Табрикоти муовини раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ба ифтихори 31 умин солгарди бозгашти ҳайҳати маҳдуди Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон

Муҳтарам ҷанговарони интернатсионалист!
Санаи 15 феврал дар саҳафоти китоби таърих чун рӯзи бозгашти Қӯшунҳои Ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон ба Ватан бо хатҳои зарҳалин сабт гардидааст. Инак аз ин санаи таърихӣ 31 сол мегузарад, вале он дар қалби ҳар яки мо чун рӯзи фаромӯшнашаванда нақш бастааст. Дарду доғ, воқеоту печидагиҳои он ҳаводиси пурмуфаҷо аз ёдҳои он нафароне, ки дар иҷрои вазифаву супоришҳои Ватан ҷон бозиҳо намудаанд, фаромӯш намешавад. Он лаҳзаҳои фоҷиабор аз лавҳи хотири зиёда аз 13 ҳазор модарону ҷигарбандони он ҷавонони навраста аз тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар хоки Афғонистон дар муҳорибаҳои хунин ҷонро ба ҷонофарин супурданд ва барои беш аз 1 миллион шаҳрвандони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар ҳодисоти Афғонистон иштирокчии бевосита буданд, заррае ҳам зудуда нахоҳад шуд.
Мусалламаст, ки 25 декабри соли 1979 қӯшунҳои маҳдуди Шӯравӣ бо дархосту талаби Ҳукумати онвақтаи давлати Афғонистон дохили қаламрави ин кишвар гардидаанд. Нерҳои Шӯравӣ пурра ба амалиётҳои ҷангӣ кашидашуда ва дар саросари Афғонистон амалиётҳои шаддиди ҷангӣ муддати 10 сол идома ёфтанд.
15 феврали соли 1989 қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз қаламрави Афғонистон пурра бароварда шуданд.
Зиёда аз 200 000 сарбозони Шӯравӣ барои иҷрои вазифаи интернасионалӣ дар хоки Афғонистон бо ордену медалҳо қадрдонб гардида, 71 нафар ба унвони олии «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» сарафроз гаштанд.
Ҳайати маҳдуди қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ вазифаи худро дар хоки Афғонистон сарбаландона ба ҷо овард.
Аз фурсат истифода бурда аввалан ба Шумо барои хизмати содиқона ба Ватан ва дастгирии сиёсати давлат ташаккури самимии худро баён намуда, 31-умин солгарди аз хоки Афғонистон берун шудани Қӯшунҳои ҳарбии Иттиҳоди Шӯравиро ба Шумоён муборакбод мегуям. Ба Шумо тани сиҳат, рӯзгори осуда ва дар фаъолияти минбаъдаатон муваффақиятҳои беназир орзумандам. Итминон дорам, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвари баҳам дӯсту ҳамсоя Тоҷикистону Афғонистон баҳри рушди ҳамаҷониба боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *