Номаи табрикотӣ

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ду нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Нафиса Имронова ва Тоҳир Иброҳимов ба ҳайси тарроҳи беҳтарин, ки суннати ниёгони миллати тоҷикро аз қабили сӯзани ва зардӯзи дар арсаи байналмилалӣ дар шаҳри Парижи давлати Фаронса муариффӣ намуданд ва соҳиби ҷоҳизаи ЮНЕСКО гардиданд.
Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба Шумо дар эҳё намудани фарҳангу тамаддуни аҷдодии миллати тоҷик комёбиҳои беназирро таманно намуда ба зинаҳои баландтар муваффақ гардидан пирӯзиҳои нав ба навро хоҳонам.

Бо эҳтиром раиси ВМКБ Ёдгор Файзов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *