ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ ТАЪМИН МЕГАРДАД.

Таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат яке аз ҳадафҳои асосии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешравии мамлакат барои ноил шудан ба ин ҳадаф хеле ҳам назаррас буда, оғоз аз сохтмони нерӯгоҳи барқии кӯчак то иншоотҳои асрсохтмони НОБ – и Роғунро дар бар мегирад. Натиҷаи саъю кӯшиши Пешвои миллат, заҳмати фидокоронаи мардуми Тоҷикистон ва ташкили ҳамкории натиҷабахш бо шарикони рушд аст, ки мардуми Тоҷикистон имрӯз бебарқиро ба гӯшаи фаромушхоитири таърих гузошта истодааст. Ба хотири 24 соат таъмин намудани аҳолии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар ҳамаи фасли сол бо қувваи барқ дар ВМКБ низ корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд. Вале то ҳол аз сабаби камии об ва талаботи зиёд ба қувваи барқ аҳолии деҳот дар вилоят ҳанӯз аз норасаоии барқ дар фасли зимистон азоб мекашад. Ба замми ин 4 фоиз аҳолии вилоят ё ин ки 12 ҳазор одам тамоман аз истифодаи қувваи барқ маҳрум мебошанд. Аз мушкилоти мавҷуда роҳборияти Олии мамлакат, вилоят ва ширкати “Помир энерҷи” дар канор наистодаанд ва пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ин мушкилот ҳар чи зудтар ҳалли худро ёбад. Дар вохӯрие, ки 18 феврали 2020 бо роҳбарияти вилоят ва шарикони рушд баргузор карданд, намояндаи ширкати “Помир Энерҷӣ” бо муаррифӣ намудани нақшаи ширкат ҳамаро мутмаин сохт, ки ин мушкилот дар солҳои наздик бартараф хоҳад шуд. Дар ду – се соли оянда бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд дар вилоят корҳои зерин ба анҷом хоҳанд расонд:
1. Сохтмони НОБ – и Себзор бо иқтидори 11 мвт, маблағи зиёда аз 43 млн долар, мӯҳлати иҷро солҳои 2020 – 2022
2. Сохтмони нерӯгоҳи офтобии 200 квт дар маркази ноҳияи Мурғоб бо маблағи 655 000 долар, мӯҳлати ба итмом расонидан моҳи июни соли 2020
3. Сохтмони 18 неругоҳи офтобӣ ва 6 гибриди (офтобӣ ва боди) 61 деҳаи ноҳияи Мурғоб ва водии Бартанг баҳри таъмини 100 фоиз аҳоли бо қувваи барқ бо арзиши лоиҳавӣ 5 млн долар муҳлати иҷро солҳои 2020 – 2022
4. Ба итмом расонидани сохтмони НОБ – и Хатфат (450 кв) дар деҳаи Рошорв баҳри таъмини аҳолии 5 деҳа бо маблағи 2,1 млн долар, муҳлати иҷро 2021
5. Сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли барқ 110 кв: Хоруғ – Қозидеҳ, Поршинев – Буни, Буни – Вомар, Дашти Язгулом – Сурхсангови ноҳияи Ванҷ ва бо ҳамин пайваст намудани шабакаҳои барқии вилоят бо шабакаи ягонаи ҷумҳурӣ
6. Сохтмони зеристгоҳи барқӣ 35\110 кв дар мавзеҳои Помир 1 (нимаи аввали соли 2020), мавзеи Себзор ва шаҳри Хоруғ
7. Таъмин намудани 42 000 аҳолии Вилояти Бадахшони Афғонистон бо нерӯи барқ тавассути сохтмони хатҳои барқии байнимарзӣ дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон ва Дарвоз.
Дар умум дар мудати солҳои фаъолият ширкат бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат ва сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Тоҷикистон бо шарикони рушд ширкат тавонист 111 млн доллар барои амалӣ намудани 33 барнома ҷалб намояд ва ин имкон дод, ки тавоноии қувваи барқи вилоят аз 23,7 МВт, дар соли 2003 ба 44,1 МВт дар соли 2019 ва ба 55 МВт ва дар ду ё се соли оянда расонида шавад.
Раиси вилоят ин пешравиҳоро назаррас арзёбӣ намуда, вале қайд кард, ки бо рушди саноат ва инфросохтор дар солҳои наздик 55 МВт барои вилоят боз нокифоя хоҳад хоҳад шуд ва заруриати сохтмони НОБ и бузургтар ба мисли Санобод тақозои вақт аст

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *