ТАБРИКНОМАИ муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ба ифтихори 27 – умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мӯҳтарам афсарону сарбозон!

Боиси хушнудию фараҳмандии мост, ки имрӯз дар Ватани азизамон – Тоҷикистон дар муҳити сулҳу салоҳ, оромию осудагӣ ва фазои созандагию ободониҳо ҷашни бошукуҳ – Рӯзи таъсисиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Ин ҷашни муборак дар миёни тамоми ҷашнҳо ва кулли чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ аз аҳамияти хоса бархурдор аст, чунки Қувваҳои Мусаллаҳ кафолатбахши осудагиву амнияти кишвар ва мардуми он мебошанд. Фазои бунёдкорона ва зиндагии осудаҳолонаи мардум ба ҳастиву фаъолияти ин сохтори қудратӣ – яъне Қувваҳои Мусаллаҳ рабти бевосита дорад, бе чунин сохтор шояд, ҳеҷ давлате наметавонад мавҷудияту истиқлолияти худро нигоҳ дорад. Имрӯз мо мутмаин ҳастем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияту оромии мамлакатро таъмин карда метавонанд ва қодиранд, ки аз ҳама гуна таҳдид ва хавфу хатар ба истиқлолияти кишвар, сулҳу субот, осудаҳолии халқ ҷилавгирӣ намоянд.
Аввали солҳои 90 – уми асри гузашта, вақте ки кишварамон ба истиқлолияти давлатию миллӣ соҳиб шуд, нахустин иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ буд, зеро вазифаи истиқлолиятро ҳифз намудан маҳз бар дӯши ин сохтори қудратист. Дар он рӯзҳои сангин барои миллат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин корро аз сифир оғоз кард, чунки он шабу руз на маблағе дар буҷа вуҷуд дошт, на мутахассиси соҳа ва на ягон базаи модди аз давлати Шӯравӣ мерос монд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ меъмори таъсис ва ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Бо гузашти 27 сол ва ғамхории бевоситаи роҳбарияти Олии мамлакат ва иродаи матини ҷавонони Ватан заминаи моддию техникии Қувваҳои Мусаллаҳ хеле таҳким ёфта, омодагии ҷисмонию касбии афсарону сарбозони мо ба маротиб афзуд. Ҳамаи ҷузу томҳои зарури таъсис дода шуданд. Дар нооромиҳо ва даргириҳо маҳорату малакаи ҷангии неруҳои ҳарбии мо сайқал ёфта, ҳоло артиши миллии мо қодир аст, ки дилпурона марзу буми мамлакатро ҳимоя намуда, ниятҳои барқасдонаи ҳар як душмани миллатро барбод диҳад.
Хизмат ба Ватан, адо кардани қарзи фарзандии худ барои ҳар як ҷавону наврас муҳимтарин ва муқаддастарин вазифаи маънавӣ маҳсуб мегардад. Ҷавонони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон аз он ифтихор доранд, ки таҳти солҳои охир вилоят аввалин шуда дар рӯзҳои камшумортарини рекорди аз иҷрои нақшаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда мерасонад. Хизмат дар сафи нерӯҳои ҳарбии кишвар худ як мактаби мардонагию шуҷоат, ватандорию худшиносӣ ва фидокорӣ буда, дар тарбияи ҷавонон нақши муҳим мебозад. Ҳифзи Ватан, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст, ки дар ин кор наврасону ҷавонон нақши пешсафӣ дошта, пешгоми ҳамагон мебошанд.
Имрӯз, тавре мебинем, барои хизмат дар сафи артиши миллӣ тамоми шароиту имкониятҳо мавҷуданд ва ҳамчунин барои омӯзишу такмили маҳорати касбии ҳарбиён Донишкадаи ҳарбии назди Вазорати мудофиа, мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Омӯзишгоҳи олии ҳарбии қушунҳои сарҳадӣ фаъолият менамоянд. Дар заминаи созишномаю қарордодҳои имзошуда ҳарбиёни мамлакат касбият ва малакаи худро дар давлатҳои пасошуравӣ ва дигар кишварҳои хориҷа такмил медиҳанд. Имрӯзҳо бисёр хизматчиёни ҳарбӣ дар Русия, Ҳиндустон, Хитой, Олмон, Британияи Кабир, Амрико ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд, ки ин ба сатҳи баланди касбӣ расидани иқтидори қисмҳои ҳарбӣ мусоидат мекунад. Ба ин мақсад Пешвои миллат дар Паёми ироа гардида ба Маҷлиси Олии мамлакат ба ин маънӣ ишора кардаанд: “ Вазъи сиёсии тағйирёбандаи сайёра ва минтақа омодабошии ҳарбӣ ва тайёрии доимии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳро тақозо менамояд. Хизматчиёни ҳарбиро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳанд ва донишу малакаи касбии худро пайваста баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои фавқулоддаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд”.
Ҳамаи афсарону сарбозони диловари Ватанро бо рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳтироми тамом табрику муборакбод менамоям, барояшон сиҳатӣ, хотири хуш, дар пешбурди вазифаи муқаддас – ҳимояи Ватан ва таъмини амният пирӯзиву комгориҳо хоҳонам!

Шараф ба хизматчиёни ҳарбии баномусу ғаюри Ватан!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *