ТАБРИКОТИ муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба ифтихори 70-умин солгарди зодрӯзи олим, доктори илмҳои физика ва математика Гулхоҷа Ҷангибеков

Боиси хушҳоливу сарфарозии мост, ки яке аз шахсиятҳои намоёни Бадахшон, олими барҷаста доктори илмҳои физика ва математика Гулхоҷа Ҷангибеков ба синни мубораки 70 қадам ниҳод. Ман бо камоли эҳтирому самимияти беандоза ин марди номварро бо зодрӯзи муборакашон аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шахсан аз номи худам табрику шодбош мегӯям. Таҷлили ҷашнвораи шахсиятҳои фидокору заҳматпеша барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ҳам фарз асту ҳам суннат аст, зеро зиндагиномаи шахсиятҳое, чун Гулхоҷа Ҷангибеков намунаи олии меҳнатдӯстиву фидокорӣ мебошад ва эшон бо кору пайкори худ барои халқу Ватан хизматҳои зиёдеро дар соҳаи илму маориф анҷом додаанд.
Боиси ифтихору сарбаландӣ аст, ки таҳти роҳбарии бевосита ва кушишу заҳматҳои шабонарӯзии устоди гиромиқадр Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, ба яке аз боргоҳи калони зеҳнӣ таълимӣ табдил ёфт.
Ин аст, ки барои хизматҳои шоистааш соли 1987 бо нишони Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон ва соли 2008 бо Фармони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ордени “Шараф”идараҷаи II мукофотонида шудааст.
Илова ба ин саҳми устод Гулхоҷа Ҷангибеков фаъолияти илмӣ педагогиаш дар тарбияи кадрҳои баландихтисос шоистаи таҳсин аст.
Бо камоли эҳтиром ва арҷгузории бепоён бори дигар синни мубораки 70 – ро барои соҳибҷашн, хешу табор ва ҳамкорон муборакбод гуфта, барояшон сиҳатмандиву хонаободӣ барору комёбӣ ва дар ростои адои рисолати касбӣ музаффариятҳои беназир таманно дорам.


Бо эҳтиром Ёдгор Файзов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *