МАШВАРАТИ КОРИИ НАЗДИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ВМКБ

Дар машварати кории назди мовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонаботов пешравиҳо ва камбудиҳо дар фаъолияти соҳаи нақлиёти автомобили вилоят баррасӣ гардид. Дар он муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорони хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва масъулини шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии вилоят ширкат варзиданд.
Сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи наклиёти вилоят Мунаввар Шукурбеков аз хусуси фаъолияти солонаи кори соҳа ахборот дод. Қайд гардид, ки бо мақсади ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбарии шаҳрию наздишаҳрӣдар ҳамкорӣбо кормандони Прокуратура, Бозрасии давлатии автомобилии вилоят ва намояндагони мақомоти иҷроияи давлатии шаҳрию ноҳиявӣ соли сипарӣ 473 маротиба санҷишҳои назоратӣ гузаронда шуда, барои надоштани иҷозатнома ва риоя накардани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ нисбати 972 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфродӣ дар асоси Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» чораҳои амалӣ татбик гардиданд. Аз ҳисоби ҷаримабандӣ маблаги 258 ҳазору 160 сомонӣ ба буҷаи давлат ворид гардидаст, ки нисбати соли 2018-ум ба маротиб зиёд мебошад. Дар ин давра нисбати 82 нафар соҳибони воситаҳои нақлиёт, ки бар хилофи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои наклиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёри муқарраршуда зиёданд», парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ин ҳисоб ба фоидаи буҷаи давлат 188 ҳазору 550 сомонӣситонда шуд.
Барои ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёти мусофирбари шаҳрию наздишаҳрӣдар якҷоягӣ бо ҷамъиятҳо ва корхонаҳои нақлиётӣ чораҳои амалӣ пиёда гардида, дар давоми соли гузашта терминали мусофиркашони Хоруғ-Душанбе ба истгоҳи маҳаллаи Тем, истгоҳи нақлиёти мусофиркашонии ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, Рӯшону Шуғнони Поён ба Бозори «20-солагии Истиқлолият» кӯчонда шуда, барои нақлиёти мусофирбари минтикаҳои болоии ноҳияи Шуғнон ва Мурғоб моҳи июл дар мавзеъи Бидурд терминали мусофиркашонии замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар машварат ҳамчунин оид ба танзими ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути гузаргохи сарҳадии «Қулма» бо давлати Чин дар давоми соли 2019 сухан рафт. Қайд гардид, ки соли сипарӣ тавассути ин гузаргоҳ содироти 4149 адад воситаҳои нақлиёти ватанӣ, дар ҳаҷми 3396 тонна борҳои мухталиф, аз чумла 1523 тонна пахта, 367 тонна пӯст, 1112 тонна санги мармар ва 350 тона хокаи нуқра интиқол дода шудааст. Тавассути дидбонгоҳи «Қизиларт» бошад, дар ин муддат 38 адад нақлиёти боркаш гузар намуда, интиқоли 1056 тонна ангиштсанг ва 5 тона маводи дигари ниёзи мардум сурат гирифтааст.
Муовини якуми раиси вилоят Алишер Мирзонаботов бо такя ба муроҷиати зиёди шаҳрвандону тоҷирони ватанӣ ҷиҳати дар мавриди ворид намудани молу мавод тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии «Қулма» ва «Қизиларт» ҷой доштани ришвахӯрии кормандони ин гузаргоҳҳо изҳори нигаронӣ кард. Дар ин замина муовини якуми раиси вилоят сохторхои марбутаро таъкид намуд, ки пеши роҳи амалҳои таъмаҷӯёна дар гузаргоҳҳо гирифта шавад. Дар акси ҳол, нисбати онҳо чораҳои қонунӣдида хоҳанд шуд.
Алишер Мирзонаботов ҳамчунин ҷиҳати аз меъёр баланд бурдани қиммати роҳкироҳ дар самти Хоруғ-Ишкошим изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки сокинони ноҳияи Ишкошим барои анҷоми сафар ба маркази вилоят дар масофаи 110 км. роҳ маблағи 50 сомониро пардохт менамоянд. Ин дар ҳолест, ки аз шахри Хоруғ то деҳаи Ҷелондеҳи ҷамоати Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон мусофирон дар масофаи 123 км. роҳтанхо 25 сомонӣпардохт менамоянд. Масъулини соҳаи Хадамоти танзим дар соҳаи наклиёт муваззаф гардиданд, ки дар семоҳаи аввали сол масъалаи ба танзим даровардани нархи роҳкироҳ дар самти ноҳияи Ишкошим ҳаллу фасл намоянд.
Дар машварат ҳамчунин оид ба фаъолияти терминалҳои мусофирбари ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон, Дарвозу Мурғоб табодули назар гардида, тасмим гирифта шуд, ки комиссияи муштарак таҳти рохбарии мудири шуъбаи энергетика ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъсис дода шуда, барои ба танзим даровардани фаъолияти хатсайрҳои дигари ҳудуди вилоят санҷишҳо гузаронида шаванд.
Машварат ҳамчунин дигар масъалаҳои нигаҳдорӣ ва истифодаи нақлиёту роҳҳои вилоятро мавриди баррасӣ қарор дод.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *