу, ки таъминот ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ба муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ғунд ва муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Шуғнон гузошта шудааст, масофаи роҳи аҳамияти байналмиллалидоштаи мазкур масофаи 200 км –ро ташкил дода, ин асосан дар самти Хоруғ-Мурғоб-Қулма аз болои ағбаи Куйтезак, Курук ва Харгушӣ дар баландии зиёда аз 4200 м аз сатҳи баҳр мегузарад.
Фасли зимистон дар ин минтақаи роҳ бармаҳал аз моҳи ноябр сар шуда то моҳи май яъне 7 моҳ давом мекунад, боришоти аз ҳама зиёд ва нуқтаи тармафароӣ зиёд дар ин роҳ ба миён меояд.
Ҷуйборҳои қад-қади роҳи деҳаҳои Риваки ҷамоати деҳоти Навобод, Барчид-Римеви ҷамоати деҳоти Поршенев, М.Ширинҷонов ва Нишуспи ҷамоати деҳоти Ғ .Шаҳбозов таъмир шуда бошанд ҳам, лекин аз сабаби хунукназарии сокинони деҳаҳои мазкур роҳҳои автомобилгард ҳамеша зери об мемонанд.
Раисони ҷамоатҳои ноҳияи Шуғнон барои дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгарди ноҳия дар якҷоягӣ бо Муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои ноҳия, бо сокинони деҳаҳо оиди сар надодани об ба болои роҳ ва бо маъёри зарурӣ обшорӣ кардани заминҳояшон корҳои амалӣ меандешанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *